Дар мавриди «миллат» чандин донишмандон рисолаҳо навиштанд, нависандаҳо макола, таърихчиён пажуҳиш, фейсбукчиён баҳсҳои тулонй, аммо ҳануз ба як фикру хулоса нарасидаем..  
  Камина хостам назари худро ба навиштори ахири бародари гиромй Замониддин Насриддинов, ки зери номи «Метаморфизми миллати точик» дар Блогистон ва Озодй нашр шуд нависам ва дар натича ин назар ба дарозо кашид, ки лозим донистам онро ҳамчун пост инчо нашр намоям.
    
   Дар навбати аввал дар бобати «метис». 
    Огоз менамоям бо овардани як мисол.
  Холо дар Русия руси тоза ёфтан мушкил аст. Хамааш бо ҳархел миллатҳо омехта шудаанд, аммо худро бо сари баланд РУС меноманд. 
 Оё нафаре бо боварии комил гуфта метавонад, ки дар Точикистон точикони тоза бисёранд? Хатто дар деҳаҳои дурдасти куҳй нафароне мегуфтанд, ки бобокалонашон аз Багдод омадааст. Фикр намекунед, ки баръакс ин омилҳо миллатро тоза менамоянд?
   Агар доир ба тозаву зебошавии миллати Туркия пажуҳиши хурдакаке барои худ анчом диҳед, хоҳед дарёфт, ки маҳз «метис»-шавй онҳоро наву зебо кард. Чехраи бонуи турки Туркия дигар чашмхои борику танг нест.
    Ва боз бармегардем ба Русия. Имрузҳо бештар муҳочирони шарксурати зебо бо бонувони рус оила барпо менамоянд. Хам аз Точикистони мо ва ҳам аз давлатҳои Кавкоз. Боварй дорам, як-ду даҳсола пас рамзи миллати рус, ки сафеду зардинамуй аст дигар хоҳад шуд. 
   Мухим он аст, ки масалан фарзанд дар фазои дорои ҳисси баланди миллидошта тарбия ёбад ва руҳияи баланди ватанпарастй дошта бошад. Масалан набераву абераҳои ҳамон араби багдодие, ки дар боло гуфтам имруз худро точики тоза меҳисобанд. 
   ҳар фарди точикистонй ҳак дорад худро точик шуморад. 
   Ва вожаи «точик»-ро, тавре бояд маънй дод, ки он шаҳрванди Точикистон буданро фаҳмонад, на як кавми алоҳида. Ин тарзи бархурд дар Амрико ва Русия бо муваффакият ноил шудааст. Имруз вожаҳои «Росиянин» ва «рус» кариб ҳаммаъно шудаанд.
  Дар Амрико бошад намояндаи ҳамаи миллатҳо худро бо фахр амрикои меҳисобад.
   Аммо таърихчиёни мо точикбудан ва  точикшуданро ба ҳоле расонданд, ки майдамиллатхои дохиликишвар чорае чуз аз худогоҳии миллии худ надоранд. Номи ин хидматро «хирсона» гуфтан мумкин аст. 
    Дар бобати миллати мусалмон будан бояд гуфт, ки вожаи «миллат»-ро ҳам ба маънои дин ва ҳам ба маънои халкият фаҳмидан мумкин аст.
  Империяву хилофатҳое, ки барояшон миллати мусалмон вучуд дошт, пош хурданд. Давлатчаҳои хурду калон ба вучуд омаданд. Ва имруз ҳар яки ин давлатҳо аз халкияту кабилае миллаташро ном ниҳод ва албатта бо он мекушанд, ки дар чомеа ҳисси худшиносии миллиашон пойбарчо бошад.  Бинобар ин мо набояд миллатро бо дин даромехта ба мавчудияти  Давлат хатар ворид намоем.
Точик ин ҳамон точикистонист, сарфи назар аз дину оину мазхабу нажодаш.
  Ин андешаи каминаи андакхонда буд ва ҳак доред онро напазиред.