ҚАБРҲОИ «ПУЛАКӣ»-И МУҲОҶИРОНИ КУШТАШУДА


Дар шаби иди масеҳиён Пасха ё эҳёи Исои Масеҳ, ки дар поёни давраи рӯзадории онҳо дар ҳузури ҷамъ бо кулчаҳои идона ва тухмҳои рангшуда, таҷлил мешаваду масеҳиён дар ин рӯз бо нидоҳои «Исо зинда шуд!» ҳамдигарро шодбош мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.

ИмрӯзNews

Дар ин бора сомонаи Ҷумбиши умумиирусии «Муҳоҷирони кории тоҷик» хабар додааст. Бинобар иттилоъи ин сомона, 15-уми апрели соли ҷорӣ ба телефони боварии онҳо Ҷаҳоннамо Набиева, як зани 33- сола, ки истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат будааст занг зада, ҳодисаи шаби Пасха ба сарашон омадаро мерасонад. Ба гуфтаи Ҷаҳонамо Набиева: «Шаби 14-уми апрел дар хонаи истиқоматиашон барқ хомӯш шудааст, Фирӯз Бӯриеви 24- сола ба даҳлез барои тафтиши хатти интиқоли барқ мебарояд. Дар даҳлез ӯ аз зарбаи сахт ба сараш меафтаду се мард бо нидои «Политсия!» ворид хона мешаванд. Онҳо ба таппонча, шаҳодатномаҳои сурх нишон дода, таҳдид мекунанд, ки ҳама дар ҷойҳояшон шинанд. Баъди лаҳзае, яке нафар аз ҳамалгарон, ки дар даст корд доштааст ба ҳуҷраи дигар мегузарад. Дар ҳуҷраи дигар Қудратулло Пираҳмонов, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Рудакӣ нишаста буда аст. Ҳамлагаре, ки дар дасташ корд дошт, ба сӯйи ӯ ҳуҷум карда, дар тарафи дилаш корд мезанад. Қудратулло меафтад ва ҳар се ҳамлагар аз хона мегурезанд. Ҷаҳоннамо Буриева аз пушти онҳо давида, ба берун барои кӯмак мебарояд ва мебинад, ки ҳамлагарон ба автомошинаи тамғаи «Лексус» шишта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Бинобар гуфтаи шоҳидони ҳодиса аз ҳамлагарон ду нафараш чеҳраи славянӣ дошта, сеюмӣ ба мардуми қафқоз монанд будааст».

Ба гуфтаи шоҳидон, чанд дақиқа баъд аз ҳодиса кормандони политсия омада, хонаро тафтиш менамоянд ва ҳамаи шоҳидонро барои пурсупос ба идораи политсия мебаранд. Гуфта мешавад, мақомот шоҳидонро то ҳол дар идораи пулис нигоҳдорӣ мекунанд. Аз онҳо танҳо ду нафар зани муҳоҷирро ҷавоб додаанду халос.

Қудратулло Пираҳмонов бошад, бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи шаҳри Звенигород мебаранд. Ҷабрдида дар беморхона аз сабаби ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат мерасад. Пулиси Русия аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар ҳоле, ки хабаргузориҳои Русия ҳамеша аз ҷиноят содир кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳанд дар пайи ин ҳодиса рӯзи гузашта хомуш буданд. Маълум аст, ки ҷиноят дар ин ҳодиса аз ҷониби на тоҷик балки шояд шаҳрванди Русия содир шуда бошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳам то ҳол нафареро бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир накарданд. Ба гуфтаи нафарони огоҳ мақомти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар пушти ин ҷиноят дасти тоҷикиро мекобад.

Дар пайи ин ҳодиса ва боз шудани парванда мо ба Каромат Шарипов раиси Ҷумбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони кории тоҷик», ки хабар ҳам дар сомонаи онҳо ба нашр расидааст муроҷиат кардем. Номбурда мегӯяд: «Кормандони Кумитаи тафтишотӣ бовар надорад, ки ин ҷинояти одамкушӣ аз тарафи дигар миллатҳо содир шудаст. Онҳо фикр мекунанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистонро худи тоҷикон куштаанд».

