Бо фарорасии фасли тираммоҳ аз он сабаб, ки торики тез мефарояд телевизион тамошо мекунам, телевизионҳои точик. Ҳар боре ки ин корро мекунам на балки дам мегирам балки тамоман асабӣ мешаваму бпрхоста тамоман аз барқ телевизорро ҷудо мекунам. Он шахсоне ки антенаи моҳворавӣ надоранду маҷбуранд мисли ман телевизионҳои точикро тамошо кунанд хуб мефаҳманд.

Масалан телевизиони «Шабакаи аввал» ғайри хабар ягон барномаи хуб дорад? барои ман не.

Телефизионҳои минтақавӣ ҳангоми бегоҳ тамошо кардан, ё барномаҳои табрикоти бо клипҳое ки оиди он як китоби нафрати навишта мумкин аст… ё ки барномаҳои телевизионҳои дигарро нусха бардошта пахш менамоянд. Оиди рекломҳои гуногуни тақрибан 15 дақиқава як маротиба 5 дақиқагӣ, инашба гап нест тамоман)))

Як чиро қайд намудан мумкин аст, ки телевизиони Баҳористон як нав хуб назар ба дигар, вале ин танҳо барои кӯдакон.

Ман навиштани ин ягон корманди телеканалҳоро ранҷондани нестам, вале ҳақиқат ҳамин…