имрузхо дар чахон техника ва технология хеле таракки кардааст ва кариб ки тамоми мардуми давлатамон низ аз он истифода мебаранд. бехуда аксри 21ро асри технологияи нав нагуфтаанд. бисёри маълумотхо ва дархостхои худро аз интернет ёфта метавонем. чавонони хозира бо ёрии интернет шиносхои наверо пайдо мекунанд. кариб ки тамоми мардум сахифахои интернетии худро доро мебошанд. гайр аз интернет боз телефони мобили низ хамчун муди нав дастраси мардум гардадааст. бо ёрии он мо метавонем бо хешону пайвандони худ ки ар хорича мебошанд, хамсухбат гардем. ва ман мехостам ки доир ба зарар ва ё фоида доштани онхо акидахои шуморо фахмам.

 чанде пеш дар яке аз шахрхои Россия писараки 8сола падару модари худро бо табаре зада куштааст. чи хеле ки маълум гардид, рузе пеш аз куштор, падараш аз сабаби оне ки фарзандаш бо онлайн-бози машгул асту дарсашро тайёр намекунад, компутер ва модеми фарзандашро гирифтааст, то ки фарзандаш дарс тайёр кунад. писарак ба кахр омада, шоми хамон руз такрибан соатхои 24 ба хонаи хоби волидонаш дароманда ба сари падару модараш чанд зарбае зада, пас аз он компутер ва модемашро гирифта бо бози машгул мегардад. аз ин ходиса 3 руз касе хабаре надошт. вакте ки ба хонаи онхо холаи писарак меояд ва буи мурдаро мефахмад ба коргардони полис хабар медихад. холо он писарак дар махбаси барои кудакони ноболиг чойгир аст.

  акнун бисёри мамрдум мегуянд, ки интернет ва инчунин телефони мобили чизи бад аст ва одамро расфо мекунад. ва холо агар назар кунем, мебинем ки бисёри духтарон аз волидонашон русти барои худ сахифахои интернети мекушоянд, ва инчунин хостгорон низ пеш аз оне ки ба хонаи духтар раванд аввал мепурсанд, ки магар телефони мобили ва дар интернет сахифаихудро дорад? гуё ки агар духтар сахифаи интернети дошта бошад, агар духтар телефони мобили дошта бошад, у духтари кучагард асту ва хазору хоказо.

ба шахсоне ки чунин акида доранд, гуфтаниям, магар дар замоне ки не телевизору телефони мобили ва не интернет буд, духтарони кучагарду фохиша набуданд, ки имрузхо духтарон агар бо телефон дар куча гап зананд, фикр мекунанд, ки бо баччае, бо дустдоштааст гап зада истодааст. Чи духтар дигар кас надорад? ё ин ки падару модараш нест? ва ё вакте ки куча мебарояд, волидонаш хак надоранд, ки ба духтарашон занг зананд?

ман фикр мекунам ки одамро на телефон, на интернет, на телевизиону дигархо вайрон мекунанду, духтаронро бошад, беобру. одамро одам вайрон мекунад. ва чи хеле ки дар урфият мегуянд, «бо мох шини мох шави, бо дег шини сиёх шави».

 хамаи обру мо, обруи оилаву авлодон дар дасти худи мо аст, ва он чие ки одамро расфо мекунад, худи одам аст.

 акнун ман мехостам ки фикри хар яки шуморо доири ин мавзуъ фахмам. пешаки ташаккури худро баён мекунам)))