АБДУРАСУЛ МИРЗОЕВ ДАР МАҲБАС ИМОМАТӣ МЕКУНА

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, собиқи фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, дар як мулоқоти кутоҳаш бо хабарнигорон, ки дар муассисаи ислоҳии Ят 9/7 баргузор шуд, хоҳиш намуд, ки масъулин ё рӯзноманигорон аз ҳар шумораи рӯзномаҳояшон ё шумораҳои гузашта, ба маҳбусон ҳамчун хайрия фиристанд.

ИмрӯзNews

Ин вохӯриро дирӯз, 17 апрел, Изатулло Шарипов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкил кард. Субҳи барвақт рӯзноманигорон ба муассисаи Ят 9/7- и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъст, роҳ гиирфтанд.

Изатулло Шарипов ҳадафи аслии ин тасмимро огоҳии бештари хабарнигорон аз вазъи маҳбусон номид, ки гӯё бештар аз ҳолати бад будани онҳо дар берун сухан гуфта мешавад. Ба қавли сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дар бештар маврид хабарҳои нашршуда дар бораи вазъи бади санитарӣ, хурду хӯрок ва шиканҷа дар маҳбасхонаҳо асли воқеӣ надоранд. Аз ин хотир, Изатулло Шарипов аз рӯзноманигорон даъват намуд, то ҳамаро ба чашми худ бубинанд.

Нахуст хабарнигорон аз шароити қисми хоҷагидории ин муассиса дидан карда, бо ошхона ва ҷойи хоби маҳбусон шинос шуданд.

Бино ба гуфтаи масъулини ин муассиса, дар қисми хоҷагидорӣ 12 нафаре, ки бори нахуст ҷиноят содир намудаанд, адои ҷазо мекунанд. Ҳангоми дидан кардан аз ҷойи хоби онҳо дар рӯйи катҳо, ки ин нафарон хоб мерафтаанд, расм ва ҷиноятҳои содир намудани онҳо нишон дода мешуд.

Аксарияти ин 12 нафар бо моддаи 138 (таҷовуз ба номус)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста мешаванд. Дар ин қисм асосан маҳкумшудагон ба корҳои истеҳсоли «семенблок» ва пухтани хӯрок барои тамоми маҳбусони муассиса машғуланд.

Баъдан гурӯҳи журналистон аз боздоштгоҳи муваққати ин муассиса дидан намуданд. Дар ин муасиса ба рӯзноманигорон иҷоза дода шуд, ки ба дилхоҳ ҳӯҷра дароянд. Рӯзноманигорон ба яке аз ҳуҷраҳо, ки онҷо се нафар гумонбаршудаҳо қарор доштанд, ворид гаштанд. Ҳангоми суолу ҷавоб бо рӯзноманигорон онҳо аз ҳама ҳолатҳои муасисаи мазкур изҳори ризоият намуданд. Рӯзноманигорон аз маркази тиббии ин муасиса низ дидан намуданд.

Ҳамчунин рӯзноманигоронро ба муасисаи дигар бурданд, ки онҷо низ чанд нафар маҳбус ба сохтани гаҳвора ва сандуқҳо машғул буданд.

Ҳангоми дидан намудан аз ин муасиса, Изатулло Шарипов аз байни маҳбусон ду нафарро ба наздаш хонда, бо рӯзноманигорон шинос намуд. Онҳоро Аскаров Саидаброр ва Давлатов Назар муарифӣ намуд. Изатулло Шарипов, гуфт:

«Ин ду нафар дар куштори собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб Сангинов дар соли 2001-юм даст доранд. Онҳо 5 нафар буданд. Ман шахсан, ки он замон сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе будам, онҳоро дастгир кардам».

Аскаров Саидаброр гуфт:

«Соли таваллудам 28-уми декабри 1968-ум аст. Аввлан ман ҳукми қатл гирифтам, баъдан ҳукмамро ба 25 сол иваз намуданд».

Аскаров Саидаброр ва Давлатов Назар аз Изатулло Шарипов хоҳиш намуданд, ки онҳоро барои як суҳбат қабул намояд ва баъди лаҳзае онҳо дар саҳни ҳавлии муасисаи бо Изатулло Шарипов суҳбат мекарданд.

