ҲУҚУҚ БА ОЗОДИИ СУХАН

        "Бе озодии баёни фикри худ одамон ҳеҷ гуна озодие надоранд "
                                                                   Волтер

Гуфтаҳои Волтер дар ҳама давру замон рост меояд ва ин гуфтаҳо дар замони муосир низ мӯҳтавои худро аз даст надодааст. Озодии сухан ба гуруҳи ҳуқуқҳои сиёсии инсон шомил буда, байни ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан мавқеи махсусро ишғол мекунад ва яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон маҳсуб мешавад.
Биёед барои пурратар ва мукаммалтар шудани маълумотҳо озодӣ ва ҳуқуқи инсонро тасниф медиҳем.
— Ҳуқуқи инсон чораи имконпазири инсон аст, ки бо қонун, ҳамчунин қоидаҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, динӣ кафолат дода шудааст.
— Озодии инсон худмуайянкунии шахсият, имконияти бе ягон маҷбурсозӣ мувофиқи иродаи худ амал кардан аст.
Ҳангоми суҳбат бархе аз одамон қайд менамоянд, ки ҳуқуқи инсон ва озоди ин ҳарду як маъниянд бархе дигар ба ҷавоб гуфтан мушкили мекашанд, лекин бояд донист, ки ҳангоме ки давлат ҳуқуқи инсонро кафолат дод давлат ӯҳдадор гаштааст то шароити мусоид фароҳам оварад баҳри амалишавии ҳуқуқҳои инсон. Озодии инсон низ албатта аз тарафи давлат кафолат дода мешавад, лекин давлат барои амалишавии он ҳеҷ кореро ба сомон намерасонад ғайр аз ҳифз ва ба он дахолат накардан. Ба ин мисол шуда метавонад, вақте ки давлат ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат дод ӯ ӯҳдадор қабул намуд, то ки шароити мусоид фароҳам оварад, яъне мактаб бунёд намояд ва онро бо лавозимоти хонишу омӯзгорон таъмин созад, вале вақте ки озодии суханро кафолат дод давлат ба ташкили шароит ӯҳдадор нест ӯ танҳо ӯҳдадор аст, ки аз мудохила намудан худдорӣ намояд.
Озодии сухан аз назорати идеологии давлат озод будани хар кас, имконияти ошкоро (хаттӣ, шифоҳӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма) баён кардани фикри худро оид ба масъалахои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти давлат дар назар дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30-юм озодии суханро хуб пешбинӣ намудааст:
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Дар замони демократикунонии ҷомеа бе мавҷудияти озодии сухан тасаввур кардани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд имконнопазираст, зеро дар давлати демократии ҳуқуқбунёд ҳар як узви ҷомеа метавонад фикри худро дошта бошад ва онро пайгирӣ намояд, ин ҳам бошад плюрализм (бисёр андешагӣ) аст, ки яке аз принсипҳои давлати демократист.
Озодии сухан унсурҳои худро доро мебошад, ки бо ҳамдигар зич алоқаманданд, ки инҳоянд:
1) озодии ҳар одам барои ошкоро баён кардани фикр, ғояҳо ва андешаҳои худ ва тарғиби онҳо бо ҳамаи усулҳои қонунӣ;
2) озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма аз сензура ва ҳуқуқи шаҳрвандон баҳри таъсис додан ва истифода кардани мақомоти иттилоотӣ;
3) озодии дастрасӣ ба манбаҳои иттилоотӣ, ё ҳуқуқи гирифтани иттилооте, ки манфиати ҷамъиятӣ дошта, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд.
Дар қисмати дуюм сензура қайд шудааст, сензура худ чист?
Сензура назороти ҳокимияти расмӣ ба мудариҷа, интишор ва паҳн кардани маводи чопӣ, мундариҷа ва иҷрои (намоиш додан) намоишҳои саҳнавӣ, барномаҳои радио-телевизион бо мақсади роҳ надодан ё маҳдуд кардани паҳншавии ғояҳо ва маълумотҳоест, ки ғайри қобили қабул ва зараровар эътироф мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба қисми 4 моддаи 3-юми Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” сензура манъ карда шудааст.
Худ баҳри ривоҷу равнақ ёфтани озодии сухан шароит фароҳам аст, лекин аз хотир набояд баровард, ки озодии сухан озодии мутлақ набуда дар ҳолатҳои зарурат маҳдуд карда мешавад ва аз рӯи Қонуни ҶТ “Дар бораи сирри давлатӣ” боби 3-юм номгӯи он муайян карда шудааст, ки паҳни он маълумотҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ рост меояд.
Аз руи таснифи ҳуқуқи инсон, озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор ба ҳуқуқҳои “насли якум» мансубанд. Дар санадҳои байналмилалӣ низ озодии сухан пешбинӣ шудаанд. Масалан дар моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар чунин пешбинӣ шудааст:
“Ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад, ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳади давлатӣ ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту ғояҳоро дар бар мегирад”.
Моддаи 19-и Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ба ҳамин ҳуқуқ бахшида шудааст:
«Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ақидаҳои худро бемамониат пайравӣ намояд. Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи ақидаи худ ҳақ дорад; ин ҳақ озодии ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва ғояро, сарфи назар аз марзҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ, ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеии изҳор ё дигар усулҳо бо интихоби худ дар бар мегирад”.
Дар охир сухани бузургеро ба хотир меоварем, ки гуфтааст:
“Дар рӯи замин андуҳи вазнинтар аз андуҳи нотавонии ибрози ақида НЕСТ”.

Один комментарий

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *