Нусхабардорӣ бо шакли нодурусттарини он

Аз рӯзе, ки Тоҷикистони мо соҳибистиқлол шуд, нисбат ба давраи шӯравӣ бисёр пешравиҳо шуд, аммо сад афсӯс, ки нусхабардорӣ низ баъд аз соҳибистиқлол шудани Ватани мо боз аёнтар шуд, ки то ҳол – аллакай 23 сол мешавад, ки давом дораду, «мутахассисон»-и нави ба кор шурӯъкунанда таҷрибаи «устодон»-и худро пеша кардаистодаанду, ҳар як «мутахассис»-и нав ба он чизи нусхабардошташуда дигаргунӣ илова мекунад, бадтар мекунаду, беҳтар не.
Дар донишгоҳҳо якум сол нест, ки аллакай сару либоси тавсиявиро барои пӯшидан ба донишҷӯён МАҶБУР мекунанд, сару либосеро, ки аз Аврупо нусхабардорӣ шудааст, ҳол он ки дар худи давлатҳои Аврупо ҳолат чунин нест. «Галстук нест? Дар дарс шиштан мумкин не, ягон кас бинад маоши маро мебурад» – 90% устодони донишгоҳ, ки ба худи ман дарс додаанд бо ҳамин баҳона донишҷӯёнро аз синфхона берун мекарданд, 10% мондагӣ бошад ҳам барои дар дарс иштирок кардан иҷозат намедоданд ва болои он боз ғоиб мемонданд, агар «хирагӣ» карда аз синф набароӣ. Галстук нест, бо шими ҷинс, бо куртаи рангаш ғайрисафед, бо куртаи сафеди рахдор, бо каме ҳам бошад риши расида аз дарвозаи донишгоҳ даромадан МУМКИН НЕ ва дар дарс шиштан МУМКИН НЕ. Чаҳор сол маро аз сабаби ҳамин намуд маймунбозӣ аз дарсҳо ҳам берун кардаанд ва ба донишгоҳ даромадан ҳам намондаанд. Ин ҳолат ба нишонаҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мувофиқ нест, чунки ихтиёр мувофиқи сару либоси бурунмарзӣ, иҷроиши тавсия бо роҳи маҷбурӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандро барои дастрасӣ барои гирифтани таълим низ маҳдуд мекунанд. Оё дар донишгоҳ он, ки бо чи гуна сару либос донишҷӯ ба дарс меояд зарур аст, ё ин ки он донише, ки ӯ дорад ва онро мукаммал кардан мехоҳад? Дар чаҳор соле, ки дар донишгоҳ хондаам ба ҳамин савол як ҷавоби мувофиқ ёфтам, ки чунин аст: «Донишҷӯ инсон нест ва ҳар гуна бояд ҳаракат намуд, ки донишҷӯ инсон будани худро ба хотир низ наорад, ҳамчун лӯхтак бошад, ки одат кунад, ки онро идора мекунанд, бо сари хам тавсияҳоро маҷбурӣ иҷро кунад, дар бораи ҳуқуқи худ гап назанад». Доир ба он, ки дар мақола бисёр калимаи «тавсия» истифода шуд, далел дорам, ки дар донишгоҳи мо стенд буд, ки дар он расми донишҷӯ бо сару либос вобаста ба фаслҳои сол, дар як тараф расмҳои донишҷӯписар ва дар дигар тараф донишҷӯдухтар, сарлавҳаи стенд «Либосҳои Тавсиявии Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Пас аз кай боз дар давлати демократӣ тавсия маҷбурӣ будаст ва устод судя шудаст, ки қарор мебарорад, ки ба кӣ дар дарс иштирок кардан мумкин ва ба кӣ не? Ҳамаи ин маймунбозиҳо аз сабаби он аст, ки нусхабардорон ба таври «хитоӣ» нусхабардорӣ мекунанд, яъне аз намуди зоҳирӣ монанд, лекин дарун холӣ.
Доир ба сари хам мақоли халқи ҳаст, ки сари хамро табар намебурад, бале мумкин ки табар набурад, лекин бояд дар назар дошт, ки болои сари хам баромада шиштан осонтар аст ва сарро барои ҷои нишаст барои ҳар гуна беинсофҳо набояд хам кард, чунки барои дар болои худ нишастан танҳо чаҳорпоён монанди хару асп роҳ медиҳанд. ИНСОН будани худро набояд фаромӯш кард ва ҳоло таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон хондан ба пулро ба ҳаво партофтан баробар аст, чунки сатҳи дониши аксари устодон низ «хитоӣ» аст ва устодон бисёртар ба тарбия додан ҳаракат мекунанд, чунки дониш додан наметавонанд.

1 Kомментарий

  1. Агар медонистам, ки кистеду дар кучоед, барои худ бародарвор дастатонро фишурданро ифтихор медонистам!

    Саволхои хеле хуб гузоштаистодает ва умед дорам, ки чавобашро, ки дар асл дар руи об аст, зуд дарёфт менамоед!

    Панохатон ба Худо!

Напишите свой комментарий