Асрори азалро на ту дониву на ман…

Имшаб боз хоб дидам дехи азизамро. Гуё миёни хавлияму шамоли сахте мевазад. Дарахтони дустдоштаам бо шаст алвонч мехуранд. Хонахоямон шикастаю рехта зебоиву хашаматашонро гум кардаанд. Дод мезанам. Гирдбод боз хам сахттар вазида маро сабук ба хаво мебардорад. Тарсида аз хоб бедор шудам. Ин чи сиру асрорест ки факат такрор ба такрор хамин манзараи хузнангезро хоб мебинам? -садхо бор гаштаю баргашта худ ба худ андеша мекардам ман.
Шояд хавлии як вактхо ободамон бесохиб монда аз мо ранчида бошад? Сохиби хозираи хавли харидори намудан пас онро ба холи худ гузошту озими Русия шуд. Бобоям доимо мегуфтанд, ки хонаи бесохибмонда низ рух дораду аз танхо мондан бесаранчом мегардад. Ва шояд барои хамин хам ахли хонавода зуд зуд хобхои парешон медида бошанд?
Рузе дар идораи телевизион шоири шинохта устод Назри Яздонро дидаму аз хамин бобат ёдовар шудам. Он кас нисбати ин хобхои парешони камина як вокеаи ачоибро накл карданд, ки маро боз хам бештар ба андеша водор сохт.

Дусте доштам ки вактхои чангхои дохили фирор аз ватан карду хонаи сехучраги бесохиб монд. Тули 8 сол ба хона касе надаромадааст. Баъд аз осудаги баркарор шудан ба ватан баргашту аввал ба хонаи мо ташриф овард. Хамрох рохи хонаашро пеш гирифтем. Дари оханиро кушоду якбора чизи вазнине ба сараш бархурдаги барин вох гуфт. Хайрон ба хучрахо назар кардам. Дилам шувви карда рафт. Чангу тори анкабут саросар хучрахоро фаро гирифта чизу чораи фарсударо шикаста шифт ковок шуда буд. Яъне ки хона худ аз худ вайрон шуда як кулбаи вайронаву торикро мемонд. Гуё ки бо сохибаш кахр карда буд. Пас аз ин маълум мешавад ки чое одам нест, шабехи гуристон аст.
Баъди шунидани ин накли устод боз як чизи хандаоваре ба ёдам расид. Дугонаам ба шахри Маскав рафту калидхои хонаашро ба ман монд. Хохиш кард ки гох гох хонаашро хабар гирифта истам.
Аз кори бисер вакт наёфтаму кариб нух мох ба хамон тараф тоб нахурдам. Вакте ки дарро боз кардаму ин тараф он тарафро дидани шудам, чуфт чуфт мушчахоро дидам, ки озодона чун хокими мутлак гаштугузор мекарданд. Дари ташнобро кушодаму аз тарс дод задам. Чор муш даруни обрез даводави карда гуё ба холи ман механдиданд. Дар балкон бошад, ду калламуши калонро дидаму дар чоям шах шуда мондам. Охиста рохи гурезро пеш гирифтаму дигар ба хамон тараф тоб нахурдам.
Аз ин ходисахо чунин хулоса баровардам ки хама мавчудоти олам чун одамизод рух доранду дар холати берахми нисбаташон дуои бад мекунанд. Ин чо боз як вокеаро сафхакори кардан бомавкеъ аст. Марде бе маслихату дуову фотиха дарахти бузургчуссаро решакан мекунаду хамон шабаш ногахон вафот мекунад. Пас аз марги у хамсару писаронаш ба бемори мубтало мегарданду эшон хам ин дунёи фониро тарк мекунанд. Духтари калониву писар ба садамаи автомобили дучор мегарданду чо ба чо халок мегарданд. Шабе зан хоб мебинад, ки хамон дарахти чинор дар хавлиашон алвонч мехураду аз танаааш хун мешорад. 
Таъбири хобашро аз окиле пурсид. У мегуяд ки ки дуои дарахти пир гирифтаасту мебояд ки дар хона хайру фотиха карда молеро хун намуд.
Баъд аз курбони кардан хонаи зан боз пурфайзу баракат шуду фарзандонаш хам солиму бардам ба воя расиданд.
Пас, асрори азалро на ту дониву на ман….
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН.