20-уми июни соли 2009.  Мусо, Султон ва акои Муллошо дар шахри Красноярск, пас аз рузи вазнину серкори шанбе бо хастагии том ба хона омаданд ва шитобкорона хурок хурда, ба хоб рафтанд…    
        Тирамоҳи соли 2059. Баробари шукуфтани пахта, мавсими омадани мардикорони рус ба Точикистони Кабир огоз ёфт.  Харчанд имсол Точикистон квотаро барои мардикорони Русия кам карда бошад, ҳам вале микдори онҳо зиёд мешуду кам не.

       Бобои Мусо ба пирию риши сафед нигоҳ накарда, ҳануз ҳам сарвари хочагй буданд. Он кас ҳамчун пири кор дар сари замин бо бобои Султон чойнушй карда менишастанд ва як-як ба корҳои мардикорони рус назорат мебурданд, то пахтаро тоза чинанд.

      Бобои Султон ба яке аз онҳо, ки забони точикиро аз дигарон беҳтар мефаҳмиду озод гап мезад, эрод гирифта, таъкид кард, ки пахтаҳои дар замин рехтаро низ барчинад. Дар ин вакт калони мардикорон Никулай бо мошини сабукрави «Рахш», ки истеҳсоли Точикистон аст, омада истод.

      Садои мусикии форам шунида мешуд, ки Манижаи Давлат месароид. Пас аз салом Бобои Мусо аз у хоҳиш карданд, ки ҳарчи зудтар ҳуччатҳои коргаронашро ба танзим орад, вагарна пулис метавонад онҳоро депортатсия намояд. Никулай ваъда дод, ки дар давоми ду руз ҳамаашро конуни менамояд.

    Суруди Манижа ба хотири бобои Мусо солҳои чавониашонро овард. Дар он солҳои пеш, мардуми точик баръакс ба Русия мардикорй мерафтанд, ки аз чумла бобои Мусо ва бобои Султон низ зиёда аз 20 сол ончо ба мардикорй машгул буданд.

  Бобои Мусо лаҳзаеро ба хотир оварда, бо чашмони нимпуш табассум карданд. Ин ҳолати он касро бобои Султон дида, сабаби табассумро пурсон шуданд.

      Бобои Мусо гуфтанд: «Султон ёд дорй, дар Русия мардикор будему як бегоҳ, тахти сурудҳои Манижа зодрузи маро чашн мегирифтем ва акои Муллошои раҳматй худо чояшона чаннат намояд, ширакайф шуда сухани табрикотй карданд…» ва ҳарду каҳ-каҳ зада хандиданд.

       Акои Муллошо бо чунин шеър табрикотро огоз намуда буданд: «ҳар беша гумон набар, ки холист, ҳарчанд Сикандари замонй…» 
… 
        Садои гушхароши Султон, Мусоро аз хоб бедор кард, ки мегуфт:

 «Акои Мусо, будилника кушед, имруз якшанбе хоб равем..»  Мусо, бо чашмони пушида, дастпалмос карда, телефони мобилиашро ёфт, ки суруди Манижаи Давлатро месуруд. Сипас онро хомуш намуда, дубора сар ба болин ниҳод, то давоми хобашро бубинад…