Ҳуқуқи ташкили оила-бастани ақди никоҳи қонунӣ ва шартҳои он мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи ташкили оила яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад, зеро ҷамъияти инсонӣ бе мавҷудияти оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз сатҳи некӯаҳволии оила вобаста аст, ки ин ё он ҷамъият дар кадом сатҳ (сатҳи моддӣ, маънавӣ ва ғайра) қарор дорад. Ҳуқуқи ташкили оила ва дар зери ҳимояи давлат қарор доштани оила ҳанӯз дар Конститутсияи то давраи истиқлолияти Тоҷикистон таҳким ёфта буд. Дар баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишоф ёфтани муносибатҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи ташкили оила ва дар зери ҳимояи давлат қарор доштани оила дар Конститутсияи соли 1994 ду модда, яъне моддаи 33 ва 34 бахшида  шудааст.

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳӣ манъ аст.

(Моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

(Моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Никоҳ асос ва пояи ташкили оила ба ҳисоб рафта он дар асоси розигии тарафайни марду зан дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад ва барои ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила равона карда шудааст. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ пайдо мешавад.

Қайди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз ҷониби мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад. Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии никоҳ шахсоне, ки хоҳиши никоҳ карданро доранд, яке аз онҳо, метавонанд ба суд муроҷиат  намоянд.

Шартҳои асосии бастани ақди никоҳ инҳоянд:

1.Ба синни никоҳи расидан. Синни ақди никоҳиро  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаждасолагӣ муқаррар кардааст. Дар  ҳолатҳои  истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳии  барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад, ҳуқуқи муроҷиат ба суд оиди кам кардани сини никоҳӣ (на зиёда аз як сол) аз синни шонздаҳсолагӣ фаро мерасад.

2.Розигии тарафайни марду зан. Яъне бо хоҳиш ва иродаи худ бидуни таъсиррасонии беруна (очаву бобо, падару модар, хешони наздик, тарафи дигари никоҳшаванда ва ғайра) бастани ақди никоҳ мебошад. Дар сурати таъсиррасонии шахсони номбурда ва дигар шахсон барои бастан ва ё набастани ақди никоҳ онҳо ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешаванд.

3.Вуҷуд надоштани монеъа барои бастани ақди никоҳ. Моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд муайян карда бастани амуайян карда.стқди никоҳро  байни шахсони зерин манъ кардааст:

  • байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари бақайдгирифташуда  қарор дошта бошад;
  • байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);
  • байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд);
  • байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;
  • байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;
  • байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;
  • байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд (з 15.03.2016 с., №1290)даанд (;
  • байни фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;
  • байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайриқобилиамал эътироф  кардааст;
  • байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон (бемузд) мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.

Ба ғайр аз он шартҳои асосии бастани ақди никоҳ, ки дар боло  зикр кардем, инчунин шартҳои иловагии бастани ақди никоҳ ҳастанд, ки дар сурати яке аз никоҳшавандагон (марду зан) шаҳрвандӣ хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд (бетабаа) бошад татбиқ карда мешаванд.

Шартҳои иловагии бастани ақди никоҳ инҳо мебошанд:

  • Истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на кам аз як соли охир;
  • Ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳ.

Бояд қайд кард, ки дар сурати риоя ва иҷро нашудани яке аз шартҳои бастани ақди никоҳ, никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта намешавад дар ин ҳолат никоҳ эътибори ҳуқуқӣ надорад ва боиси пайдо шудани ҳуқуқ байни марду зан намегардад.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *