Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ

Мувофиқи мазмуни моддаи 9 – и Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се шохаҳои алоҳида ва мустақил ҷудо карда мешаванд: қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ки ҳар яки онҳо ба худ хос вазифа ва функсияҳо доранд. Пеш аз он, ки дар доираи мавзуи ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ибрози ақида намоем саравал мо бояд дар бораи мақомоте, ки онро амалӣ менамояд (ҳокимияти судӣ) маълумот дошта бошем. Ба ин хотир мо тасмим гирифтем то моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши Шумо намоем:

“Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.”

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қайду мустаҳкам карда шудаанд, ҳифз мекуд. Вазифаи суд дар Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

Фаъолияти суд дар асоси принсиҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ танҳо аз тарафи суд амалӣ карда мешавад.
  2. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
  3. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
  4. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
  5. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

Каме ҳам бошад дар бораи ҳокимияти судӣ, аз ҷумла низоми судӣ, вазифаҳои суд ва принсипҳои фаъолияти суд маълумот пайдо кардем, акнун моро зарур аст, ки дар бораи пайдоиши ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ,  кафолатҳои миллӣ ва байналмилалӣ оиди ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ, инчунин муаммоҳои ҷой дошта барои дастрасӣ ба ин ҳуқуқ яко як ба Шумо маълумот пешкаш намоем.

Бори аввал ҳуқуқи  дастрасии ба адолати судӣ дар Хартияи бузурги озодии соли 1215-и Британия, баъд дар билли амрикоӣ оид ба ҳуқуқҳо (соли 1719) ва дар Эъломияи фаронсавии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (соли 1789) зикр  гардидааст. Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дар натиҷаи ташаккули дурударози таърихӣ басо рушд ва инкишоф кардааст. Дар айни ҳол он дар стандартҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқҳои инсон таҷассум ёфта бо қонунгузории миллии ҳар давлат таҳким бахшида шуда кафолат дода шудааст.

Мувофиқи қисми 1-и моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

“Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.”

Ба ҷуз Конститутсия ва дигар қонунҳо инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ низ ҳуқуқ ба ҳифзи судиро кафолат додааст ва дар сурати мухолифат кардани меъёрҳои қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии эътирофкардаи байналмиллалии Тоҷикистон, он гоҳ санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд, ки ин тартибро қисми 3 – и моддаи 10 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва.ғ., ки онҳо аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуда Тоҷикистон ҳамчун узви ин созмон онҳоро эътироф кардааст кафолат дода мешавад:

Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ӯ, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар моддаи 8.).

Ҳамчунин моддаи 10-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муайян кардааст, ки: “Ҳар як инсон барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш ва муқаррар кардани асоснокии айбномаи ҷиноятие, ки ба дӯши ӯ гузошта шудааст, ба таври баробарии комил ҳуқуқ дорад, ки парвандаи ӯро суди мустақилу бетараф, ошкоро ва бо риояи талаботи адолат баррасӣ намояд” яъне ҳуқуқ ба муҳокимаи суди одил (адолатнок) муайян карда шудааст.

Дар дигар санади ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ин масъала чунин пешбинӣ шудааст: “Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд, ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ӯ эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад”(Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ моддаи 14).

Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ яке аз ҳуқуқҳои мутлақи инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, ҳатто дар давраи вазъияти фавқулода ҳам маҳдуд карда намешавад. Ин ҳуқуқ ба ҳамаи инсонҳои рӯи олам мансуб аст, вале  дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳони муосир оид ба дастрасии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ барои табақаҳои камҳимояи аҳолӣ: ашхоси дар хонаҳои парастории иҷтимоӣ қарордошта, пиронсолон ва ашхоси дорои бемории куҳандошта, ашхоси дар муассисаҳои табобатии бемориҳои рӯҳӣ қарордошта, ноболиғони дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва муассисаҳои кӯдакона нигоҳдошташаванда, ашхоси дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ашхоси имконияташон маҳдуд ва. ғ. як қатор муаммоҳое ҷой доранд.

Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбати шахсони дар боло номбаршуда маҳдудиятҳо ва монеъаҳое нестанд, ки ба ҳуқуқи дастрасӣ ба ҳифзи судӣ ягон таъсир расонанд. Моддаи 47-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳое, ки ҳатто дар вазъияти фавқулода ҳам маҳдуд карда намешаванд муайян кардааст, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ аз зумраи он ҳуқуқҳост. Дар хусуси монеъаҳо бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати пайдо шудани ягон монеъа оиди дастрасӣ ба ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ сари вақт барои бартараф кардани он монеъаҳо чораҳои қатъӣ меандешад.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *