imagesМақолаи мазкур ба онҳое бахшида шудааст, ки дар мактаб интернатҳо таълиму тарбия гирифта, зиндагӣ карда, баъди хатми мактаб интернат ба ҳаёти мустақилона қадам мондаанд.

Ҳастанд дар ҷамъияти мо  онҳое, ки бе парастори падару модар мондаанд. Онҳоро мо кудакони ятим ё бепарастормонда эътироф кардаем.

Баъди 18 солагии худ ва хатми мактаб интернат, ки хона ва оиларо ба кудак иваз мекард, кудак, ки аллакай шахси болиғ ва калон хисоб меёбад, ба ҳаёти мустақилона қадам мемонад. Ин гуна шахсҳо чи кафолат ва ҳуқуқ дорад? 

Мохи марти соли 2015 Қонуни нав «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК» қабул гашт, ки аз ҷумла масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кудакони ятим ва бепарсторро ба танзим медарорад.

Масалан Қонун кафолат медиҳад, ки Кӯдакони ятим ва бепарастор ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимию варзишии давлатӣ ройгон ба варзиш машғул шаванд.

Кӯдакони ятим ва бепарастор ҳуқуқ доранд ройгон аз нақлиёти ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба ғайр аз таксӣ), инчунин нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд

Давлат ба кӯдакони ятим ва  бепарастор  ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниашон ёрии ҳуқуқии ройгонро кафолат медиҳад.

Агар ба яке аз ҳуқуқҳои асосии кудакони ятим ва бепарастор — ҳукук ба мандиз баъди хатми мактаб интернат нигарем,images-1 моддаи 16 Қонуни мазкур муқаррар мекунад, ки ҳуқуқи кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори дар хона-интернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ё тиббӣ қарордошта ба манзил нигоҳ дошта мешавад, инчунин онҳо ҳуқуқ доранд аз манзили истиқоматӣ (хобгоҳ) истифода баранд ва дар сурати мавҷуд набудани ҷойи зист мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани манзил ҳуқуқ доранд.

Инчунин ба кӯдакони ятим ва бепарастори манзили истиқоматӣ надошта барои сохтмони манзили шахсӣ дар қитъаи замини ба онҳо ҷудокардашуда қарзҳои имтиёзноки мақсаднок дода мешавад. Тартиби додан ва андозаи чунин қарзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  менамояд (моддаи 37 Қонун).

Бояд дар хотир дошт, ки  кафолату ҷубронҳое, ки барои кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар шудаанд, тибқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба балоғат расидани онҳо низ нигоҳ дошта мешаванд (моддаи 36 Қонуни). 

Дар охир қайд кардан зарур аст, ки Қонуни мазкур инчунин ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил ва хифзи саломатиро мустаҳкам менамояд. bez-nazvaniya

Что вы думаете об этом?