АГАР ЗАН МУХОЧИР БОШАД…

 


Занњои муњољир-3


 


Хазони як орзу


Фаришта бо шавњараш барои муњољират ба  шањри Питер рафту тулии ду сол он љо монд. Додаршуяш љое кор намекард. Њамеша байни уву додаршуяш љанљол буд. Сабабаш кор накардани додари шавњараш, ки њамеша аз њисоби янгаву бародараш зиндагї мекард, буд .  Рўзе њангоми дар кор будани шавњар боз байни янгаву додаршў љангу муноќиша оѓоз ёфт. Додаршуйи бадљањл берањмона янгаашро таги мушту лаѓад гирифта бо руймоли сараш гулуи уро буѓи карда ба тарафи ташноб љасади аллакай ниммурдаи уро кашола кард. Баъди 15 даќиќа аллакай дар чењраи янгааш осори њайёт дида намешуд. Оиди ин куштор делои љиної кушода шуд. Аммо ќотил њамоно исбот карданї мешуд, ки ў гуноње надорад ва янгаашро бо бемории руњї гунањкор карданї мешуд. Хешовандони шавњари зани бегуноњ низ ин фарзияро тарафдорї карда гуфтанд, ки гуё  Фаришта бемории љунун доштаасту њангоми ављ гирифтани беморї   худкушї   кардааст. Љасади Фариштаро падару модари дилсухта аз фурудгоњ гирифта њељ бовар намекарданд, ки духтари 32 солаашон бо доштани се фарзанди кучаку дустру даст ба худкушї зада бошад.


 


Бандии сиганњо


Раъно, ки дусти наздики ман аст, ба наздикї воќеъаеро наќл кард, к ибо шуниданаш дар тани кас  вараљља медамад.


Бо умеди коркоби эълонеро дар куча мебинаду раќами телефони онро навишта мегирад.  Ба он раќам занг зада хоњиши кор карданашро мегуяд. Ба ў нишониро медињанд. Раъно кофта-кофта ба загород(берун аз шањр) меравад. Ўро хонаводаи сиганњо пешвоз гирифта мегуянд, ки ба онњо хидматгор даркор аст, ки њам ба кудакон нигоњубин кунаду њам ба ањли хонавода хўрок пухта бидињад. Маоши як моња 20000 рубли русї аст. Раъно розї мешавад. Кудакони ифлосаку хонаи буйгинро дида аз розї шуданаш пушаймон мешавад. Аммо «ку як бинам, чи мешавад» Раъно ба хурокпазї оѓоз мекунад. Зани хонавода пеши у 2 килло гушти хугро монда гуфт, ки аввал кабоб пазад. Раъно кабобро тайёр карду ба шустушуйи либоси кудакон пардохт. Ин хонаводаи сиганњо аз 7 нафар иборат буданд. Либосњоро кашол карду акнун дам гирифтанї шуд, ки бобои хонавода як муйсафеди фарбењ фармон дод, ки об монда пойњои уро шуяд. Раъно об гарм карду аммо гуфт, ки пойњояшро худаш шуяд. Сипас зани хонавода назди ў омаду гуфт, ки хўроки дуввумро пазад. Раъно ба пухтани макаронкабоб пардохт. Хуллас рузи аввали корї Раъно то бегоњї зиёда аз 5 намуд хўрок пухт. То соати 1 и шаб ў њељ бекор нашуд.  Субњ уро соати 4 бедор карда гуфтанд, ки аз паси кор шавад. Раъно пушаймон субњ ба соњиби хона гуфт, ки ў бояд ба шањр равад. Аммо соњиби хона дуѓ зада гуфт, ки акнун ў хидматгори онњост. Раъно тули  15 рўз дар ин хона мењнати сангин карда њељ пайти мувофиќе намеёфт, ки гурехта равад. Рўзе њангоми набудани зани хонавода ў бо бањонаи оббиёрї ба љангал рафту дигар пушташро нигоњ накарда гурехт..


Ќурбонии скинхэдњо


Ин воќеъаи хунинро тамоми муњочирони шањри Питер ба хубї дар ёд доранд. Се сол пештар духтараки тољик њангоми аз дарс ба хона баргаштанаш дар подэзди бино дучори скинхэдњо мегардад. Њамон рўз таърихи 22 юми апрель буд. Ин рўз барои скинхэдњо рузи махсус мебошад. Онњо туда-туда шуда дар кучањои Питер мегарданд. Ва агар ин лањза тољику узбеке ё  озарие ногањонї дучори роњи онњо гардад, берањмона уро назди атрофиён ќатл мекунанд. Гуё ин рўз зодрўзи Гитлер асту бояд њатман ягон мардуми сияњљурдаро ќатл бикунанд.  Њамин руз донишљуйи яке аз донишгоњњои Питер Заринаро дар ошёнаи якуми бино берањмона бо арамтур ба сараш зада берањмона ба ќатл расониданд. Апаи Сомия-шоњиди ин њодисаи хунин чунин наќл кард:


-Ваќте, ки иљоранишинамро бо чењраи оѓуштаи хун дар якум ошёна дарёфтем, аллакай  ў мурда буд. Руйи дастонам љасадашро дошта фарёд кашидам ба љойи модари чашминтизораш….


