Британияи Кабир қарор кардааст, ки дар дабистонҳо ба кӯдакон аз панҷ сола сар карда асосҳои барномасозиро омӯзанд. (www.zdnet.com/uk/programmingsettobecoreofnewcomputingclassesforenglishkids-7000011053/)

 

         Хеле иқдоми оқилона дар ин замони ҷангҳои иттилоот. Дар ин замоне, ки  интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.

 

         Чӣ? Мактабҳои мо? Фикр ба саратон омад, ки ҳоло аз ҳолу аҳволи мактабҳои Тоҷикистон сухан оғоз хоҳад шуд?

         Не, не. Хато кардед. Мо куҷову онҳо куҷо.. Охир толибилмҳои мо расо даҳ сол пас, дар синни 15-солагӣ асосҳои барномасозиро меомӯзанд. Ин матлабро на бо мақсади муқоисаи мактабҳои Британияи Кабир бо мактабҳои Тоҷикистон навишта истодаам, балки барномасозиро дар охир бурда ба сиёсат часпонданиам. Намехоҳам дар поёни матлаб хонандае назар нависад, ки «..муқоисаи Британияи Кабир бо Тоҷикистон ин аблаҳист..»

 

         Биёед атрофи он меандешем, ки чӣ чиз ҳукумати Британияи Кабирро водор кард, ки ба чунин иқдом даст занад? Чӣ чизро дар ин касб диданд? Чаро мехоҳанд, ки кӯдаки панҷсола ба забони барномасозӣ шинос шавад?

 

        Бармегардем ба сархати(абзац) дуввуми навиштор.

«Дар ин замоне, ки  интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.» Дунё – дунёи ахбору  иттилооту маълумот  шуд. Иттилоот  дорӣ — яроқ дорӣ. Ин кӯдакон дар оянда метавонанд «истеҳсолоти» иттилоотро барои кишварашон таъмин намоянд.

  Бубинед масалан Фейсбуку Одноклассникро ду-се барномасоз аз рӯи хоҳиши худ сохтанд ва миллионҳо истифодабаранда аз рӯи схемаи онҳо муошират менамоянд.

 

    Агар фаротар аз он назар афканем маҳз малакаи барномасозӣ метавонад тарзи ботартиб чидани  мақсаду маром ва ноил шудан ба онро ба кӯдаки панҷсолаи англис омӯзад. Аз хурдӣ ӯ аллакай шарт гузоштанро меомӯзад, «агар …. сипас – вагарна …. онгоҳ » (If..Then..Else..)..

Аз хурдӣ бо  ифодаҳои мантиқии «ВА-Ё-ҲА-НЕ..» шинос мешавад, ва чи будани алгоритми шоханоку давриро аз худ менамояд. Ин кӯдак дар оянда худ метавонад алгоритми ҳаёташро ба тартиб дарорад ва дар ҳама соҳа муваффақ бошад.

 

    Барномасозони собиқ бештар дар соҳаҳои роҳбарикунанда метавонанд комёб бошанд. Аз ин бармеояд, ки барномасоз ва сиёсатмадор ҳарду аз як чашма об мехӯранд. Сиёсати давлатдорӣ низ алгоритми иҷроиши амалро мехоҳад. То андозае амалҳоро бояд ботартиб гузошт, ки барнома иҷро шавад.

 

    Як мисоли одӣ. Зайд Саидовро кӣ мешинохт? (Дарвоқеъ, ӯ низ собиқ барномасоз будааст.)  Ғайр аз як гурӯҳи хурди маҳалу атрофиёнаш дигар касе ӯро намешинохт. Тасмим гирифт, ки ҳизбе таъсис медиҳад. Вокунишу муносибати мардум ба ӯву ҳизби ӯ нобоварона, бадгумона ва эҳтиёткорона буд. Бисёриҳо ақида доштанд, ки ин ҳизби кисагӣ хоҳад шуд. Интизор ҳам буданд, ки ин ҳизбро ҳукумат чӣ хел пешвоз мегирад ва дар чӣ муддат сабти ном мешавад?

 

     Дар ин ҳолат агар собиқ барномасозе дар ҳукумат мебуд алгоритмро тавре тарҳрезӣ мекард, ки ҳам ин қадар шӯру мағал  намехест, ҳам тарафдорони мардумиашро аз даст намедод ва ҳам обрӯяшро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебурд. Ҳукумат бояд дарҳол аз ин ҳизб истиқбол мекард ва дар кӯтоҳтарин фурсат онро сабтином мекард. Дар ин ҳол оё номи Зайд Саид мисли ҳозир расонаӣ мешуд? Оё мардум ба шӯр меомад? Оё чандин фаъолоне, ки калаванда буданд 180 градус зидди ин давлатдорӣ мегаштанд? Оё номи бе ин ҳам пасти Давлат боз пасттар мешуд? НА , НА ва боз ҳам НА. Чӣ хеле ки мардум ба Зайд Саидов ва ҳизби ӯ нобоварона назар мекарду кисагиаш мехонд, ҳаминтавр мемонд ва гумонҳо афзунтар мешуданд. Ва дар оянда, ҳукумат метавонист ин ҳизбро зери бол гирифта, ба манфиати худ истифода барад.

        Аммо афсӯс, ки бештари мансабдорон собиқ тракторчӣ ҳастанд ва сиёсатро чун замини шудгор мефаҳманду равшанфикрону фаъолонро чун алафҳои харкуркунаку  сагряк.

        Ё шояд,  алгоритми сохтаи онҳо  то ҳадде мушкилфаҳм аст, ки  қудрати фаҳмиши мо намерасад?