Нолаи гудак

Лахзахое ки дар танхои бо андеша ру ба ру мешавам, гохо саволхое ба монанди «Чаро имруз аз рафтори хамида харф задан барои як тан фарзанд, дуст, еру бародар, хешу акрабо душвор ва ё виждонгудоз аст?» Ое дар асл рафтори хамида кохидааст ё назаре гирду атроф ин хислатхоро намебинад, ором намегузорад.

Чаро имруз мо дар рафтори ахлоки инсон, рострави, ростнияти, росткори, ростбиниро назар ба качрави, найранг, баднияти, разиливу риекори камтар мушохида мекунем. Аксаран агар чунин рафтори ночуяи одамонро ба руяшон андозем, дар чавоб бахона аз зиндаги мекунанд. Яъне «Э бародар хозир хамин хел накуни намешава».

Дар ин чавоб калимаи «имруз» чи маъно дорад? Наход ки ифодаи чунин маъноест, ки кадом Замоне бехтар буду, «имруз» айбдор аст, ки халки ман ба чинояткори даст мезанад.

Оре «имруз» ман хам мегирьям, ки халки ман, миллати ман ба чи холат афтодааст, ки барои «зинда мондан» ба чиноятхои ки ба гуфтан забон намегардад, даст мезананд.

Ман на аз он мегирьям, ки даргохи бисерихо сухт, на аз он ки фарсуда аст пираханам, ман мегирьям аз он ки ору номуси миллатамро гум карда истодаам,

Вактхои охир вобаста ба шароити вазнини иктисодию ичтимоии мардуме, ки дар чойхои дур аз маркази нохияхои худуди Точикистон зисту зиндагони мекунанд, ходисахои чинояткории азиме ба кайд гирифта шудааст. Ба ин холати вазнини хаети иктисодию ичтимоии мардуми кухистон, шахри Хоруги вилояти автономии бадахшони кухи мисол шуда метавонад. Мухити зисту зинадгонии оилахои ин маскан дар холати хеле паст, гуфтан мумкин аст, ки «зинда мондан» мебошад. Кием и зиеди мардум бекор аст. Ахоли асосан бо дарефт ва фуруши, чи тавре ки мегуянд «сангхои кухи» ки яке аз корхои пурмашаккат, диккат талаб ва камдаромад хисоб меебад, мебошад. Аз хамин сабаб 90 фоизи ахоли дар кашшоки зиндаги мекунанд.

Бо сабаби вазнин гардидани шароити зиндаги, руз то руз зиед гардидани сафи бекормондагон, мунтаззам баланд гардидани нарху навои хурок , дар байни ахоли аз тарафи гуруххои махсус ки рохи осони дарефт кардани маблаги зиедро ефтаанд, чиноят содир гардида истодааст.

Афсус ки дар ин чо масъалаи гудакони навзод меистад. Чиноятчиен гудакони навзодро, ки бо чандин орзую умед ба ин дунеи хасти меоянд, аз Ватан, бо максади фуруши онхо ба хоричиен , бароварда мешаванд.

Асосан ба ин кор, оилахои чавоне, ки ба ерии ичтимои мухточанд, омода сохта мешаванд. Чанде пеш аз ба дуне омадани гудаки   навзод,   бо максади кор кардан, ба шахрхои гуногуни Федерацияи Русия мераванд ва бо аъзоени гуруххои чинояткор дар чойхои муайян карда шуда во мехуранд. Сипае ба онхо шароити фарохами ба дуне омадани навзодро пешкаш менамоянд.

Аз маълумотхои дарефткардашуда, маълум мегардад, ки ба хар як гудаки навзод, вобаста аз саломатии у аз 15 то 20 хазор доллари Штатхои Муттахидаи Амрико до да мешавад. Маълум мегардад, ки зиеда аз 30 оилахои чавон (аз чумла оилаи камтаъмини Шомансуровхо , ки шаш фарзанд доранд) ки истикоматкунандагони шахри Хоруг мебошанд, ба ин чинояти азим даст задаанд. Оилахои номбурда холи хозир дар шахри Москав буда, мунтаззам бо фуруруши гудакони навзоди худ ба одамоне, ки фукарои ФР мебошанд, гуе фарзандони онхо ба миллати рус монанданд, машгуланд,

Пас аз фуруши чигарбанди худ , бо пулхои бо ин рох ба даст дароварда, бар ватани худ бармегарданд .

Гуфтан чоиз аст, ки вактхои охир дар шахри Душанбе, пойтахти Точикистон хам чунин чиноятхо ба кайд гирифта шудааст. Аз тарафи гуруххои чинояткор кудакон хамчун доннар, яъне хамчун манбаи органхои инсони истифода мегарданд. Бештар гудакони навзод ба киемхо чудо карда шуда, ба мичозони аврупои фурухта мешаванд.

Аммо ба ин нигох накарда ахоли дониста ба ин рох бахри «зинда мондан» меравад ва даст ба чиноят мезанад.

Пас аз дидану шунидани ин ходисахо дил ба фарьед меояд. Вакте ки мо мегуем сутуни давлати ман ин хар як фарди точик аст, шукухи миллати ман хар як марди точик аст, дар хамин чо суоле ба миен меояд кучост он марди точик, ки шукухи миллатро бардораду ба ин чиноят рох надихад.

Сад афсус ки имруз номи модарро, баъзе модарон ба монанди оилахои Мансуровхо ва Одиловхо, барои давлату симу зар, пеши пой кардаанд. Кани у номи фариштаи руи замин, ки худо модарро номидааст. Мехостам ки дар ана хамин лахзахо ба чунин модарон, «фариштахои руи замин» гирьяхои гудаки навзоди у ба гуш ояду, миерахои Лоик Шералиро ба ед биерад.

ДАРУНИ СИНАИ САРДАМ ДИЛИ САД ПОРА МЕГИРЬЯД

МИЕНИ ХОНАИ БЕ КУДАКАМ ГАВХОРА МЕГИРЬЯД.

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий