Бисёре аз истиқоматкунандагони шаҳри зебоманзари Хуҷанд дар ташвишанд, ки партовҳои худро ба куҷо партояд, ё ки то омадани мошинаи партовкашонӣ дар куҷо нигаҳ доранд. Сабаб дар он аст, ки 2 соли охир аз чӣ сабаб бошад намедонам омадани мошинаҳои партовкашонӣ ба кӯчаҳо кам шуда истодааст, локин маблағи месупоридаи шаҳрвандон кам нашудааст. Чанд сол ин ҷониб мошинаи партовкашонӣ дар як ҳафта як маротиба ба кӯчаҳо меомад ва мардум он партвҳое ки дар ин муддат ҷамъ карда буданд бароварда мепартофтанд, ҳайҳот ки ин аз байн рафта истодааст. Ҳоло бошад дар як моҳ қариб як маротиба меояд, акнун худ қазоват баред, ки дар як моҳ дар хонаҳо чи қадар партов ҷамъ мешавад. Албатта аз ин шароит мардум маҷбур мешавад, ки роҳи алтернативиро баҳри аз партов халосӣ ёфтанро дарёбад, худ медонед ки ин роҳ чи гуна мебошад….
Маро асосан он ба ташвиш андохтааст, ки аз таърихи куҳан Хуҷанди бостони бо тозагию зебогиаш дар ҷаҳон шӯҳрадманд буд, баногаҳ ин масъала ба шӯҳрати деринаи ин шаҳри бузург халал нарасонад. Умед мебандем, ки ин масъала ҳалли худро меёбад.