Рузе акаи Муллошо хонаи як русзанак кор меравад. Яке аз ҳучраҳои хонаи уро линолеум задан лозим буд. Муллошои дар обу арак гутида пас аз соате корро тамом кард. Сипас уфф гуфта хост як нос кашад. Ин су кофт, он су кофт, вале носро наёфт. Ин дам чашми акаи Муллошо ба баландии линолеум афтид.

Онро хубтар даст-даст карда аз дил гузаронд, ки дар таги он теппачаи дамидаи линолеум носхалтаи мондааст. Дастафшонда зери лаб «хайр, бало ба пасаш» гуфта гурунгид, ки барои як халтача нос нашояд ленолиумро дигарбора канад. Аммо ин теппачаро коре карда ҳамвор кардан даркор, ба худ андешид ва болгаро гирифта махин-махин ба теппача зада онро ҳамвор кард.

Муллошо аз чой бархоста бо пояш макони дамидаро пахш кард ва мутмаин шуд, ки он ҳамвор гаштааст. Дар ин вакт соҳибхона даромад. У бо ду ангушташ аз кунчи носхалта дошта ба Муллошо дароз кард ва гуфт, ки ин халтачаи алафаки сабзатро дар назди тиреза мондаи. Сипас гуфт, ки мушчаи сафеди хонагияшро намеёбад. Пурсид, ки мабодо дар ин чо нест. Ба кунчҳои хона нигариста баромада рафт. Акаи Муллошо ба носхалта ва чои болказада нигариста ба хотираш омад, ки русзанак як мушчаи ромшудаи сафед дошт.