Гушнаги-дар хонадони точик


 



 Насибро хоб намебурд аз гушнаги. Пахлу ба пахлу мегашту ракам мешумурд. Вале бо ракамшумури меъдаро ором карда наметавонист. Имруз ба хотири апахояш вакти пешин модараш як оши бомазза пухт. Аммо хеле кам буду касе аз хурдани он сер нашуд. Бегохи бошад як пораги нони чувориро ба уву апахои камаклаш таксим карда доданду халос. Модару падараш хам гушна хоб рафтанд.



-Чаро ман фарзанди аввалин нестам. Вагарна ба Русия рафта кор мекардаму ахли оиларо таъмин менамудам. Насиби 14 соларо бо сабабии касодии рузгор пули мактаб наёфтанаш, падару модар аз тахсил ботамом гирифтанд. худи Насиб пойафзоли дурусте надошту шарм мекард, ки ба мактаб равад. Хамсинфи сарватмандаш ба холи у баринхо писханд мезаданд. Охир у бачаи ботану туш шудааст. Аз пушидани либосхои саддарбеху танг хориаш меояд. Дар танхои гоххо гиря мекунаду мурданро орзу мекунад. Ахволи падари бемору модари афгорашро дидан намехохад. Бар замми хамаи ин ду апааш модарзод нуксдор тавлид ёфта дар хона гуё як бори зиёдатианд. Чунки аклашон ба чизе сарфахм намераваду зуд зуд аз хона гум мешаванд. Насиб харчи тезтар мурдани онхоро аз Худо илтичо мекард. Чор апаи дигараш бошад сохиби хонаи ободи худ, хастанд. Шавхарони апахояш хам бо сабаби шароити бади иктисоди айни замон дар Русия мардикоранд.
-Хамин киматтиба чи кадар таваллуд мекарда бошанд?-андеша мекард Насиб. Холи зори апахои серфарзандашро дида. Деворхои хавли кариб ки пурра кафида фуру раванд, вале хатто барои пойдевор кардан хам имкон надоранд. Айвони дарози бе тиреза чойи нишасту хоби Насиб хам ба хисоб мерафт, зеро апахояш баъзе рузхо хамрохи фарзандон шабхорави меомаданду дар хона чой мешуданд. Ва он гах. Дар чойи тангу хунук Насибро тамоман хоб намебурд. Оху вохкунии падари фалачгаштааш ба асабаш сахт мерасид. Базур токат мекарду инчикихои падарро мебардошт. Охир замоне падараш солим буду дар колхоз кор мекард. Он вактхо аз маводи хурока танкиси намекашиданд. Падари мехнатиаш 45 сол собикаи кори дошт. рузе вакти каланд кардани замин худ аз худ пойхояш варам карданду бехол фитод. Ба хамин бистари гардид. Пуле надошт ки табобат кунанд. Акнун ба чойи падар Насиб дар замини колхоз кор мекунад. у аслан аз хурди бачаи эхсоси буду мехост мактаб хонда санъаткор шавад.Суратхои актёрони номдорро чамъ мекард. Вале имруз эхтиёч уро ба ин ахвол афкандааст. Бо либосхои тунуку пойафзоли дарида ба замин рафта базур базур каланд мезанад. Агар дар дигар оилахо яккаписаро эрка ба воя расонанд, дар оилаи онхо эркаги чист, намедонанд. То имруз у маззаи шоколадхои сникерсу марсро намедонад ки чист. Факат медонад, ки барои чи модараш руздармиён як бор хуроки гарм мепазад. Он хам бошад ё пиёба асту ё шурбои камравгани наскдор. Ошро мохе як бор мувофики имкон бегушт мепазанд. Насиб аллакай ба хуби медонад ки дарди камбагали чи дардест. Дарди чонгудозу хори будааст ин дард. Хама ба холат механданд, ба ту аз баланди нигох мекунанд, ба маъракахояшон даъват намекунанд. Рузхои ид касе по ба остонаи хонаи онхо намемонад. Рузи иди рамазон касе хонаи онхо наомад. Чурахояш масхаракунон гуфтанд ки дар хонаи онхо гайри калламуш дигар чизе нест. Насиб хатто рузи ид либоси наве надошт ки пушад. Боз пинхони гирист, дилаш месузад ба холи хонавода. Аммо аз дасти у чи хам меояд? Ба хафт сомонии музди мехнаташ чизе харида наметавонад. Хавлиашон таъмирталаб шуда намаду курпачахояшон тамоман кухнаву афсурда, таъби касро хира мегардонанд. Насиб ният дорад, ки пас аз як сол пул карз гирифта рохи Русияро пеш гирад. Боз мардикори беминнате зам мешавад ба хочагихои сарватманди русияги.



ШАХЛОИ НАЧМИДДИН