 


Депортатсияи дуруѓин


Чавонзане аз ноњияи Куйбишев барои коркунї меояду  ба доми њамватане бо номи Кабир меафтад. Кабир зану фарзанд доштанашро аз Нилуфар пинњон карда  бо у никоњи мусулмонї мекунад. Нилуфар пас аз ду моњи зиндагї њомиладор мешавад. Кабир  рузе ногањонї гайб мезанад. Нилуфар ба љустуљуяш мебарояд. Аз ягон љо даракашро намеёбад. Рўзе аз ватан Кабир занг зада мегуяд, ки «маро дастгир карда аз Питер ба ватан депортасия карданд. Ту кудакро нест куну аз пайи зиндагии худат шав. Ман зану фарзанд дорам . Ту барои Русия даркор будї» Нилуфар пас аз шунидани њаќиќати талх намедонист, ки ба куљо мурољиат кунад. Соњиби хона барои пули иљораро надодан аз дар берунаш кард.  Зани савобљуйи тољике пайдо шуду Нилуфарро ба хонааш бурд. Тифлашро  њамин  љо таввалуд кард. Баъди тавлиди тифл нафарони бефарзанди зиёде пайдо гардиданд, ки тифлро харидорї намоянд.  Аммо Нилуфар розї нашуду ба ватан занг зада аз модар маслињат пурсид. Модар гуфт, ки бе ин њам зиндагиашон ќашшоќона асту  тоќати гирифтани тифли уро надорад. Холаи бефарзандаш тифлро гирифтанї шуд.  Тифлро ба воситаи шиносе ба  ватан интиќол доданд. Њоло Нилуфар  дар тарабхонае ба њайси косашу кор мекунад.


         Дар љустуљуйи шавњар


Саодат баъди 7 соли интизорињо ба кофтукоби шавњари мардикораш баромад. Бо худаш фарзандони калониаш Хуршеду Сарварро гирифт. Шавњараш дар бозори Сеннойи шањри Питер  ба хариду фуруши мањсулоти хурока машѓул буд. Ў зану фарзандонашро дида лањзае дасту по гум   кард. Сипас ба сари онњо дуѓу пуписа карда гуфт, ки  «равед аз ин љо, ба зиндагии оромонаи ман халал нарасонед, ман зану кудак дорам ин љо»


Писарон ки аз падар чунин муомиларо интизор набуданд, њайрону музтар монданд.  Модар нангу номус карда гуфт, ки майлаш ту зиндагии худатро бубин, ман бо фарзандонам пул кор карда барои хонахарї пул захира мекунам. Дигар ба ту  барин марди беномус коре надорам. Њоло апаи Саодат бо писараконаш дар бозори Сенной ба меватозакунї машѓул аст. Зану шавњар дар як бозор кор мекунанд, аммо бо њам бегонаанд…


Марги модар


Насибаро модар ногањонї дар хонаи иљора вафот карду у доду фиѓон бардошта њамсояњоро ба ёрї фарёд кард. Аммо касе  то омадани мошини полису морг ба љасад наздик намешуд. Насиба зорї мекард, ки модарашро ба беморхона баранд, шояд њоло зинда бошад. Вале ин зани 57 соларо фишори хунаш якбора баланд шуда хун ба сараш зада ќалбашро кафонда буду кайњо љонаш баромада буд.  Насиба намедонист , ки љасади модарро ба ватан интиќол бидињад. Сурати модаро гирифта ба бозорњои тољикон кор мекардагї рафт. Суратро нишон дода асли воќеъаро гуфт.Њамин ваќт бародари хайрхоњ Неъмат уро дида наздаш омад. Гуфт, ки зиќ нашавад, модари тољикро бо тамоми расму русуми мусалмонї  ба ватан интиќол хоњанд дод.  Насиба гирякунон ба Неъмат миннатдорї намуд. Рўзи дигар   љасади   модари тољикро бо  ватан бо њамроњии духтараш интиќол доданд.


Тўњмат


Зебо дар маѓозае ба њайси хазинадор кор мекард. Забони русиро хеле хуб медонист. Кораш хуб, маошаш баланд буд. Аммо рўзе…


Дар касса камомади калон шуду айбро ба сари ў заданд. Њарчанд ў ќасам мехурд, ки ин кори ў нест, касе  бовараш намекард. Зеборо њамкорон ба суд доданд. Аз руйи ин камомади пулї делои љиної кушода шуд.  Зебо барои исботи бегуноњиаш чора љуст, наёфт дар ин шањри ѓариб. Зеборо бо туњмати дуздї ба муддати 1, 5 сол аз озодї мањрум сохтанд. Дар њамон маѓоза дигар муњољирзанони тољикро ба кор намегирифтанд..Њарчанд Зебо бегуноњ њам бошад…


 


Шоњид


Шоираро њамчун шоњид ба прократура даъват карданд. Асли воќеъа чунин буд. Дар хонаи иљорае, ки Шоира зиндагї мекард, зану шавњари шаробхоре зиндагї мекарданд. Он шаб Шоира аз кор беваќт баргашту ба  ошхона даромада дар чойник руйи газ ба худ чой монд. Аммо аз хастагии зиёд ба зани аллакай кушташуда ки бењаракат руйи стули ошхона менишаст, назар накарда ба хонаи хобаш гузашт. Он ќадар хаста буд, ки зани ќатлкардашударо мушоњида накард. Њамин тавр мондани обро фаромуш карда хобаш бурд. Нисфишабї уро кормандони полис дод зада бедор карданд. Дар прократура њарчанд ў мефањмонд, ки ў хаста ба хона баргашта касеро надидааст, аммо њамоно прокурор уро пурсуљу мекард. Асли куштор чунин рух дода буд:


Зану шавњари майхора он бегоњї дусти њамќадањашон Русланро ба хона даъват карда буданд. Байни Руслану соњибхона љанљол бармехезаду ў дар њолати мастї  ба гардани зан корд зада гурехта меравад. Шавњараш занашро дар ин њолат дида тарсида аз хона баромада меравад. Шоираро то рушан кардани љинояткори аслї он ќадар фишор оварданд, ки ќариб даст ба худкушї занад…


Шањлои Наљмиддин.


 


 


 


 


                       


 


       


 


 


 

Напишите свой комментарий