Дар шахраки Пушкинои назди Маскав Фаридун (ном тагир дода шудааст) як точикбача бо паҳлавониаш номдор гаштааст. Аз накли як шоҳиди зинда чунин ҳикояи вокей руи когаз омад. 
 Тахминан солҳои 2004-2005 дар шаҳраки хурдакаки Пушкино на танхо точикон, балки дилхоҳ мардикори озару узбаку киргиз дар вакти аз магозаи хурокворй баргаштанаш ба дасти хурдсолакони (малолетка) рус меафтид. Хурдсолакони чинояткор, вакте ки туда-туда иборат аз 5 то 15 нафари чамъ шуданд, омодаанд ба сангинтарин чиноят даст зананд.  Миллатхои гайри рус аз руи зарурат ба магоза мерафтанд ва ҳангоми баргашт мавриди горат, латтукуб ва аз ҳама камаш мазоҳу дашному шаппотй мегаштанд.
  
Дар маҳалли дигар дар як чорраҳаи серодам сартосҳо чамъ мешуданд ва ягон гайрирусе вакти аз ончо гузаштан бе латтукуб халос намешуд. Рузе як озарро миллатгаройҳо хеле «футбол» мекунанд.
  Фаридун, аз руи чусса машкдида ё варзишгар наметобад, лекин як бачаи дар куча калоншуда ва аз хурдсолй чангараю чангдида ҳаст. 
  
Озархо хама барои касос гирифтан омодагй мебинанд. Зиёда аз бист нафар бачахои бакувват чамъ меоянд ва накшаи касос тартиб медиханд. 
  Фаридун, ду сол мешавад, ки дар сохтмон кор намекунад. На хама медонист манбаъи даромади уро. У дар як зали варзишй, ки дар ончо чангхои рустй, гайрирасмй ва пулакй мегузашт кор мекард. Инчо на ягон намуди «бокс» ва на «бой без правила», балки як чанггохи кучагиро мемонд, ки тамошобинон пул мепартофтанду ду нафар хоҳишманд бе ҳеч коида занозан мекунанд ва пул насиби голиб мешавад. Онҳо ҳатто тренер надоранд. Фаридун бештари вакт бо чангҳои точикиаш пешсаф аст ва даромади хуб дорад. 
   
Ниҳоят озарҳо накша мекашанд, ки ин гуруҳи миллатчиро бо ягон роҳ ба тангкучае баранд, то ягонтоаш гурехта натавонад ва милисаҳо низ халал надиханд. Он махалро хуб санчида сипас амалиётро огоз мебахшанд. Ба ду гуруҳ таксим мешаванд. Гуруҳи якум бо калтакҳо дар тангкуча мемонанд. Як нафарашонро, ки суръати давиданаш хуб аст ба назди тоссарҳо мефиристанд. Гуруҳи дуввум бо фосилаи дур дунболи он як нафарро мегиранд. Ин нафари фиристода аз назди тоссарҳо мегузарад. Онҳо уро доштанй мешаванд ва у дашномҳо дода суи тангкуча мегурезад. Тоссарҳо бо газаб уро таъкиб мекунанд. Вакте ки ин як нафари тездав то тамомшавии тангкуча мерасад гуруҳи якум ба майдон мебароянд. Тоссарҳо ин тудаи бокалтакро дида ба акиб гурехтани мешаванд, вале дер шуда буд. Гуруҳи дуввум аллакай аз дигар тарафи тангкуча меомаданд. Хуллас, муҳосираи тоссарҳо, на чои гаштану, на чои гурез.
   
Фаридунро дар куча касе намешинохт. Вакте аз дари магоза берун меояд «малолеткаҳо» уро давра мекунанд ва аз у сигору пул талаб мекунанд. Фаридун атрофро аз назар мегузаронад, ки оё чои муносиб аст ё на. Сипас аз кисааш ҳамёнашро бароварда мекушояд. Онҳо мебинанд, ки ҳамёни у серпул аст. Фаридун як фурсати муносиб ёфта, чолокона давраро убур карда мегурезад. Онҳо аз паи сайди худ медаванд, вале бехабар, аз он ки кй сайд асту кй шикорчй. Фаридун суи торикй ва беодамй медавад. Чун макони муносиб меёбад ист мегирад ва омода шуда онҳоро «пешвоз» мегирад. Бо ҳар як зарба як нафаре меафтид.
  
Дар ин тангкуча ягона роҳи гурез бол бароварда ба осмон паридан монда буд. Инак, озарҳо аз ду тараф ба ҳучум мегузаранд. Танҳо садои вою доди тоссарҳо ва шикастани устухонҳо мебаромад. Пас аз дакикаҳои башумур дар тангкуча танҳо тоссар хоб буданд. Ягонтоашро бе «насиба» нагузоштанд. 
   
Фаридун почахои шимашро афшонда аз чанг тоза карда рохашро идома дод. Дар паси у бачахо шикаставу даридаву бехушу бохуш хоб буданд.  
    Акнун, дар ин шаҳрак «калласиёҳон» озоду баҳузур гардиш менамоянд ва касе пишакашонро пишт намегуяд. Хурдсолакон Фаридунро аз дури дида самти роҳашонро дигар мекунанд. Тоссарҳо мисле бухор шуда бошанд дар ин шаҳрак дигар наменамуданд.