АГАР ЗАН МУХОЧИР БОШАД….

 


АГАР ЗАН МУЊОЉИР БОШАД…


Кокулон ба ивази 50 доллар


Гулракат кокулони дарозе дошт. Аммо рўзе дар Питер бекор монду ба кошонаи њусн рафт. Кокулони дарозашро ба ивази 50 доллар фурухт. Вале баъди чанде сахт аз кардаи хеш пушаймон шуд.Дигар пушаймонї суде надошт…


 


СМС-марг


Апаи Сомия он рўз дар кор буд. Аммо ногањонї ба телефонаш смс омаду ў баъди хондани он дар љояш мисли барќ задагї карахт бимонд. Аз Тољикистон навишта буданд, ки «модарамон шабона аз беморї аз олам гузашт апаљон. Дар калонсолї ятим мондем»


Ин смс-марг  ќалби Сомияро ду пора сохт. Вале љойи кораш љое буд, ки раисаш хеле сахтгиру берањм буд. Њамин ваќт раиси маѓоза наздаш омада пурсид:


-Ња, боз чї гиря дорї?


-Модарам дар ватан вафот кардааст…-базур. нимшунаво  Сомия ин суханонро ба забон оварду беихтиёр инони гиряро сард од.


-Шуд акнун, шумо тољикон фаќат проблема доретон. Аз пайи корат шав, шабона ба хона рафта фиѓонатро мекунї.


Сомия ин њангом гиряашро нигањ дошта натавониста ба суйи ташноб рафт. Он љо паст-паст фиѓон карда алами дилашро каме   холї  кард. Сипас  аз пайи кораш шуд бо фиѓони дарунї. Агар њозир аз кор љавоб гирад, њамин тавр раисаш аз кор пеш мекунаду у бепул мемонад. Ба ватан барои маъракањои худоии модари азизаш пул фиристодан даркор. Вагарна хоњарони камбаѓалаш маъракањои модаро назди дусту душман гузаронида наметавонанд…


Бозори занонаи мардикорон


Дар шањри Санкт-Петербург бозори Сафийский фаъолият дорад, ки  дар он љо асосан тољирон аз њисоби мардуми озариву арманї аст. Субњи солењон ин љо занони муњољири молдавиву тољику узбекро мушоњида кардан мумкин аст, ки ќатор истода мунтазири мошинњои калони фура  меистанд. Мошинњои мањсулоти меваву сабзавот  њамин ки омад, занњо мисли корвони мурча суйи он медаванд. Тољирон сабзавотро фароварда ба њар як яшики тозакардашуда нарх мемонанд. Гоњњо байни занњои муњољири тољику узбек барои кор љанљол мешавад. Рўзе зани молдавие омадани мошини фураро аз ќафояш надида монду бехабар таги мошин монд. Љисми реза-резаи уро пеши чашми њамагон љамъ карда ба морг бурданд. Ин зан 43 сола буда дар зодгоњаш 4 фарзанд дошт….


Ин хок фиребост, аммо хоки ватан нест…


Зарафшон субњи солењон барваќт хесту барои шавњараш ноништа тайёр кард.


Сипас дар тараддуди корравї  шуд. Дина чипта харид барои ба ватан рахсипор шуданд. Охир се сол боз ба ватан нарафта буд. Зану шавњар аз рузи аввали омаданашон ба шањри Питер ният карданд, ки то пули як хонаро љамъ накунанд, харгиз ба ватан нахоханд рафт. Се фарзанди азизашро ба модар монда рафта буд. Љигарбандонашро ба ёд оварда дилаш гум зад. Мехост кабутар шаваду парвоз кунад суйи ватан ва азизонашро ба огуш кашида бибуяду бибусад, бибуяду бибусад…


 


Зарафшон ба гушаш нокили телефони мобилиро монду суруди хунарманди дустдоштааш Саторо гуш карда, хайёлан ба Точикистон парвоз намуд. Ана , чигарбандонаш ба истикболаш мешитобанд. Модари пираш хам, баробари онхо ба истикбол баромада , шамол руймоли сафедашро охиста алвонч медихад. Зарафшон метозад ба истикболи чигарбандонаш ва садои бошаст омадани электричка Зарафшонро аз олами хайл, аз Точикистон якбора канда кард….


 


Вай ки интизори омадани электричка истода, беихтиёр ба олами хаёлот фуру рафта буд, наздик омадани электричкаро надида монд. Садои гушхароши ачал дар симои электричка вакте Зарафшонро ба худ овард, ки дигар имкони гурехтану рахои ёфтан аз панчаи тавонои аждахои марг намонда буд. Аждари марг-электричка чавонзани дар фироки ватан чигаркабобро дар як лахза зери чархи худ печонида чону руху орзухои варо бо хоку хун олуда намуду ба олами нести бурд.  Плеере , ки Зарафшон хамрохаш дошт, ба гушае хаво хурда, хамоно аз он садои дардолуди Сатор танинандоз буд:


 


Ин хона кашанг аст, вале хонаи ман нест,


Ин хок фиребост, вале хоки ватан нест.


