Ояндаи кишварам дар хатар аст

Имруз кишвари ман дар холати хеле вазнин истодааст. Пеши назар боз хамон солхои 90 -уми пеш аз истиклолият хувайдо мегардад. Хол он ки аз он солхо 20 сол гузаштаасту мо дар арафаи чашнвораи иди истиклолияти Ватан истодаем, Иди барои хамаи мо азизу бузург , иде ки хамаи мо дар орзуи бо дастовезхои калон онро пешвоз гирифтан ,аммо то хол,дар давоми ин солхо мо аз паи кать додани гуруххои дини гаштаем. Бо чи сабаб дар мамлакати мо мазхаб сол то сол пуркувваттар мегардад. Ба ин ки гунахкор мебошад ?

Новобаста аз он, ки дар кишвар аз тарафи органхои худидоракунии Точикистон, тадбирхои профилактики аз паи танзими болоравии мазхаб бурда мешавад,тамоюли дар оянда вазнин гардидани вазъият нигох дошта шудааст.

Алалхусус дар дехаи «Хаёти нави» нохияи Хисор вазъият хеле вазнин мебошад. Дар ин нохия, ки аз пойтахт на чандон дур аст, 3 гурухи динии занон , бо номи омузиши дарсхои ошпази ва дузандаги , худро мухофизат карда ,кариб 20 нафар занону духтаронро аз рохи зиндагии осоишта баргардонда, ба омузиши дарсхои конуну коидахои дин ва забони араби машгул кунондаанд.

Ташкилкунанда ва рохбари ин гурухи дини шахсе бо номи «Фаридахонум» ( 40-45 сола,зодаи дехаи «Лологии» нохияи Хисор ,дар гузашта муаллимаи забони англиси, аъзои равияхои мочарочуёнаи «чихад », ки соли равон аз давлати Туркия омадаст) мебошад.

Пас аз давра ба давра даре гузаштан,онхоро хуб ба коидахои дини омузонда,тайёр намудан, хар як сокини муайяни нохияро ба таасуби дини табдил дода,хичобро ба бар мекунонанд.

Гуфтан чоиз аст, ки гайр аз омухтани коидахои дини, аз худ намудани забони англиси, онхо боз дарсхои расондани ерии аввалиндарача ба беморон ва ярадоронро меомузанд.

Муносибтарини мутаасиб ва мавхуми динро, бо робитахои кории худ ,барои дастгирии бародарони мусулмон, «Фаридахонум», ба давлатхои Эрон ва Сирия, чуноне мегуянд, дар кори барпо намудани «Халифат» равона мекунад.

Вазъият бо он вазнин мегардад, ки дар тамоми мамлакат афзоиши шумораи мачитхои пинхони ва хучрахои дини дар шароити хона, ки дар он кудакони аз 4 то 16 сола дарси дини мегузаштанд, ба кайд гирифта шудааст.

Суоле ба миен меояд, ки кудакон ба ин гуруххо чи тавр афтидаанд? Хол он ки мо ба онхо конуну коидахои дини, ё ин ки чи тавр ба даст гирифтани аслихахои чангиро не, балки онхоро бо осори гаронбахои гузаштагони бузургонамон ба монанди Абуабдуллои Рудаки, Абдулкосими Фирдавси , Абдурахмони Чоми , Абу Али ибн Сино, Умар Хайем. Саъди Шерози ва даххо даххо номхоро номбар кардан мумкин аст, ошно созем.Ба онхо маънои калимахои мехру мурувват, навозиш, лутфу мархамат ва хуршедро фахмонем. Дар хар се маъно хам дуст доштан, мехрубони кардан,гарму самими будан акс ефтааст.Чунки мехр фазилати хуби инсони мебошад,нисбати хама чизу хама кас хайрхохи ва неки кардан аст.

Аммо имруз мо чиро мебинем…..

Агар насли навраси имруза ба даст гирифтани аслихаи чангиро омузад, ,байни хохару бародар , еру дуст , хешу акрабо мехру мухаббат мемонад? Холо мо суоли мехру мухаббат ба Ватанро намедихем. Ба ин суол чавоб гирифтан вагарна осон мешавад ? Хол он ки мегуем , ки ояндаи дурахшони кишвар дар дасти чавонон мебошад.Агар имруз мо наели наврасро ба ин хислатхои нек наомузем, мо дар руи замин некиро намебинем. Бехуда нагуфтаанд,ки одамони нек, чавонмардон хайрхоху химматбаланд буда, дар руи замин тухми неки мекоранд.вагарна тухми неки накорем мо аз замин гайр аз чангхои бародаркуши чизеро намегирем.Чахонро гир на бо камону шамшер гуфтаанд, балки бо панду хикмати шеър, бо аклу заковат, бо илму дониши аъло.

Аввали мохи августи соли чори аз тарафи идораи «Танзим» (ташкилоти назорати урфу одатхои гуногун ва дини дар чойхо) танхо дар шахри Душанбе 10 то мини мачитхои пинхони , ки дар он кудакони аз 8 то 13 сола дарехои дини ва забони арабиро меомухтанд, ба кайд гирифта шуд.

Дахшатангезаш дар он буд, ки ба онхо фукарохои Точикистони, онхое, ки дар давлатхои Афгонистон ва Сирия тайерии хуби харби дидаанд, даре медиханд.

Пас аз ин ходисахо мо ояндаи давлатро чи тавр хохем тасаввур кард.?

2 Комментарии

  1. Акаллан камтаракак аклатонро кор фармоед — як бор худатон хонед, ки чихо менависед. Масалан, чумлаи «кариб 20 нафар занону духтаронро аз рохи зиндагии осоишта баргардонда, ба омузиши дарсхои конуну коидахои дин ва забони араби машгул кунондаанд.».

    Ин чи маъно дорад — Ислом магар хаёти осоишта нест??? Аз омузиши коидахои дин КИ зарар дидааст??? Аз худ кардани забони араби магар аллакай чиноят аст???

    Як гапое навиштаед, ки гуё орзуи чори намудани атеизм дар кишвари мардуми мусалмон хастед!

    Оиди масчидхои ба ном «пинхони» — онхо албатта пайдо мешаванд, чунки мардум дар дил шукри Худо имон дорад ва ниёз ба Парвадигорро эхсос мекунан, аммо давлат масчидхоро як ба як махкам карда, имконияти бо рохи конуни пайрави намудани динашонро махв месозад. Хатто 70-соли шуравият ин корро карда натавонист ва хатто хамон солхо буданд масчидхои «пинхони» ва махз бо рахмати Худованд онхо арзи вучуд карда, мардуми моро аз дастаи атеизм рахо нигох доштанд.

    Магар бехтар нест, ки ин масчидхоро ба чои махкам кардан баръакс кушоянд ва ба кайд гиранд, то ки мардум аз чунин манбаъхои конуни маълумоти диниро гирифта, мачбур нашавад, ки пинхони аз ашхоси номаълум онро дастрас намояд.

    Атеизме, ки шумо пешбари мекунед бо ин гуна маколахоятон ягон фоидае надорад ва дар асл он хатари бузургеро эчол мекунад, аз чумла ба амнияти милли, чунки мардуме, ки таскини дилашро аз ноадолатихо дар дин намеёбад, ба даст ярок мегирад.

Напишите свой комментарий