Одоби мехмону мехмондории чаноби Эмомали Рахмон

Одамони мехмоннавоз хамеша аз одамони мехмон шод мешаванд ва хар чи, ки дошта бошанд онро назди мехмон мегузоранду мехмонро хурмату эхтиром менамоянд ва бо чехраи кушод хизмати уро бо чону дил адо мекунанд.

Халки ман бо ин хислатхои хуб ба монанди мехрубониву мехмондусти бой аст, ки ин ба хеч кас сир нест. Ин мардум бо пазироии гарм, муомилаи хуш, инсонпарвари, таомхои лазизи дастурхони пурнозу неъмат, ки дар замини саховатманди кишварам Точикистон, парвариш карда мешавад, ба хама шинос аст.

Аммо мехмонравию мехмондори хам одоби (маданияти) худро дорад. Одоби мехмондори дар он аст, ки мизбон бояд ба омадани мехмон шод бошад, хар чизи бехтаринро ба назди мехмон гузорад. Вай бояд ба хама як хел муомила намояд,яъне мехмонро ба табакахо чудо накунад. Баъзехо ба одамони воломаком, яъне мансабдор бо хазор забон ran зада онхоро хуш кабул мекунанду, хар гахе одамони бенаво ояд кошу кавок карда онхоро сард кабул мекунанд, ки ин гунохи азим аст.

Дар бораи одоби мехмонравию мехмондусти навишати ман бесабаб нест.

Чуноне ба хамаи мо маълум аст, мачлиси органхои олии созмони хамкории Шанхай (ШОС) имсол дар сарзамини Точикистон 11-12 сентябр туда гузашт ва ин рузхо рохбарони давлатхои аъзои созмони хамкори Шанхай ба кишвари мо ташриф оварданд. Албатта рохбарон аз тарафи чаноби Эмомали Рахмон ва оилаи он пешвоз гирифта шуданд. Алалхусус президенти давлати кариб якуним миллиардинаи Хитой Си Цзиньпин ва хамсари у ба тарзи васеъ пешвоз гирифта шуданд.

Пас аз тамошои навори бо номи «Шаби дусти» вохурии чаноби олий ва оила, алалхусус духтарони бехисоби у, бо президенти давлати Хитой Си Цзиньпин ва хамсари он, бисьер саволхо ба миен омаданд.

Суоле якуме ки худи маро дар хайрат гузошт ва то хол ба ин суол чавоб ефта наметавонам ин:

— Ба пешвози намояндагони созмони хамкории Шанхай, духтарони президент чи алока доранд.?

Дувум чуноне дар навор мебинам, чаноби Эмомали Рахмон мехмононро бо яке аз хонахои бо урфу одатхои миллии мардуми оро додай кароргох шинос карда истодааст. Дар хамин чо ба сарвари кишварам суоле до дани хастам:

— Чаноби Эмомали, агар шумо мехмононро бо урфу одатхои милии мардуми точик ошно кардани бошед, пас чаро дастурхони оро дода, мизу курсихои шумо аврупои мебошад, кани у ликобчахои миллим мардуми мо, курпачаву лулахои гулдузи?

Гуфтани хастед, ки шумо урфу одатхои кадимаи мардумиро бо хозиразамон омехта кардани шудет.? Хеле хуб …

Пас чаро сару либоси пушидаи духтарони шумо, ки ба пешвози мехмонони иззатманди давлатхои хорич бармадаанд, аз руи намуд рост намеояд. Албатта хамаи ин корхо табъи баландро талаб мекунад, алалхусус дар ин замон. Чуноне мо медонем матои атлас ин рамз, нишонаи либоси миллии моро ба худ такозо мекунад. Аммо вале духтарон либосхои аз маохои гуногунро дар бар кардаанд, ки намуди бад дорад. Мумкин буд, ки аз матои атлас либосхои аз руи духт зебои замонавиро духта, ба бар кунанд. Ва мо ба cap румол не, балки токихои зебои милли дорем, ки он ба хусни зебодухтарони точик мо хусни тоза мебахшид. Бехтараш хамон куртахои чакани кулобии худро пушида мебаромаданд.

