Як нафар дусти мо, блоггер то андозае хоксориро пеша кардааст, ки аз ҷоиза гирифтанаш садое барнамеояд. ))))) Ҳарчанд сар мезанам то иттилоот ё хабаре доир ба ин мавзӯъ хонам, вале ягон хабар нест. Ҷоизаи «Беҳтарин блоггер» -ро боварӣ дорам ҳар як блоггер орзу дорад, ки ба он шарафманд гардад. Фикру андешаҳои хонандагон дар бораи номзадҳо низ дар гуруҳи «Блогнависони тоҷик» гуногун буд. Аммо бартарият ба ин садо буданд, ки танҳо ӯ шоистаи ин ҷоиза аст. Банда низ дудаста тарафдор ҳастам ва лоиқ медонам ва фикр дорам ки ҷоизаро воқеан шахси арзанда соҳиб шуд. Ба фикратон у кист? Маҳз навиштаҳои такрор ба такрори ӯ дар мавзӯи «облава» садои ҷавононро то ба болоҳо бурд. Бале ин ғолиби хоксор, беҳтарин блогнависи тоҷик дар соли 2014, муассиси ҳамин торнамо, ки даҳҳо блогнависро паҳлуи ҳам қарор додааст, оне ки ба дили навқаламон илҳоми блогнависиро андохтааст — Рустам Гулов мебошад.Табрик! Ҷаноби Гулов, акнун ки сири ҷоиза гирифтанатонро фош кардам марҳамат карда сирри ба ин ҷоиза расиданро ба дигар блоггерону навқаламон иброз намоед. Чӣ мушкилиҳоро дар ҷодаи блогнависӣ то ин дам паси сар кардед? Кадом нозукиҳои блогнависиро гуфта метавонед? Оё дар дилхоҳ вақт метавонед чизе нависед, ё барои навиштан шароиту имконияту илҳомро мунтазир мешавед? Блогнависиро чун касб медонед, ё шуғл, ё нардбончае суи орзуҳо? Чӣ камбудиеро дар худ дарёфтед (дар соҳаи блогнависӣ)? Сипоси пешакӣ барои посухҳо. Бори дигар Шуморо табрик мегӯям пеш аз ҳама сиҳатмандӣ ва қалами тезу буррою равонро таманно дорам. Комёб бошед!Иқтибос аз Рузгор: http://www.ruzgor.tj/matbuot/10976-ruzi-matbuoti-ozod-nigaroniho-va-umedvoriho.html« Ҳафтаи гузашта рӯзноманигорони тоҷик дар Кохи Ваҳдат ба муносибати бузургдошти «Рӯзи байналмилалии матбуоти озод» бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои ВАО-и ҶТ, Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари САҲА дар ҶТ, Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ҶТ, Филиали Интернюс Нетуорк дар ҶТ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ Конференсияи ҷумҳуриявиеро таҳти унвони «Дастовардҳо ва мушкилоти озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор намуданд. Дар сухани муқаддимавии худ Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ иброз дошт, ки бори аввал «Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод» 3-юми май дар пойтахти Намибия таҷлил гардид ва аз соли 1993 бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид расман 3-май Рӯзи матбуоти озод ва дигарандеш эълон гардидааст. Дар Тоҷикистони азизи мо бошад он аз соли 2001 ба ин сӯ пайваста таҷлил мегардад. Дар хатми конференсия ба як қатор рӯзноманигорон ҷоизаҳои таъсиснамудаи созмонҳои журналистии кишвар дода шуд. Чунончи ифтихорнома ва ҷоизаи «Падидаи сол» аз сӯи созмони «Медиа алянс» ба директории генералии «ТоҷикТА» Ҷамшед Ӯлмасов тақдим гардид. Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ «Барои касбият»-ро ба хабарнигори хабаргузории Рейтер Роман Кожевников, ҷоизаи ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев «Барои шуҷоат»-ро ба хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» Ҷамила Мирбозхонова, ҷоизаи «Беҳтарин блоггер»-ро ба рӯзноманигор аз Хуҷанд Рустам Гулов такдим карда шуд…»