Баъдан рӯзноманигоронро ба бинои маҳбас бурданд, ки онҷо нафарони ретседивист қарор доранд. Пеш аз рафтан ба ин муасиса, чун рӯзноманигорон огоҳ шуданд, ки дар он ҷо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, адои ҷазо мекунад, аз Изатулло Шарипов хоҳиш намуданд, ки барои як суҳбат бо вай имкон диҳад.

Изатулло Шарипов, бе ягон дудилагӣ рӯзноманигоронро ба пушти дари ҳуҷрае (камера) бурд, ки он ҷо Абдурасул Мирзоев маҳбасӣ аст. Баъди дидани рӯзноманигорон аз шароити ҳуҷраи Абдурасул Мирзоев барои як суҳбат супориш доданд, то ӯ аз ҳуҷрааш барояд.

Абдурасул Мирзоев, аз шумори 25 маҳбусест, ки шаби 22 ба 23 августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда, баъд аз ду ҳафта, дар таърихи 7-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Файзобод дастгир шуд. Баъд аз дастгир шуданаш, чун расмашро аз ВКД ба мо фиристода буданд, хеле нороҳат ва хаста менамуд. Ин ҷо бошад, вақте Абдурасул Мирзоев аз ҳуҷра (камера)-аш бурун шуд, хеле бардам менамуд. Дар ин муддат миёни рӯзноманигон ва Абдурасул Мирзоев суҳбати кутоҳе доир гардид.

Рӯзноманигорон: -Шароити Шумо дар ин муасиса чӣ гуна аст?

Абдурасул Мирзоев: -Худо баракаташон диҳад, шароит хеле хуб аст. Агар аз чунин шароит норизо бошем, дар пеши Худованд ҳам ҷавобгар мешавем.

Рӯзноманигорон: -Хешовандон Шуморо хабар мегиранд?

Абдурасул Мирзоев: -Бале ба қарибӣ хоҳарбузургам ва фарзандон хабарам гирифта буданд.

Рӯзноманигорон: -Намозатонро мехонед? Монеае дар ин самт ҳаст?

Абдурасул Мирзоев: -Худоро шукр, 5 вақт намозамонро мехонем ва ҳеҷ монеа дар мавриди намозхонии мо вуҷуд надорад. Дар ҳуҷраи мо се нафар аст. Ман имоматӣ мекунам.

Рӯзноманигорон: -Азонро баланд мегӯед?

Абдурасул Мирзоев: -Пайғамбари Худо (с) мегӯяд, «Шумо азонро дар ҳолатҳои зурурӣ баланд ва дар ҳолатҳои дигар паст хонед».

Рӯзноманигорон: -Дар намозҳоятон чӣ дуо мекунед?

Абдурасул Мирзоев: -Тинҷиву амониро.

Рӯзноманигорон: -Агар айни замон Шуморо Изатулло Шарипов қабул кунад, чӣ мушкилиро барояш мегӯед?

Абдурасул Мирзоев: -Барои муроҷиат кардан ба генерал (Изатулло Шарипов) ҳеҷ мушкилӣ надорам.

Рӯзноманигорон: -Шумо рӯзнома мехонед, агар ҳа, охирин матлаби хондаатон кай буд?

Абдурасул Мирзоев: -Бале, ҳамаашро ба қадри имкон мехонам. Охирин матлаби мутолиакардаам дар мавриди Низомхон Ҷӯраев буд.

Чун дигар суолҳо аз ҳар ҷониб дода мешуд, аз ӯ пурсида шуд, чӣ суол ё чӣ гуфтание дорад, ки мо рӯзноманигорон аз ӯ напурсидем.

Абдурасул Мирзоев гуфт:

«Мо ба қадри имкон, ба мутолиаи рӯзномаҳои даврӣ машғулем. Агар имкон бошад, аз нусхаи рӯзномаҳоятон барои мо фиристед».

Муассисаи ислоҳии Ят 9/7-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1939 сохта шуда, дар зиёда аз 70 соли фаъолияташ аввалин маротиба журналистон ба ин муассиса роҳ ёфтанд ва аз шароити будубоши маҳкумшудагон воқиф гаштанд.

Масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, аз сабабе, ки нисбат ба солҳои қаблӣ вазъи иҷтимовиву санитарии маҳбасхонаҳо хуб шудааст, дар ҳама ҳолат рӯзноманигорон метавонанд ба роҳбарияти ин ниҳод муроҷиат кунанд ва дилхоҳ муассисаро рафта, бо чашми худ бубинанд.
 

Что вы думаете об этом?