Гаштаю баргашта ман ин навор дидам. Вакте ки ман ба сару либоси пушидаи оилаи сарвари мамлакатам назар меафканам, бовариам намеояд, ки ман дар асри 21 зисту зиндаги мекунам ва давлати ман зиеда аз 20 аст, ки мустакил мебошад.

Гайр аз ин ба рафтори сарварам ахамияти калон медихам. Дар урфу одатхои миллии мо ва умуман мегуянд, бо чашми бад ба зани касе назар кардан гунох аст ва аз одоб берун аст. Вале дар вакти вохури чаноби олии мо дар кароргох бо президенти давлати Хитой Си Цзиньпин ва хамсари у, чаноби Эмомали Рахмон диккати худро танхо ба хамсари Си Цзиньпин равона мекунад ва чанде дасти уро мегирад, ки ин кори ношоиста аст.

Албатта дар мехмондори, маданияти мехмондори ва мехмоннавози роли калон мебозад. Лекин» афсус ба чаноби Эмомали Рахмон ин маданият чи кор кунад. Дар у на факат маданияти мехмондори, балки маданияти суханрони ва кору рафтор дар созмонхо, чуноне чанде шохиди он гашта будем, наздик хам нест. Мумкин аст, ки ман сарвари кишварамро сахт мухокима карда истодаам, Вале афсус, хомуш истода наметавонам. Бори дигар ба навор менигараму аз рафтори президенти мамлакатам изо мекашам. Бо таомхои милли, алалхусус самбусахои болаззат зиёфат додани Эмомали Рахмон ба хамсари Си Цзиньпин. Наход, ки дар хамаи кароргох як дастпокун ё сачоки когазин, ё як ликобчае дарёфт нашуд, ки ба дасти у, чунон мегуянд, аз руи одоб бидиханд. Лек сад афсус самбусахоро ба дасти у доданд, гуё партофтанд. Зани бадбахт аз ногахони, мажбур, бо саросемаги самбусахоро ба дасташ мегирад, то ки самбусахо ба замин наафтанд.

Пас ба даст афшондани чаноб назар афкандам. Ба ин чи тавр бахо дихам.?

Ин аст маданияти чаноби президенти кишвари мо.

Мегуянд, агар хохи ки хурмату иззати туро боло монанд, дар аввал ту бояд хурмату иззати худро бидони, то ки дигарон туро хурмат бикунанд.

Бо ин одобу рафтор дар бораи кадом хурмату иззат сухан рондан мумкин аст.

Агар дар бораи табъи он сухан ронем, соатхо лозим меояд.

Ха, имруз кишвари ман боз хам зебову дилоро гашта истодааст. Бинохои нави бисьёрошьёнаи хозиразамон кад рост карда, ба хусни шахр хусни тоза мебахшад. Пекин он кароргохе, ки чаноб президент Си Цзиньпинро бо таъриф ошно сохта истодааст, беихтиёр чашмам ба он силсилаи шилшилахои чарогхои рангин (гирлянда) афтод ва печондани дарахтон бо он чи маъни дорад? Хол он ки мо соли навро не, балки иштирокчиени созмони хамкории Шанхайро пешвоз мегирем. Ва ба фикри сарвари мамлакати ман чаноб Эмомали Рахмон бо ин табъи ороиш, гуё сарвари давлати Хитой Си Цзиньпинро ба таачуб гузошт. Хол он ки чунин ороиш дар давлати у, ба асри 18 рост меояд, гуем хато намекунем.

Ман хеле шод хастам, ки фарзанди ин сарзамини бузург мебошам ва аз мухити табиати зебои он, куху дарьёхову даштхо ва шахрхои зебои он бахра мегирам. Боиси кайд аст, ки ман гузаштагони бузург дорам ва решахои эчодиети халки ман ба каъри асрхо рафта мерасад. Лекин сад афсус мехурам, ки кишваре ки таърихи бои мероси дорад, холо рохбари хакконии худро наёфтааст. Дуньё ба умед аст, мегуянд.

1 Kомментарий

  1. Ин зани сарвари Хитойро хам президенти мо дасташа капидаги, хам Путин «движения» кардаги, плед ба китфаш партофта.
    Си Цзинпина гуед охир занаша эхтиёт кунад ))

Напишите свой комментарий