Писарам сахари ба ман гуфтааст, ки имруз бо рафиконаш иди «хэллоуин»-ро чашн мегирад. Ин гапош маро дар хичолат мондан. Писарам ба ман маънои ин «ид»-ро фахмондан натавонист, чунки худаш аз таърих ва мохияти «хэллоуин» бехабар аст.

Ба чои кор омадаму ва калимаи «хэллоуин» дар интернет чустам. Хайрон шудам, ки ин «ид» асосан иди бутпарастони Бритониё ва Ирландия буда, исавиёни Аврупо ин идро дар асрхои миёна кабул карданд. Дар асри нуздахум бошад мухочирон аз Ирландия ва Шотландия «хэллоуин»-ро ба Амрикои Шимоли оварданд. Кариб ки тамоми давлатхои Гарб дар асри 20-ум ин «ид»-ро ба худ кабул карданд. Ба туфайли глобализатсия ва таъсири умумичахонии маданияти ИМА (Холливуд ва гайра), имруз бисёр чамьиятхои Шарки низ «хэллоуинро» охиста-охиста кабул карда истодаанд.

Ба фикри ман, мо бояд аз таъриху решахои ин урфу одат хеч вакт фаромуш накунем. «Хэллоуин» асосан иди бутпарастону исавиён буда, ба арзишхову анъанахои миллии точик ва чамьияти исломи хеч тааллук надорад. Мо бояд насли наврасро омузонем, ки «хэллоуин» ба точикон ва ахли ислом бегона мебошад. Точикписарону точикдухтарони сарбаланд ва миллатдуст хеч вакт набояд идхои бегонаро чашн гиранд.