Чанд руз пеш ба худ қарор намудам, ки бо ҳамроҳии оилаи худ ба поитахти кишвар бо автомобили хеш равона шавам ва санаи 19 моҳи равон ин ба ман муяссар гашт,ки аз бархе тасаввуротҳои роҳ, каме бошад ҳам дар блоги хеш бинависам.

Худ роҳи Хуҷанд Душанбе чи тавре ки мо тахмин намудем 320 километрро дар бар гирифт. Роҳ то ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бисёр хуб буда баъди аз нақби он гузаштан вайронаҳои он ба назар мерасад, ки аз тарафи кормандони роҳ бо тези таъмир гашта истодааст.

Чи тавре ки ҳамагон хабар дорем соҳиби роҳ ширкати IRES мебошад, ки дар ин роҳ тарозуҳои худро гузоштааст. Ҳамагӣ дар ин роҳ 6 то тарозу ҷой дода шудааст. Якум нуқтаи маблағҷамъкунӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷой гирифтааст, ки ба автомобили ман категорияи якро додан, ки ин категория 2 сомони арзиш доштааст. Нуқтаи дуюм дар даромад  даромади Истаравшани бостони ҷойгирифтааст, ки инҷо аз мо 6 сомони ситониданд. Тарозуи навбати пеш аз баромадан ба нақби Шаҳристон ҷой гирифтааст, ки ин ҷой аз мо 23 сомони ситониданд. Хуллас боқимонда се нуқтаи маблағҷамъоварӣ дар тарафи Варзоб ҷойгирифтааст. Маблағи умумие ки танҳо барои рафт ба ширкат супорида мешавад 54 сомониро ташкил дод.

Дар ин роҳ 22 нақби хурду калонро шуморидем, ки дарозтарини он нақби ВАЙРОНАи Анзоб буда 5 киломерт тӯл дорад. Нақби Дӯстӣ ва Шаҳристон шароити хуб дорад. Боқимонда нақбчаҳо ин дар ҷойҳои сангфаро бунёд гаштааст.

Оиди шароити нақби Анзоб ба фикрам ҳама хабар доранд. Ба он шахсоне ки адреналини худро баланд карданин аз ин ҷой бо автомобили худ гузаштанро тавсия доданиям. Агар киномотографияи тоҷик филмҳои ваҳмоварро сабт менамуданд ҷой тайёр мебошад, ки ҳатто ягон хел декоратсияҳои иловагӣ лозим нест. Ҳамаҷо торик чароғ танҳо дар 150 метр 1 то хурдакак менамояд. Нақб пур аз об буда дар бисёри ҷойҳояш арматураҳои аз роҳ баромадаистода ба назар мерасад, ки дар обҳои он ҷо автомобилҳо ҳамчун кишти равон мешуданд. Боз иловатан бар ҳамаи ин ронандагон ба ин шароит нигоҳ накарда бо якдигар ГОНКА мекунанд, ки шароити баъди ин роҳро боз дучанд мегардонад.

Хуллас ба ҳамаи ин нигоҳ накарда тарафҳои мусбии ин роҳ бисёр буданд, ки худ Аллоҳ табиати ин ҷойҳоро зебо офаридааст ва аз дидани чунин табиати зебоманзар ҳамаи он роҳҳои пурхатару нақби ВАЙРОНА аз хотир мебарояд.