 


 


Бародар Неъмат барои он, ки дасти номахрам бар тани як майитаи точик нарасад, каминаро бо ду нафар занхои мусалмони точик хохиш кард, ки бо коидаи мусалмони уро шуем. Часади ин чавонзани 33 соларо кафанпеч намуда ба ватан фиристоданд…


 


Зани фиребхурда


Љавонзане барои коркобї ба бозори Апрачка омад. Бо њамватане шинос шуд. Ин њамватан худро таќводор тарошида ба ў ваъда кард, ки љойи кори хубаш меёбад. Вале барои љойи  кори хуб зиёда аз 5000 рубли руси даркор будааст барои «хозяин». Зани сода ба ў бовар карда рафта аз њамхонааш пул ќарз гирифта оварда ба ў дод. Аммо аз пулгирии  ин бародари њаннот ду моњ гузашту њељ не, ки ў барои зан коре ёбад. Оќибат ба дили зан ин њама найрангњо заду у барои пулаш омад. Мард шарм накарда гуфт, ки «кадом пул, ман умуман туро намешиносам»Ќањри за н


омаду омада назди дигар мардуми бозор гуфт:


-Ба ту барин гадо бахшидам панљњазорро.


 


Занњои тољик дар загород(берун аз пойтахт)


Мавзуна, Рањима, Файзигул дар загород ба картошкачинї машѓул буданд. Њамин ваќт доду войи муњољирзанони узбек баромаду њама ба он тараф давиданд. Зани муњољири узбеки синну солаш рафта руйи замини картошка печу тоб хурда корди ба синааш бархурдаро гирифтанї мешуд. Мавзуна нотарсона наздик шуда кордро аз синаи у кашида баровард. Аммо то ба беморхона расидан зан вафот карда буд. Сабаби муноќишаи хунин љуякњои картошка будааст. Зани украиние бо зани узбек љанљол карда мегуяд, ки ин љуякро у мечинад. Аммо зани узбек њам сар намефарорад. Дар натиља зани украинї  ба суйи  ў бо корд  медаваду ба синаи у чанд зарбаи марговар мезанад.


 


Фиреби фирмањо


Дар кучаву истгоњњои шањри Питер эълонњое вомехуранд, ки  махсусан духтарони зебои осиёи миёнаро ба кор даъват мекунанд. Ва дар эълон ќайд гардидааст, ки новобаста аз миллат зебої, ќадду ќомат наќш мебозад. Синну сол њам набояд аз 25 боло бошад.


Духтараке аз Тољикистон, ки  дар сини 19 солагї баъди издивољи барваќтї  аз шавњар људо шуда ба Русия омада буд, ин эълонро дида ба он раќамњо занг мезанад. Ба фирмаи даъватшуда меравад. Пеш аз ба суроѓаи мерафтагиаш рафтан ба дугонааш занг зада мегуяд, ки љойи кори зуре ёфтааст. Дигар то имрўз касе на зиндаву на мурдаи уро дидааст. Бенишон ѓайб задаст.


Духтараки дигар аз шањри Самарќанд, тољикзабон дар сўњбат бо ман наќл кард, ки ба яке аз чунин фирмањо ба кор мераваду аввал уро њамчун манбаи интернетї барои шањватронии виртуалї истифода мебаранд. Баъд мегуянд, ки акнун бояд њамроњи дигар духтарон ба Дубай равад. Аммо духтарак бо фиреб аз коргоњ мебарояду худи њамон руз чипта харида ба Узбекистон меравад. Шањрванди Молдавия, Анна бошад ба доми онњо низ бехабар аз руйи эълон фитода ба кор медарояд. Аввалњо њамчун фоњишаи виртуалї кор мекунад. Баъд уро маљбурї ба шањри Маскав бурда ба арабњо мефурушанд. Оќибат бо фиреб ў њам гурехта ба ватанаш меравад.


Марди далла


Њастанд , бадбахтона мардњои беору номуси миллатамон, ки ба «папа-роза»-гї машѓуланд. Аз њисоби љалб сохтани занњои зебо ба фоњишагї , гоњњо бо роњи фиребу найранг, гоњњо бо бо роњи ихтиёрї  онњо зиндагии шоњонаи имрўзи худро месозанд. Яке аз онњо  Њабиб буд, к и  бо ду љавони арманї дар шањри Питер ба даллагї машѓул буд. Духтарони зебои муњољирро аввал бо бањонаи кор ёфтан шинос мешуду сипас ба шањрњои Русия ба фоњишагї мефиристод. Шиносномањояшонро гирифта  тањдид  мекард, ки то ваќти муайян хизмат мекунанду сипас ваќти мусоид онњоро ба ватан мефиристонад. Вале кормандони амният чорањои зарурї  сари ваќт андешида уро дастгир карданд  ва  њоло ин беимон дар мањбас аст.


Гунањкори бегуноњ


Занеро бо љурми дуздї ба мањбас гирифтанд. Зан дар толори суд фиѓон кунон мегуфт, ки ў гуноње надорад. Касе ба сухани ин зани бегуноњ эътиборе   намедод. Дар асл, соњиби хонае ки зан хидматгор буд, уро барќасдона ба дуздї туњмат карда буд. Писари соњиби хона, ки њамеша масту махмур буд, гоњњо аз модар пинњонї пулњои модарро медуздид. Рўзе ин дуздии уро зан диду ба модараш рафта расонид. Акнун байни модару писар љанљол сар шуд. Зани хидматгорро ,  писари соњиби хона чашми дидан накард. Шабе дар таги болишти ў ноайён ангуштарини ќимматбањои модарро бехабар гузошту субњ ба модар гуфт, ки шояд ангуштарини гумшуда дар хонаи хоби хидматгорзани тољик бошад. Њарчанд   Мањина  мефањмонид, ки у гуноње надорад. Чун дар ин шањри ѓариб касе  надошт, оиди ин њодиса делои љиної кушода шуд. Зани бегуноње боз зиндонї шуд…


Шањлои Наљмиддин.


 


 


 


 


 


 


 


 


 


 


 

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *