1 моҳ дар Тоҷнет

 

11 апрели соли 2012 — рӯзи бакорандозии расмии сомонаи Блогистон.тҷ мебошад. Рӯзи кушодашавии сомона — 11 марти соли 2012 ба рӯзи ҷашнгирии 100-солагии матбуоти тоҷик мувофиқ омад.

 

То ин дам дар 15 рӯзи охир, ки ҳисоби хониш дар сомона гузошта шудааст, он бо рақами қариб 8000-ро нишон дода истодааст.

 

Дар ин муддат ба сомона зиёда аз 40 давлати дунё даромадаанд, ки ин нишонаи он аст, ки ҳамватонони мо ва шахсоне, ки навиштаҷоти Шуморо, дӯстони азиз, мехонанд, дар тамоми дунё ба воситаи ин сомона аз ҳоли ватан аз суханони шумо хабардор хоҳанд шуд.

 

Қисми зиёди меҳмонони сомона ба воситаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз Блогистон ва постҳои нав хабардор мешаванд, ки ба ин низоми тафсирот (комментарии) ва саҳифа дар Фейсбук мусоидат менамояд.

 

Ин аст, ки новобаста аз он, ки кай Шумо блогнависиро оғоз намудед ва чанд маротиба дар ин сомона мақолаҳои худро навистаед — ҳамаи постҳое, ки соҳиби мазмуну маънои хубанд ҳатман хонандаи худро ёфтаистодаанд. Ягон блогери нав аз чунин миқдори хонандагон дар дигар сомонаҳо нозида наметавонад.

 

Аз ин ҷиҳат ба Худо шукр гуфта, ба ҳамаи мо — блогерони тоҷнет — новобаста аз он, ки бо кадом забон менависед, барори кор хоҳонам!

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *