Чи тавре ки мухлисони футбол хабардоранд, аз тарафи президенти дастаи Барселона санаи 19 июли соли ҷорӣ оиди аз сабаби саломати аз кор рафтани Тито Виланова хабар расонид. Тито ба касалии вазнини саратон гирифтор буда бо хоҳиш худ барои гирифтани муолиҷа аз вазифа даст кашидааст.  Вай мувофиқ ба шартномааш, ки то 30 июни соли 2014 баста шуда буд 7 миллион евро дар як сол моҳона мегирифт.

Дар тӯли 1 соли фаъолият ба Виланова муяссар гашт, ки Чемпионати Испониёро бо 100 хол ғолиб ояд.  

Ҳамагон медонанд, ки Басрселона наздикони худро дар ягон ҳолат якка намегузорад ва ҳамаи ононро ки бо ин даста сарукор доранд ОИЛАи худ меномд. Аз ин сабаб Тито аз вазифа рафта бошад ҳам ба вай аз тарафи фонди даста 6,5 миллион фунт дар як сол то он вақте ки Ӯ шифо меёбад супорида мешавад. Ғайр аз ин Президенти даста қайд намудааст, ки ҳангоми шифо ёфтани Тито дарҳои Барса ҳама вақт барои ӯ кушода мебошад ва метавонад дар ин даста фаъолият намояд.

 

Беҳуда намегӯянд : “Барселона больше чем клуб