Аввалан ҳукумати «расо»и мо ГЭСи «Роғун»ро бунёд мекунем гўён  одамонро фирифта, пулу маблағи ҳамаро гирифт. Бою фағир гуфта нигоҳ накард. Акнун аслан дар мамлакатамон бою фақир низ намонд. Ҳама аз зиндаги норизо, аз фардо умед надорад. Дар интавр шароит роҳи зиндагониро дарёб кардан низ мушкил аст.

Ўайр аз ин роҳбарони «олиқадр»и давлатамон ба ҳар як оилаи точик барои бунёд кардани ГЭСи «Роғун» аз 700 доллари ИМА андози мачбурй андохт. Мо — хонумонаш сўхтагон низ ин қадар андози бисёрро пардохтем. Мачбур карданд охир. Шунидаам, ки бевичдонон ба туфайли фурўши мачбурии ба аҳолй аксияҳои ГЭСи «Роғун» то имрўзҳо 200 миллион доллари ИМА жамъ кардаанд. Аз инхел корҳои бемаврид мактаб созанд, касалхона барпо кунанд намешуд?

Даҳшатноктараш ин аст, ки барои бунёди ин «сохтмони аср» 6 миллиард доллари ИМА даркор будаст. Акнун аз либоси даридаву пойафзори кўҳнаамон низ чудо мешавем, ба фикрам. Луччак мегардем акнун мисли неандерталҳо. Аз рафти кор аниқ аст, ки дар замини точик чизе намемонад.

Аслан сиёсати ичтимоиву иқтисодии калтабини сиёсатдонони кўтоҳфаҳми роҳбарони Точикистон ба тақдири халқ беписандй аст. Онҳо неъматҳои замини модариамонро поймол мекунанд. Савол пайдо мешавад, ки онҳо барои чи ба тақдири ман, тақдири миллион-миллион нафарони монанди ман аз ақаби панжа менигаранд? Дониста монед, тақдири мо бозича нест!

Магар ГЭС бунёд шуда, заминчумби ба амал ояд, чи мешавад?! Миллион-миллионҳо ба ҳаёташон видо мехонанд! Нест-нобуд мешавад! Одамонеро, ки бо тақдири одамон бозй мекунанд, одам гуфтан мумкин? Не!

Алоқаву рафтуои мамлакати мо бо ҳамсояҳо хуб нест. Эҳтимол меравад, ки аз ин боис тарзи зинагии халқамон торафт хароб мешавад. Ислоҳоти иқтисодии мо хеле оддиву ибтидой аст. Ин ҳам дар хизмати пур кардани чиғилдонҳои кимкиҳост. Эътибор кунед, хариду фурўши мамлакати мо бо ҳафт давлати ҲДМ аз аввали соли 2014 то имрўз хеле-хеле кам гардидааст. Бо Қирғизистон гардиши маҳсулот ғариб ба 4.6 миллион доллар (яънй 91.3 фоиз) кам гардид. Барои он ки мо аз аввали сол бо қирғизҳо марзталоши мекунем. Аз сабаби марз муаммо мебарояду чанг мекунем. Баъд аз ин ҳам алоқа кардам мумкинми?

Дар моҳи январ-феврали соли чорй гардиши маҳсулот бо давлатҳои ҲДМ 1.5 млрд. долларро ташкил намуд. Ва ҳол он ки дар ҳамин даври соли гузашта ин ба 3.3 млрд. доллар бароабар буд. Рушду ривоч нест, баръакс торафт ба пойин афтодаем. Рафти аҳвол ба кучо мерасонад, хаёл кардан низ ваҳмовар аст.

Роҳбари беимон дар бораи халқаш фикр намекунад, чон намесўзонад. Нияти ман — ба ҳукумати мо инсоф диҳад. Аз хаёлоти хоми худ монанди ГЭС рў гардонад.

Банда бояд расо бошад, аз Худо бояд тарсад! Баръакс…