Ҳуқуқу озодиҳои Шумо бо чунин асосҳо маҳдуд карда мешаванд

Ҳар як шахс аз лаҳзаи таваллудаш соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳо мебошад, ки онро ҳам санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва ҳам санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ кафолат додааст. Албатта ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон комилу мутлақ нестанд, ҳолатҳои истисноие ҷой доранд ки ҳуқуқҳои нисбиро маҳдуд мекунанд. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо қонунгузорӣ таҳким бахшидани ҳудудҳои зарурии амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар одамон ва мӯътадил фаъолият кардани ҷомеа ва давлат аст.
Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо чунин шартҳо амалӣ шуданашон мумкин аст:
1.Бояд бо қонун пешбинӣ шуда бошад. Чунончӣ қисми 3-и моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 2-и моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 19-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 4-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян кардаанд.
2.Бояд мақсади ҳуқуқӣ дошта бошад. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дорои чунин мақсадҳои ҳуқуқӣ мебошад: бо мақсади ҳимоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон; бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ; бо мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ ва бо мақсадӣ таъмини тамомияти арзии ҷумҳурӣ. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳо танҳо дар ҳолати мавҷуд будани чор мақсадҳои ҳуқуқии дар боло зикр шуда иҷозат дода мешавад, яъне ин маънои онро дорад, ки қонунҳо ва дигар санадҳои мақомоти давлатӣ наметавонанд ягон асосҳои дигареро барои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намоянд.

3.Дар ҷомеаи демократӣ зарур бошад.
Тавре дар қисми 5 ва 6 – уми моддаи 8 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст:
“Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сииёсие, ки нажотпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.”
Барои он, ки кирдорҳои дар боло зикршуда ба арзишҳои демократӣ аз ҷумла ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонанд, аз ин лиҳоз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кирдорҳо манъ карда шудааст.
Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароитҳои зерин аз тарафи мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад:
1.Дар шароити мӯътадил.
2.Дар шароити вазъияти фавқулода.
Дар шароити мӯътадил аз тарафи мақомоти давлатӣ ҳуқуқ ва озодиҳои чунин шахсон маҳдуд карда мешавад: ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандони хориҷӣ (ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва.ғ.), маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шахси иллатдор (ҳуқуқ ба бастани аҳди никоҳ ва.ғ.), маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахсоне, ки ҷазои ҷиноятиро адо карда истодаанд (озодии ҳаракат, ҳуқуқи муттаҳид шудан ва.ғ.), инчунин дигар шахсон, ки қонунгузорӣ муайян кардааст.
Вазъияти фавқулода чораҳои муваққатии бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат эълон гардида дар ҳолати ба амал омадани таҳдиди воқеӣ ба ҳаёти аҳолии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат ва тамомияти арзии он аст. Вазъияти фавқулодаро ҳамчун тадбири муваққатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони худ эълон мекунад. Дар асоси қисми 2-и моддаи 1-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода” Вазъияти фавқулодда дар чунин мавридҳо ҷорӣ карда мешавад:
1) ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, эпизоотияҳо (муромурии ҳайвонот), ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хатарноканд;
2) дар мавриде, ки тартиботи ҳуқуқӣ ба таври оммавӣ вайрон карда шуда, воқеан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид мекунад;
3) ҳангоми кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
4) ҳангоми сӯиқасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйири сарҳади он таҳдид мекунад;
5) дар мавриди зарурати барқарор кардани тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.
Мувофиқи қисми 1-и моддаи 47-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.
Ба моддаи боло зикршудаи Конститутсия такя намуда гуфтан мумкин аст, ки ба ҷуз он ҳуқуқу озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинишуда маҳдудсозии дигар ҳуқуқҳо дар вазъияти фавқулода имконпазир аст.
Боиси қайд аст, ки дар ҷаҳони муосир ду ҳуқуқро ҳуқуқи мутлақ эътироф менамоянд ва дар ягон ҳолат ва дар ягон манотиқи ҷаҳон онро маҳдуд ва маҳрум намекунанд, ин бошад ҳуқуқи озодӣ аз ғуломӣ ва ҳуқуқи озоди аз шиканҷа мебошад, ки ин дар моддаҳои 4 ва 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар чунин таҳким бахшида шудааст:
Моддаи 4. Ҳеҷ кас набояд дар ғуломи ё ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дотшта шавад; ғуломи ва ғуломфурӯши дар ҳамаи навъҳои онҳо манъ аст.
Моддаи 5. Ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахт, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи тарафи ӯ қарор дода шавад.
Бояд қайд кард, ки маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар асоси принсипҳои инсондӯстӣ, адолат ва қонуният бояд сурат гирад.

Что вы думаете об этом?