ПАРИЖ АЛМАЗБЕК АТАМБАЕВРО МАСТ КАРД (Чанд ишора ба бехудиҳои президенти Қирғизистон дар Фаронса)

Аз суханронии президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар чарёни вохўрй бо соҳибкорони Фаронса бармеояд, ки ў аз дидани шаҳри афсонаангези Париж (Фаронса) ба дарачаи мадҳўшй мафтун шуда аст ва кй буданашро аз ёд бурдааст.

Бино ба хабари ожонсии хабаргузории “24.kg” раисчумҳури Қирғизистон Алмазбек Атамбаев бо таъкиди ин ки ҳамаи вакилон сўи Париж бо эҳсоси хосса парвоз карданд, меафзояд: “Обшории адабиёти Чумҳурии Қирғизистон аз Париж аст, дар асоси китобҳои Дюма бунёд ёфтааст, мо замони баччагй худро Дартанян тассаввур мекардем, шамшербозй мекардем, сурудҳои фаронсавй мехондем.” Хуб, “аз Париж обшор будани адабиёти қирғиз”ро ба дарачае фаҳмидан мумкин аст. Зеро дар замоне, ки муколамаи фарҳангй беш аз пеш вусъат мегирад, аз ҳамдигар баҳраҳо бардоштани адабиёту фарҳанги миллй як амри табиист. Аммо “…дар асоси китобҳои Дюма бунёд ёфтани адабиёти қирғиз”–ро чй хел фаҳмем?   Александр Дюма солҳои 1802-1870 зиндагй ва эчод кардааст. Пас, бино ба суханҳои президенти Қирғизистон, халқи қирғиз то қарни 19 адабиёт надоштааст? Хуб хабар дорем, ки Аламзбек Атамбоев боре чанд дар кишвараш ва хорич, хоссатан Россия “таърихдони”-и худро намоиш дода, дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола будани халқи қирғизро бо асосу беасос таъкид карда буд. Акнун “адабиётшиносй”-ашро ба намоиш гузошта, адабиёту фарҳанги халқи қирғизро ин қадар паст задааст.

Ачабо! Ба хотири ба Қирғизистон чалб кардани сармояи точирону соҳибкорони фаронсавй ба замин зону заданҳои маънавии президенти як кишвари мустақил магар шарт буд? Ё Алмазбек аз зебоиҳои Париж, чозибаи сармояи соҳибкорони Фаронса он қадар маст шуд, ки президент буданашро фаромўш ва шеваи савдогарони ночавонмардро ихтиёр кард? Алмазбек Атамбоев, ки тибқи иддаояш “ роҳи фаросавиро” баргузидааст, агар дар кишвараш муҳити созгори сармоягузориро фароҳам оварда метавонист, имрў пеши пойи фаронсавиён зонуи маънавй намезад.

Президенти Қирғизистон бо таҳқир кардани халқи худаш қаноат накарда, ба хотири таъкиди демкорати ягонаи минтақа буданаш сўи ҳамсоякишваррҳо санги таҳқиру ҳақорат меафканад. Вай мегўяд: “Шумо халқи бузург, кишвари бузург ҳастед. Ва фаромўш накунед, ки дар Осиёи Марказй, дар иҳотаи давлатҳои авторитарй як кишвари кўчак ҳаст, ки мехоҳад ба роҳи фаронсавиҳо пеш равад, сурудҳои фаронсавй мехонад (халқи қирғиз ё суруд надорад, ё дошта бошад ҳам кирои сурудан нест. (аз муаллиф)) ва инқилобҳо кардааст. Ин ҳамааш аз франсузҳост. Аммо дар мо дигар ҳеч гуна инқилоб намешавад”.

Агар ин суханҳоро як нафар точир, ё ҳатто вазир мегуфт, бо заҳрхандае атояшро ба лиқояш мебахшидем. Аммо чй бояд кард, ки ин ҳарфҳои подарҳаво ва пур аз санги ҳақоратро Президенти ҳамсоякишвари мо гуфтааст. Аз суханҳои Алмазбек бармеояд, ки роҳбарони кишварҳои Хитой, Точикистон, Ўзбекистон, Казокистон диктаторҳои худкомаанд ва дар ин кишварҳо аз демократия ному нишон нест ва аз ин сабаб президенти Қирғизистон рў сўи Фаронса ниҳодааст.

Ростй, ин суханҳои раисчумҳури қирғиз ҳуввияти мо, точикону халқи Точикистонро сахт таҳқир мекунад. Аслан, ба Алмазбек Атамбаев, ки дар кишвараш ҳанўз оддитарин арзишҳои демократиро барқарор карда натавонистааст, шеваи дипломатияи раҳабариро наомўхта, масъулияти баёноти шахси аввали мамлакатро дарк накардааст, ки ҳуқуқ дод, ки моро таҳқир кунад? Аз одамгарй ва шинохтани ҳаққи ҳамсоя ҳочати гап ҳам нест. Дарвоқеъ, Атамбоев-президенти кишварии аксарияти аҳолиаш мусулмонҳо дар асоси ахлоқу фалсафаи исломй не, дар асоси фарҳанги фарангй таълим гирифтааст. Мо аз ҳукумати Точикистон, хоссатан Эмомалй Раҳмон хоҳиш мекунем, ки вокуниши шоиста нишон бидиҳанд.

“…дар Осиёи Марказй, дар иҳотаи давлатҳои авторитарй як кишвари кўчак ҳаст, ки мехоҳад ба роҳи фаронсавиҳо пеш равад, сурудҳои фаронсавй мехонад ва инқилобҳо кардааст. Ин ҳамааш аз франсузҳост.”

Бино ба иддаойи президенти Қирғизистон қирғизҳо ба роҳи фаронсавй рафта, сурудҳои фаронсавй хонда, инқилобҳо кардаанд ва “Фаронса ба дарачае муаллим”-и онҳост ва онҳо дар асоси “ормон-идеалҳои фаронсавй ва адабиёти он” таълим гирифтаанд. Агар ин суханҳои президентро аз нигоҳи воқеияти феълии Қирғизистон шарҳ диҳем, ба чй хулоса меоем?

Дар Осиёи Марказй Қирғизистон аз дидгоҳи сиёсй, иқтисодй, ичтимой ва чозибаи инвеститсионй аз поён аввал аст. Дар ҳоле ки ҳамсояи “авторитар”-и (ба қавли Атамбаев) Қирғизистон Хитой дар чаҳон аз лиҳози рушди иқтисодй ва барқрории сиёсй ҳарфи аввалро мезананд.

Мо, ҳамсояи Қирғизистон, яъне точикон аз “муаррих”, “адабиётшинос”, яъне президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев хоҳиш мекунем, ки баъди аз тассуроти масткунандаи сафари Фаронса раҳой ёфтанаш, ба масаъалаҳои забоншиносй, аниқтараш этимология низ каме машғул шавад. Ў ва бархе вазирону вакилонаш ҳамеша даъво мекунанд, ки қирғизҳо аввалин ва қадимитарин сокинони Осиёи Марказй ҳастанд. Аз чаноби Атамбоев пурсиданй ҳастем, ки номи ҳафтаҳо (душанбе, сешанбе…) ва вожаҳое, аз қабили нон, сартарошхона, ошхона, чойхонаро (ин қабил вожаҳо хеле зиёданд) ба қирғизй чй мегўянд? Чй гуна шудааст, ки қадимтарин сокинони Осиёи Марказй – қирғизҳо то омадани точикон ҳатто ба рўзҳои ҳафта ном нагузоштаанд, мўи сар нагирифтаанду ошхона нарафтаанд?

Чаноби президент, ҳама чиз меъёр дорад, Аз чумла таъриф кардани худ ва дигарон ҳам.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *