Магар президент «падар» нест?

Рости, ман хам ногахони ба сомонаи телевизиони к+ даромада ин наворхои хангоматалабро аз туйи домодии писари   президенти кишвар Рустами Эмомали тамошо кардам. Тамоми лахзахои туйро журналист Додочони Атовулло  бо таври худ шарх дода таввасути он мехост, ки мардуми бе ин хам касоду гамзадаи точикро ба ноороми даъват намояд. Акнун, биёед аз нигохи шахсии хеш хамчун падар, хамчун падарарус, хамчун бобо нисбати ин туйи домоди андеша намоем. Магар падар наметавонад, ки дар туйи писари худ тамоми орзуву хавасашро амали намуда хурсанди кунад, аз тахти дил суруд бихонад, бираксад? Ин эхсоси гуворо гайриихтиёр дар чунин лахзахо дар вучуди одами пайдо мешавад. Масалан дар туйи арусии банда падари бузургворам(рухаш шод бошад) беихтиёр микрафонро гирифта ба сурудхони даромаданд. Ин хам аз шодиву хурсандии падар буд. Имрузхо кулли мардуми точик дар бораи ин барномаи «ачиб»-и Додочони Аовулло харф мезананд. Ба андешаи ман, хамчун як шахрванди Точикистон ин наворхои туй ягон зарари миллие ба мардуми точик надошт. Преиденти кишвар дар туйи писараш (байни духтарони бисёр хамаги сохиби ду писар аст)  бо эхсоси фарогири шодиву нишот сухан карда раксид, ки ягон чойи бадие надорад. Чи магар дигар президентхо дар туйхои наздиконашон намераксанд? Ба наздики президенти Руссия Путин туйи духтари хурдиашро дар Марокко гузаронид бо таври пинхони. Аммо аз манбахои аник маълум гардид, ки у барои гузаронидани туйи духтараш 30 000 доллари амрикои масраф кардааст. Ман аз аввал то охир ин наворхоро тамошо кардан пас ба хулосае омадам, ки дар ин наворхо ягон чихатхои манфи дида намешавад. Хурсанди аст, ид аст, хушбахти асту халос. Максади ин наворхоро бо таври худ шарх додану мардуми содаи точикро ба чанги навбати хондан ин як номусулмонист. Чи гуфтед?

Шахлои Начмиддин.