Рӯзи гузашта ба ман муяссар гашт, ки бо усули тести аз талабагони хатмкардаистодаи мактаби миёнаи № 24 ноҳияи Б. Ғафуров имтиҳони давлатӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик бигирам. Ба ҳар як имтиҳонсупоранда бо вариантҳои гуногун бо шумораи 50 тои саволи тестӣ рост омад. Хуллас хонандагон ба он саволҳое, ки медонистанд ҷавобҳои хешро пешниҳод намуданд.

Аз рафти супоридани имтиҳон ба талабагон хеле ва хеле осон омад. Худ тақозо кунед куҷо билет гирифта ба саволҳо ҷавоб навишта боз ба вай шифоҳӣ ҷавоб гуфта боз аз тарафи омӯзгори саволҳои илова гирифтан беҳтар не ки ба мӯҳлати 3 соат нишаста тест кор кардан, албатта тест хуб аст. Локин саволҳое ба миён меояд: оё бо тест саводи хатмкунандагонро ба пуррагӣ санҷида мешавад?, маҳорати суханронӣ куҷо мешавад?.

Хуллас худ супоридани имтиҳон ҳангоми хатми мактаб ман ягон зарурате намебинам ва худ ба чи лозим???? Моҳияти он дар чӣ аст??? Ё ки месанҷем ки онҳо дарсҳоро ба хуби омӯхтаанд, ё на ??? Агар насупорад чи мешавад боз синфи 11 мехонад??? Ин тавр бошад ман чанд соли охир тамоман нашунидаам, ки ягон  хатмкунанда имтиҳонро супорида натавонистааст. Ё ки хатмкунандагони мо  100 фисад босаводанд, ки ҳамакаса аз имтиҳони давлати мегузаранд…. Агар ҳамаашон бе ягон мушкили аз имтиҳон мегузашта бошад боз саволи болои ба миён меояд ИМТИҲОНИ хатмкуни чи лозим???…..