Мусо телефони мобилиашро хомуш намуда сар ба болин ниҳод ва давоми хобаш дид…

       Никулай, ки забони точикиро хуб мефаҳмид ба суҳбати бобои Мусою бобои Султон ҳамроҳ шуд: «Амак Мусо, ин рост, ки точико вакташ наоборот Русия кор мерафтанд? Рости ҳеч намеояд боварам, ки шахрвандони чунин Давлати пешрафтаи бою номдор дар гузашта, мардикори Русия..» — бобои Мусо гапи Никулайро бурида гуфт:

    — Ин гапҳои бекора! Дар кучо дидй, кй точик мардикори кишвари дигар будааст?! Бобои Мусо ҳарчанд кушиш мекард худро ба даст гирад, аммо аз авзоъи у асабй шуданаш маълум буд. Ба бобои Мусо ин мавзухо намефорид. «Канй, ман рафта ошро дам партоям.» гуфта ба назди дег рафт.

      Бобои Султон рафтани бобои Мусоро ганимат шумурда ба накл даромад. Ин пирамарди нуронй аслан аз майдатарин савол дар бораи давраҳои пеш аз Инкилоби соли 201n ба вачд меомад ва аз таърихи гузашта ҳикоят карданро дуст медошт.

    — «Бале, аз сари мардуми мо рузҳои беҳад сахт гузаштааст. Дар Русия низ ба як рузи сиёҳ гирифтор будем. Гоҳ аз нажодпарастон мегурехтему гоҳ аз милисаҳо. Як миллати бесоҳибу бепушту паноҳ будем.»

       Чашмони Никулай аз ҳайрат кариб аз косахонаи сараш берун афтанд.

  -Наход? Ээ, шухй мекунед.. Чи дар Точикистон кор набуд-чй? — пурсид Никулай.

   — Кор буд каму беш, лекин маош хеле пасту хандаовар буд. Он вактҳо чун ҳозира тангаҳои тиллоию нукрагии сомонй набуд, балки мисли пулҳои ҳозираи шумо когазй буданд. Саросар беинсофию дуздию ҳаккимардумхурй буд. Як фирмаи пулчинаки роҳ дар тротуарҳо шлагбаум зада аз пиёдагардҳо пул мегирифт.

     Медонй, бо пул метавонисти дилхоҳ мансабро бихарй ва вакте ки мансабро харидй, аз ҳисоби дуздию харомхурй маблагро чандкарата аз мардуми оддй меситонй. Ё агар хоҳй ки корхонае кушои, дарҳои онро пурра боз накарда, бочу хирочситонҳо меоянд ва мачбур ҳасти даромадатро ба онҳо диҳию корхонаи муфлис шудаатро бандй.

Порахурй дар тамоми мактабу донишгоҳ ва идораҳои давлатй ба авчи аъло расида буд. Дар суду пуркурор адолат набуд ва аз хати кашидаи ҳукумат берун намерафтанд. Хатто мардикорон, ки худ чун гадоянд, вакте ба Русия мерафтанд дар фурудгоҳҳо аз онҳо руи рост ва бе шарму ҳаё пул меситониданд. Хама чиз дар фуруш буд. Масалан нархи ҳокимии ноҳия 50 ҳазор доллар, директори мактаб 4 ҳазор доллар. Он вактҳо бо номи «доллар» пул буд, ки мисли сомонй машҳур буд.

  Мансабдорони чиноятпеша боз ба мансабҳои болотар мерафтанду, бегуноҳон паси панчара менишастанд. Об аз боло лой буд. Мансабдорон ба гуфти як бародар аз шиками гафсашон онсутар чизе намедиданд. Бо пулҳои дуздй барои худ касрҳои боҳашамат месохтанд. Мана ҳамин мактаби мо он солҳо касри як Вазир буд, ки хонаашро канфискатси карда худашро ба Антарктида бадарга карданд. Шахсиятҳои ҳакталабу адолатхоҳ дар Ватан руз надоштанд ва онҳо ё мусофир буданд, ё аз тарс гуш ба карй бурда буданд.» — посух дод бобои Султон. Ба Никулай наклҳои бобои Султон ҳамчун фантастика менамуданд ва аз набудани бобои Мусо истифода бурда, «лачоми» кунчковиашро сар дода буд.

      — Чи тавр ҳамин хел миллати бузургу бедори точикон ба ҳамаи ин беадолатиҳо токат карда буд? Чавонони ояндасоз кучо буданд? — пурсид Никулай. Бобои Султон дастафшонда гуфт:

   — эээ, намедонам… Бештари чавонон аз сиёсат дур буданд ва саводи казои ҳам надоштанд. Онҳо дар Инкилоб саҳми амике ҳам нагузоштаанд. Дар шумо русҳо як макол аст: «в каждом плохом есть что то хорошее». Махз чорй шудани виза миёни Точикистону Русия сабаб гардид, ки мардикорон пурра ба Ватан баргарданд. Як муддат бесарусомонию бекорй тамоми Точикистонро фаро гирифт. Ва сипас беягон чангу хунрезй раиси чумҳури он вакта худ бо хоҳиши худ аз мансаб рафт ва изҳор кард, ки дигар аз уҳдаи кор намебарояд, зердастонаш гуфтаҳои уро ичро намекунанд…»

       Дар ин вакт бобои Мусо дар даст табаки оши палав омад ва Никулай оҳиста бо гушаи чашмаш ба бобо Султон ишора намуд, ки ба ҳикоят хотима бахшад. Бобои Мусо табаки ошро ба дастархон монда, гуфт:

     -Э Султон, хуб лак-лак карди а? Кани гапа як су монеду оша гиред.

     Бобои Султон ба дастархон наздиктар нишаста гуфт -Ээҳ, аз буи хушаш маълум, ки оши хуб шудааст. Канй-канй, мехмон, оша гиред…

             Султон дастархон меоросту як-як бо овози баланд мегуфт: — Мусо, ҳей, Мусо, хез! Соат 2 шуду ту ҳануз хоб. Ош тайёр, Мусо. Ээҳ, аз буи хушаш маълум, ки оши хуб шудааст. Мусо!…

         -ҳа, ҳа! Ман бедорaм, ин кадар дод назан. Ээ, дар тамоми хобам садои гушхарошат ҳаст. Ин кадар одам сергап мешудаасту… — сар аз болин бардошта норозиёна гуфт Мусо.

       — Э ту хоб будию ман бо акаи Муллошо хеле баҳс кардем… )))))