Дар пайи қатлу ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар Русия масъулини намояндагони Тоҷикистон дар Русия аз он изҳорӣ нигаронӣ мекунанд, ки дар баъзе ҳолатҳо хешовандони нафарони ҳалокшуда аз онҳо даст мекашанд.

Сомонаи Ҷумбиши умумиирусии «Муҳоҷирони кории тоҷик», дар мавриди аз гирифтани ҷасади як муҳоҷири тоҷик даст кашидани хешовандон навишта аст: «Шаҳрванди Тоҷикистон, аз маҳаллаи «Аэрапорти куҳна» Маҳмадбабаев Олим Убайдуллоевич, соли тавваллудаш 6.01.1958 дар шаҳри Санкт-Петербург бо сабаби сактаи қалб ба ҳалокат расид. Вақте масъулин ба хешовандонаш занг зада хоҳиш кард, ки ҷасади ин бародарашонро бигиранд. Онҳо аз гирифтани ҷасади Олим даст кашиданд. Ноилоҷ масъулин ва чанд нафар муҳоҷирони дигар ҷасади ин ҳамватанро кафан карда, ҷаноза хонда дар қабристони мусулмонон гурониданд».

Масъулини иттиҳодияҳои тоҷикистонӣ дар Русия, ки бо муҳоҷирон сару кор доранд мегӯянд, бештари вақт дар Русия чунин ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки соҳибони ҷасад аз мурдаҳои худ даст мекашанд. Сабаби якум шояд ҳамон маблағ бошад, зеро мо мурдаҳои худамонро аз сардхонаҳои Русия бо пул харидори мекунем ва ба ин маблағ на ҳама дастрасӣ доранд, мегӯянд намояндагони муҳоҷирон.

Иззат Амон, раиси созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки чанд соли охир бо муҳоҷирон дар Русия сару кор дорад, ба ИмрӯзNews гуфт: «Шумори зиёди мурдаҳои тоҷиконро мо дар қабристони вилояти Твери Федератсияи Русия дар қабирстони тоҷикон мегӯронем. Барои то инҷо бурдани ҷасад низ маблағи зиёд лозим аст. Ва яке аз проблемаҳои асосиҳам ин набуди маблағ мебошад. Вале хешовандоне ҳастанд, ки беаҳамиятӣ меккунанд ва думболи ҷасади хеши худашон намераванду намегиранд. Сабабҳои рад кардани хешовандон аз ҷасадҳои наздикони худ дар ин кишвар зиёданд».

Ҳамчунин Иззат Амон аз як ҳодисаи марги муҳоҷир ёдовар шуда мегӯяд, «соле пештар вақте барои гирифтани як ноболиғи 17-сола ба сардхонаи Измайловскийи шаҳри Маскав даромадаму мурдаи ҷавонро берун овардам, модари он ҷавон ҷасади фарзандашро диду дилаш зада ҳалок шуд. Мо дигар намедонистем, ки хешу табори инҳо киҳоянд ва аз куҷо пайдо мекунем. Вале касеро аз хешовандони онҳо пайдо накардем ҷасадҳоро дар қабрстони вилояти Твер бурда гӯр кардем».

Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҷасади муҳоҷирони тоҷикро наметвонанд вақтҳои ахир дар гӯристони мусалмонон ба хок супоранд. Чун ки масъулни қабристони мусалмонон аз онҳо маблағҳои ҳангуфт талаб мекардаанд.

Иззат Амон мегӯяд: «Тақрибан як моҳ пештар, як ҷавони 22 сола, ки дар морги Митинои ноҳияи Маскав хобида буд, аз морг ба ман занг зада гуфтан, ки агар нагиред месӯзонем «кремироват» мекунем. Мо рафта мурдаро гирифтему бурда, дар қабристони русҳо гӯронидем. Зеро қабристони мусалмонҳо аз мо 150 000 рубл, ки баробар ба 6000 долар мебошад пурсиданд. Аз сабабе, ки қабристони русҳо аз мо пул нахост ҷасадро ҳамонҷо гӯронидем. Қабристони мусалмонон ба муфтиёти Русияи тааллуқ дорад, ки дар он қабристон танҳо тоторҳо иҷозаи гӯр кардан доранд».

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий