b2ap3_thumbnail_1256779914_1.jpg

Чанд рӯз пеш бо пешниҳоди як бародарам, филм бо номи “Омӯзгори сол” тамошо кардам. Филм дар ҳақиқат олиҷанобаст ба он шахсоне ки мехоҳанд  касби омӯзгори пешаи ҳаёти худ намоян тамошои филми мазкур ҳатмӣ мебошад. Дар нақшаҳо низ чунин шахсон интихоб ёфтанд, ки аз бозии нақши худ ба хубӣ баромадаанд. Чи қадар ки бошад бо сухан оиди ин филм гуфтан кам аст.

Як чиро бояд қайд намоям, ки дар вақти тамошои ин филм маро калимаи як омӯзгори беҳтарин дар муддати 43 сол ба ҳайрат андохт, ки вай ба писараш ҳангоми вафоташ мегӯяд: “Дар вақти зинда будан намур” (ба фикрам дуруст тарҷума кардам;)). Баҳри фаҳмидани ин сухан бояд ин филмро тамошо кард.

 

РС: Агар ҳамаи омӯзгорони Тоҷикистони мо чунин мешуданд сатҳи дониши моён ба кайҳон мерасид.