Дар тамоми дунё, аз чумла дар гарби Аврупо ва шарки Осиё имрузхо гармии шадид огоз шуда  боиси бемори ва марги шахрвандон мегардад.Дар Бритониёи Кабир харорати хаво ба 30-32 дарачча расида боиси халокати 760 нафар сокинон гаштааст.Дар Чопон бошад хафтаи охир марги 85 нафар шахрванд ба кайд гирифта шуда хазорон нафари дигар дар беморхонахо тахти назорати чиддии духтурон карор доранд. Асосан ин нафарон шахсони аз 60 сола боло мебошанд, ки харорати то 35 дарачча гарми ба саломатии эшон аллакай марговар ба шумор меравад.Дар Итолиё низ марги одамон аз гармии шадид ба кайд гирифта шудааст. Имрузхо дар Точикистон низ харорати хаво баланд рафта то 30-юми июл дар назар аст, ки  гармии хаво то  46-48  дарачча баланд мешавад.Дар чунин рузхои офтоби сари барахна зери офтоб гаштан одамро бемор мегардонад. Нишонахои офтобзани ин дарди сахти сар, шикамрави, дилбехузури , кайкуни, баландшавии харорати бадан мебошад. Инчуни одами офтобзадаги агар сахт таъсираш кунад, бехуш шуданаш мумкин аст. Духтури дилшинос Нуъмонова Мукаддас дар ин хусус чунин тавсия медихад:

-Дар вакти гармии шадид нафарони гирифтори беморихои дилу раг дардашон бештар мегардад. Мутахассисон сабаби асосиро дар талафоти об мехисобанд. Аз хамин сабаб хатари авчгирии инсулт ва беморихои фишори хун огоз мешавад.Рузхои шадиди офтоби сайру гашт барои махсусан пиронсолон, кудакон хатари калон дорад. Ба шахси офтобзада об нушонида сару руяшро шустан лозим аст. Дар ин холат чолоб, чойи кабуд нушидан мебояд. Барои кувват бахшидани дил чойи шифобахш тайёр кунед: се кошук сунбул(валериана), 3 кошук буйи модарон, 1 кошук чойкахакро дар оби чушида андохта монед, то дам хурад. Давои мазкурро сеяки стакон рузе се бор пеш аз хурок бинушед. Инчунин пудиначой низ дар чунин рузхо фоида дорад.