Нарххо дар бозорхо арзон шуд. аммо махсулоти бесифат пешкаши мардум гардид…

Бо огоз гардидани мохи шарифи рамазон бо ташаббуси раиси шахри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев, карори Раиси шаҳри Душанбе № 399 аз 8 июли соли 2013 «Дар бораи таъмини тадбирхои амалии пешгирии болоравии нархи маХсулоти ниёзи аввалия дар мохи шарифи Рамазон дар шахри Душанбе» мутобик ба нарххои муайянгардида ба фурушгузории 12 намуди махсулоти мавриди таваччухро дар ҳамаи бозорхои шахр новобаста аз шакл ва тобеияти идорави ба танзим дароварда шуд.Фаъолияти сохторҳои давлатии масъули назорат ва ҳамраъйии соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарияти бозорхои коммуналию хусусӣ мусоидат намуд, ки имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳр: як кг гӯшти гов 29, гӯшти гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған») то 130, 1 л. равғани растанӣ 7,5, 1 кг биринҷи ватанӣ то 6, 1 кг шакар то 4,2, 1 л. шир дар бозорҳо то 3,5, 1 кг сабзӣ то 1,6, 1 кг картошка то 1,5, 1 кг пиёз то 0,65 ва 1 дона тухм то 0,5 сомонӣ ба савдо гузошта шудаанд.
Дар хакикат дар бозорхои пойтахт номгуйи ин махсулоти хурока хамин тавре ки мукаррар гардидааст, ба фуруш гузошта шудааст. Аммо тавре ки мушохида намудам, он махсулоте ки нархгузориаш кам карда шудааст, хеле бесифат мебошад. Масалан дар бозори Сафариён ки маъруф бо номи Ачинабозор аст, ба тухмхои кучактарин кас нигариста аз бахри харидани он мебарояд, хол он ки нархи он ба 50 диррам баробар аст. Мардуми ба бозор омада тухми босифат мекофтанд. Дар беруни бозор дар магозае чунин тухми босифат ба савдо гузошта шуда буд, ки нархаш 70 диррами буд. Аммо барои харидани ин гуна тухм шахрвандони зиёде навбат меистоданд. Аз тухмфуруше суол кардам, ки чаро тухмхо ин кадар майдаву бесифатанд, у посух дод, ки «раиси шахр нарххоро арзон кардааст, мачбурем ки тухмхои бесифатро биёрем».
Акнун ба картошкаву пиёз назар мекунем. Бисёрихо аз харидории чунин махсулоти майдаву бесифат баромада аз беруни бозор картошкаи босифатро бо нархи 2 сомони харидори мекарданд. Хол он ки нархи пиёз 65 диррам ва нархи картошка 1.50 дирам буд. Аммо бо дидани ин картошкахо касро гиря меояд. Аз ду килло картошкаи 1.50 дирами харида хамаги се донааш бекирм мебарояд. 
Гуштфурушон ку нисфашон дуконхояшонро барвакт баста мерафтанд. Ин хам ба хотири арзон кардани гушт буд. Яке аз гуштфурушон накл кард, ки то ба фуруш баровардани гушт чи кадар пулаш сарф шудааст ва у акнун намехохад, ки баъди арзон кардани гушт пулаш бисузад. 
Як литр равгани пахта аз 8 сомони ба 7.50 сомони фароварда шуда буд, ки барои мардуми камбизоат ба хар хол кумак аст. Вале лабу лунчи равганфурушон гирифта базур гап мезаданд. Равганхои хубро пинхон карда равгани бесифатро ба фуруш баровардаанд.
Нарххоро паст кардани раиси шахри Душанбе ба гамхории мардуми одди, мардуми камбизоат равона гардидааст. Вале савдогарон хам мушкилихои дар тичорат чой доштаро мисол оварда ба шахрвандон факат моли бесифатро пешкаш доранд, ки дар мохи шарифи рамазон аз бехирадист. Шумо чи андеша доред?
Шахлои Начмиддин