Омӯзиши истифодаи торнигор аз тарафи кормандони ВАО ва аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон.

Давраи омӯзиши барои рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Иттилоотонии ҷомеа дар масоили адолати судии ҷиноятӣ» аз 22 то 25 июни соли 2014 баргузор гардида истодааст, ки қисмати имрӯзаи тренинги мазкур аз чашмандозе ба анвои торнигорҳо, боз кардани торнигорҳои ҳам инфиродию ҳам созмонӣ ва истифода аз он иборат мебошад. 

Боз аз ҷониби тренерони бахши мазкур оид ба ҷойгир намудни видео ва расмҳо дар торнигор бисёр хуб бо мисолҳо фаҳмонида дода шуд, ки иштирокчиён бо баробари боз кардани торнигор чи тавр аз он истифода намуданро низ аз худ намуданд.

Аз эҳтимол дур нест, ки дар Тоҷикистон торнигорони нав зиёд шаванд ва озодона фикрҳои худро қайд намоянд.