Ҳинду Мехрнигори Рустам — ро дуздид!

Чанде пеш Бехруз Зеваров — продюсер ва роҳбари ширкати «Топ Медия» хабар дод, ки овозхони шинохтаи тоҷик Валиҷон Азизов суруди навиро бо номи «Бигӯ» омода намудааст, ки оҳанги он аз сароянда Мехрнигори Рустам аст:

«Мехрнигори Рустам пештар ҳам оҳанг эҷод мекард, аммо намехост, ки дар ин бора бигӯянд. Аммо ахиран бону Меҳринигор розӣ шуд, ки минбаъд сарояндаҳое, ки аз оҳангҳои ӯ истифода мекунанд, номашро ҳамчун соҳиби оҳанг бинависанд»

Бехруз Зеваров ҳамчунин афзуд, ки оҳанги таронаи машҳури «Имшаб ҳаво боронист»-и Зафар Абдуаллимов, ки яке аз сертамошобинтаруну сербаҳстаринҳо дар сомонаҳои интернетӣ маҳсуб меёбад, моли Меҳринигор аст.

Дар робита ба ин мавзуъ продюсери Мехрнигори Рустам — Самир Темуров гуфт, ки « сабаби нахостани дарҷ гардидани номаш ҳамчун оҳангсоз дар он аст, ки Меҳринигор аслан сароянда аст ва оҳанро бошад, кам-кам эҷод намуда, танҳо ба дӯстони наздикаш тақдим менамояд».

Ҷаноби Самир ҳамчунин афзуд, ки «чанде пеш Мехрнигори Рустам дар сомонаи фейсбук бо оҳангсози ҳиндӣ Самир Капур шинос шуд. Баъди он ки Самир сароянда ва кам- кам оҳанг сохтани Меҳринигорро фаҳмид, аз ӯ хоҳиш кард, ки охирин оҳанги эҷод намудаашро зам-зама намояд. Меҳринигор низ бехабар аз он ки Самир мехоҳад, ки аз созҳои тоҷикона суруди нав барои сарояндаи зердасташ омода карданист, оҳанги навашро зам-зама мекунад. Самир бошад, он оҳангро дар диктафони ноутбукаш сабт намудааст. Баъди суҳбат Самир Хон ба Мехрнигори Рустам мегӯяд, ки бароят сюрпризе дорам, интизор бош, баъде чанде мефиристонам. Баъди ду- се рӯз Самир Хон ба Меҳринигор сабти баромади сарояндаи зердасташро дар озмуни «Сурудҳои ҷовидонаи ҳиндӣ дар иҷрои кӯдакон», ки ҳамасола дар Ҳиндустон баргузор мегардад, мефиристад. Меҳринигор бо дидани ин навор дар ҳайрат мешавад, зеро сарояндаи ҳиндӣ дар оҳанги Меҳринигор суруди паштугиро зам-зама мекард. Аммо хушбахтона Самир «дузди баинсоф» баромад, зеро дар поёни навор навишта шуда буд, ки «Music bu Mehrinigor» — оҳанги Меҳринигор навишта шуда буд. Мо албатта аз як ҷиҳат шод шудем, ки оҳанги Меҳринигорро дар чунин озмуни бонуфуз сароиданд, аммо аз ҷиҳати дигар хафа шудем, ки бидуни иҷозаи мо ин корро карданд».

Дар охир Самир Темуров — продюсери Мехрнигори Рустам ба мо ваъда дод, ки бо даст додани имконият сабти он оҳангро ба мо оварда, манзури истифодабарандагони сомонаи pressa мегардонад. Аммо то он рӯз ба шумо оҳанги нави Валиҷон Азизовро, ки Меҳринигор эҷод намудааст, манзуратон мегардонем.

PRESSA.TJ

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий