Кӣ ва охирин бор кай шабакаҳои ТВ1, Сафина, Бахористон ё Чаҳоннаморо тамошо кардааст? Боварӣ дорам нафароне, ки дар як рӯз ҳадди ақал як соат ин шабакаҳоро тамошо мекунанд хеле кам аст. Дар байни ёру дӯстону ва шиносону ҳамсояҳо як чунин оморча гузаронидам. Яке механдид, ки «наход одам ин шабакаҳоро тамошо кунад?». Дигаре мегуфт, ки баъзан ҳангоми варақгардонии шабакаҳо тасодуфан чашмаш ба ин шабакаҳо меафтад ва лаҳзае сукут карда, сипас боз ба дигар шабака мегузарад.

      Андешаи нафари дуввум ба сабки  тамошои камина аз ин шабакаҳо якхела баромад. Камина низ рӯзе, ё шояд дар ду-се рӯз як маротиба ба муддати 2-3 дақиқа аз ин шабакаҳо дидан менамоям.

Ба умеде, ки шояд дар ин шабакаҳо навгоние рух дода бошад.

Шояд барои ҳалол намудани маоши худ, ки аз пули мардум пардохт мешавад хокпошй ба чашми мардумро бас карда бошанд.

 Шояд раису коргарони он аз куҷое ору номус пайдо карда дар паи ислоҳи барномаҳо шуда бошанд.

Шояд аз шабакаҳои пешрафтаи дунё илҳом гирифта пахши барномаҳоро воқеӣ ва бе бофтаю сохтакориҳо ба роҳ монда бошанд.

 Шояд масъулияти худро дар назди мардум (на дар назди як нафар-президент) дарк карда бошанд.

 Шояд ҳамду санохонӣ ва мадҳу ситоишҳои дуруғину ночаспоро канор гузошта баҳри ободию пешрафти давлат камар баста бошанд.

 Шояд инқилобе дар вуҷуди худ карда, ба гуфтани ҳақиқат ва адолат азм карда бошанд.

 Шояд кинаву адоватро канор гузошта дигарандешон, сиёсатмадорони ҳизбҳои дигар низ ба тв роҳ ёфта бошанд.

Шояд ғайр аз сарояндагони дарборӣ дигар ҳофизони бомаҳорати санъати тоҷик низ намоиш дода шаванд.

Танҳо мешавад барои орову тарроҳӣ ва дизайни техникии шабакаҳои давлатии мо аҳсан гуфт. Он воқеан бо навовариҳои техникӣ такя карда ҳамқадами замона аст.

   Дигараш, ҳайҳот «ту ҳамон асти ҳамон»..

    Чандин раисони ин шабакаҳо рафтанду омаданд, аммо навгоние нашуд. Бисёр мехостам, ки аз раисони пешии ин шабакаҳо суол намоям, ки аз он хокпошиҳо ба чашми мардум ва ҳамду санохонӣ чӣ баҳра бурданд ва ҳоло  виҷдонашон ба онҳо чӣ мегӯяд (агар ҳамон виҷдон бошад)?

 

         Оё таърифу тавсиф, ҳамду санохонӣ ва косалесиву лагандбардорӣ  ҳадду канору сарҳад дорад? Аз як нафар инсони заминӣ як шахси фавқулодда, як қаҳрамони нестандарҷаҳон, оқилтарин одам, меҳрубонтарин нафар, садҳо маротиб волотар аз Ленин, як инсони ғайриоддӣ, панҷта кам аз осмон фаромада ва даҳта кам пайғамбар сохтед. Муаллимаҳои мактабҳо бе ин ҳам аз фарзандонамон як роботе сохта истодаанд, ки гӯё бе президент Раҳмон ҳаёт нест ва агар ӯ набошад дунё нест!  Бас нест?

 

      Ва имрӯз кор ба ҷое расидааст, ки мардум аз дуруғу сохтакориҳои ин шабакаҳо безор шудаанд. Таърифу тавсифи такрор ба такрору аз ҳадд зиёд, бигзор рост ҳам бошад  ба дили мардум задааст. Имрӯз мардум рӯй ба шабакаҳои ғарб, ба шабакаҳои дигар давлатҳо ва ба шабакаҳои русиву русизабон овардааст. Ин хатарро дастандаркорон бояд эҳсос намоянд.

     Шабакаҳои давлатии мо рисолати худро танҳо дар боло бардоштани имиҷи як нафар (президент Раҳмон) мебинанд дар ҳоле, ки дигар шабакаҳои хориҷӣ дар паи боло бардоштани худшиносии миллиашон ва тарғибӣ забону тамаддун ва фарҳанги худанд.

     Шукр мегӯям, ки масалан дар Душанбе шабакаи Пойтахт ва дар Хуҷанд шабакаҳои мустақили СМ-1 ва Ҷаҳоноро вуҷуд доранду пайваста кӯшиш мекунанд як нафъи худро ба ободии миллату давлат расонанд. Ва хуб мешуд Ҳукумат ҳамаи шабакаҳои мустақили кишварро дастгирӣ мекард, дар андоздиҳӣ сабукие медод ё ҳадди ақал ба онҳо фишор намеовард. Хидмати шоёни таҳсин мешуд, агар ба ҳарчӣ зудтар фаъол шудани шабакаи форсизабонҳо – «Наврӯз» мусоидат мекарданд.