Равишҳои нави пур кардани буҷети давлатӣ

Дар замонаи имрӯз каси бо дарди мардум зиндагӣ кунад, каси дигар ҳиссаи мардуми бечораро аз худ карда ҷайби худро пур мекунад. Афсуски чунин шахсон дар байни мансабдорону коркунони ҳукумат низ мавҷуданд. Ва онҳо аз ҳисоби маблағи мардуми бечораҳол зиндагонии худро ба пеш бурда маблағҳои бо сабабҳои гуногун аз мардум ҷамъ шударо ба ҷайби худ мезананд. Ин аҳволи иҷтимоӣ-иқтисодии мардумро душвортар мегардонад. Ин андешаҳои мо бесабаб нест албатта.

Ғайр аз ин баъзе аз қарорҳое, ки аз тарафи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, низ аҳволи душвори мардумро боз ҳам душвортар гардонда истодааст. Мувофиқи қарори моҳи январи соли равон аз тарафи раиси ҷумҳурӣ имзо карда шуда номи як қатор маҳалҳои аҳолинишин иваз карда шуд.

Хусусан, дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Ҳисор деҳаи “Навбулоқ” ба шарафи раиси ҷумҳурӣ ба деҳаи “Раҳмонобод” табдил дода шуд. Инчунин деҳаи “Хирсхона”и наздики шаҳри Панҷакент ба “Ганҷиниҳон”, деҳаи “Қӯштепа” ба“Наврӯзтепа”, деҳаи “Қиёқли” ба “Ҳафтруд” иваз карда шуд.

Дар ноҳияи Ашт деҳаи “Бобоқир” деҳаи “Бобохайр” номида шуд. Ғайр аз ин дар ноҳияи Бохтар “деҳаи “Фрунзе” ба “Обшорон”, деҳаи “Посёлкаи нав” ба “Файзобод”, деҳаи “Бирлик” ба “Чорбоғ”, деҳаи “Будённого” ба деҳаи “Сероб” тағйир дода шуд.

Бо муносибати аз нав номгузорӣ як қатор ҷадвалчаҳое, ки номи хиёбону кӯчаҳоро нишон медиҳад, инчунин эълонҳо, муҳр ва штампҳои мактабу боғчаҳо ва дигар ташкилотҳо иваз карда шуд. Барои ивази онҳо аз мардум мажбуран маблағ ҷамъ карда шуда истодааст. Ин ҳолат низ сабабгори норозигиҳои мардум гаштааст. Аз тарафи мансабдорон мардуми ночор барои додани ин маблағҳо маҷбур кунонида мешаванд.

Ғайр аз ин шахсоне, ки дар ин ҳудуд истиқомат мекунанд шиноснома, гувоҳнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро мажбуран иваз карда истодаанд. Аз тарафи ҳукумат барои гирифтани шиносномаи нав 18 сомонию 52 дирам ва барои гирифтани муҳри ангушт 7 сомонӣ ҷамъ карда шуда истодааст.

Гуфтан мумкин аст, ки ин ҳолат низ аҳволи танги мардуми бечораро боз ҳам тангтар мегардонад. Дар дигар кишварҳо хориҷии тараққиёфта ин маблағҳо аз тарафи бюҷети давлатӣ сармоягузорӣ карда мешавад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон бошад баръакс ин гуна маблағҳо мутассифона аз мардуми бечора маҷбурӣ ҷамъ карда мешавад…

Что вы думаете об этом?