b2ap3_thumbnail_DSC04474.JPGb2ap3_thumbnail_DSC04502.JPGb2ap3_thumbnail_DSC04508.JPGb2ap3_thumbnail_DSC04508.JPGb2ap3_thumbnail_DSC04508.JPGb2ap3_thumbnail_DSC04495.JPGТуйчи  Эрджигитов фарзанди кучост?


Туйчи Эрджигитов  фарзанди кахрамони  точик 10 ноябри соли 1921 дар дехаи Булоки нохияи Ашт ба дунё омадааст. Мактаби ибтидоиро дар хамин нохия  хатм карда нахуст чупони карда баъдан хамчун сохтмончи дар сохтмони калони Фаргона кор кардааст. Аз соли 1942, мохи июн ба фронт рафтааст.Дар солхои Чанги Бузурги Ватани таърихи 5уми октябри соли 1943 дар дехаи Смердынияи  нохияи Тоснои вилояти Ленинград хизмат карда хангоми зарбаи навбатии душман калби чавони худро сипар карда кахрамонона ба халокат расидааст.Туйчи Эрджигитов дар кабристони кахрамонони ЧБВ дар шахри Любаньи вилояти Ленинград  дафн карда шудааст.


         Дар чустучуйи кахрамони точик


Хангоми дар шахри Санкт-Петербург зиндаги карданам бо хамрохии шоири шинохтаи мухочири точик Хасан Холов, бародари точикон Неъмати Бобочон ба чустучуйи маркади кахрамони ЧБВ Туйчи Эрджигитов баромадем. Дар сахифахои интернети нишонии ин кабристони кахрамононро чуё шудам. Аммо он чо фарзанди халки точикро хамчун узбеки чумхурии Узбекистон муаррифи намудаанд. Кофтукоби мо аз субхи 9 уми май огоз ёфт. То нисфирузи мо нишонии ин дехаро наёфтем. Вале баъди нисфирузи кофта-кофта ба кучае расидем, ки номи Туйчи Эрджигитовро гирифта буд. Наздикии мучассамаи кахрамонони ЧБВ  кампиракеро дидем, ки ба маркади кахрамонон гулхои тару тоза мегузошт. Наздик рафта худро шинос кардем. Кампирак ашкрезон гуфт, ки ин чо катори дигар чонбозони ватан шавхари у низ дафн гардидааст ва бо Туйчи Эрджигитов онхо якчоя чангидаанд. Ин зан Тамара Тимофеевна буда чонишини раиси кахрамонони чангу мехнати шахри Любань махсуб меёфт. Баъди зиёрати кабри кахрамони ЧБВ Туйчи Эрджигитов мо якчоя ба хонаи раиси кахрамонони чангу мехнати шахри Любань Николаев Сергей рахсипор гардидем. Аллакай уро аз омадани мо огох карда буданд. Сергей Николаев моро хеле хуш пазируфта дастархони пурнозу неъмат гусурд ва хурокхои миллии ин махалашонро омода сохт. Сухбати мо хеле самими ва пурмазмун буд. Онхо накл карданд, ки такрибан 43 сол пештар барои зиёрати кабри ин точикписар модараш аз Точикистон омада буду халос. Дигар то ин дам ягон хамватанашро надидаанд. Ва аз омадани мо хеле хурсанданд. Неъмати Бобочон ваъда кард, ки агар соли дигар солиму бардам бошанд, рузи 9уми май омада ин чо мувофики расми мусалмони хайрона ташкил менамоянд.Нияти нек ними давлат гуфтаанд, соли дигар 9 ума майи соли 2012 дар хакикат ин бародарон рафта дар махаллаи ба номи Туйчи Эрджигитов  чорабини гузаронида ба хотири бузургдошти хотири човидонаи ин кахрамони точик хайрона баргузор намуданд.


Акнун тули се сол мешавад, ки баъди зиёрати кабри Туйчи Эрджигитов рузи 9 уми май бахшида ба иди галаба точикони питери аз маркади кахрамонточик дидан менамоянд.


Тавре, ки дар сухбат бо мо раиси Фонди Мухочирони Точикистон дар шахри Санкт-Петербург Неъмати Бобочон иттилоъ дод: таърихи 9уми майи соли чори онхо бо хамрохии дигар масъулини чамъияти точикон барои гиромидошти кахрамони ЧБВ Туйчи Эрджигитов ба шахри ЛЮБАНЬ ташриф хоханд овард.


Точиконе ки солхои сол дар ФР кору зиндаги карда бо мехнати худ боиси эхтироми мардуми рус гардидаанд, ин амали бародарони точикро тарафдори карда ифтихор менамоянд. Аз чумла Бахрулло Тошпулотов, яке аз фарзандони фарзонаи миллат дар ФР чунин андешаашро иброз намуд:


Ахсан бародарони сахиву миллат параст , бо ин кори неки худ шумо нишон додед, ки халки точик чи кадар бо мехру бо окибат ! Имрузхо бисьёртар аз дахони баъзе мардуми беаклу бе фикри рус мешунави, ки точикон равед аз замини мо ! Онхо намедонанд, ки барои химояи замини онхо чандин хазор точикписар чони худро нисор кардаанд, магар бобоёни мо барои хамин чони худро курбон кардаанд, ки имруз русхо ворисони онхоро аз мулки худ ронанду , азоб диханду бегона хонанд ! 


 


Шахлои Начмиддин.(аксхо аз муаллиф)