Модели аврупоии ҳалли мушкилот

Вақте ки ягон мушкилӣ ҳаст аввал ба фикри шахс меояд, ки чӣ тавр ин мушкилиро дур кунад, бале роҳи ҳалли мушкилиро мумкин аст, ки ин шахс дарёфт кунад, аммо танҳо он вақт мушикилӣ ба пуррагӣ нест мешавад, ки шахс натанҳо худи мушкилӣ, балки сабаби пайдошавии онро ёфта онро нест кунад.

Мувофиқи мушоҳидаҳои худ ба ақидае омадам, ки модели аврупоии ҳалли мушкилот танҳо аз қисми аввали сархати якум иборат аст, яъне мубориза на бо сабаби мушкилӣ, балки мубориза бо натиҷаҳое, мушкилӣ ба амал овардааст. Афсӯс, ки аз сабаби дар амалия татбиқи ин модел осон будан бисёр кишварҳо, чунин амал мекунанд ва сад афсӯс, ки кишвари мо низ аз ҳамин гурӯҳ мамлакатҳо дохил шудаистодааст.

Акнун сабабҳои ба чунин хулоса омадаамро баён мекунам, дар аввал оиди галстук. Сабаби пайдоиши галстукро ба фикрам аксарият медонанд ва боз такрор мекунам, ки он дар Фаронса пайдо шудааст ва мақсади пайдоиши он ин пинҳон кардани чирки гиребони курта мебошад. Мушкили чирк? Бале. Галстукро карданд ва гиребон ба гардан часпида чиркро пинҳон кард? Бале. Аммо сабаб нест нашуд. Ҳарчанд худро тоза нигоҳ доранд чирк пайдо намешавад. Далели дигар аз соҳаи тиб: Тибби аврупо чунин буд, ки пой захмӣ шавад, онро мебуриданд, бемории рӯҳонӣ бошад сарашро бо парма сӯрох мекарданд. Оиди охирон боз илова карданиям, ки ин усул дар аввал номи «лейкотомия» гирифтааст, ки шахси онро «кашф» карда, духтури Португалиягӣ Эшаг Мониш мебошад. Барои ин кашфиёташ ӯ соҳиби ҷоизаи Нобел шудааст, ки дар натиҷаи иҷро кардани чунин амал, бемор тамоми ҳиссиёташро гум мекунад ва монанди растанӣ мешавад, боз диагнози якумраи «синдроми қисми пешонӣ» ба бемор гузошта мешавад. Бо СПИД солҳои сол натанҳо мамлакатҳои Аврупо, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бурдаистодааст, аммо натиҷа то ҳол нест, чунки мубориза бо беморӣ на бо сабаби пайдоиши он рафтаистодааст.

Сиёсат: оиди «Шарли Эбдо», ки дар дохили он чанд нафар коргашро ба қатл расониданд, тамоми воситаҳои ахбори омма мардумро хабардор карданд. Ва барои намоиши он, ки сарони давлатҳои Аврупо чунин ғами халқро мехӯранд ба митинг баромаданд. Боз бо натиҷа мубориза бурдан мехоҳанд, аммо бо сабаб не! Мехоҳанд, ки онҳо чӣ коре, ки кунанд дигарҳо танҳо аҳсан гӯянд. Сабаби ҳамон воқеа новобаста гуноҳи сарвари ҳамон Фаронса аст. Чаро? Барои он ки ӯ метавонист кӯшиш намояд, ки ин воқеа рух надиҳад – танҳо як фармон, як фармоне, ки фаъолияти ин нашрияро дар соҳаи паст задани дини мубини Ислом қатъ мекард.

Дар охир ба сиёсатмадорон ва ҳукуматдорони кишвари азизам – Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтаниям, ки халқи тоҷик бе ҳамон системаҳои аврупоӣ давлатҳои мустаҳкам ва пойдор монанди Сомониён дошт, бе ҳамон галстукҳо олимон, шоирон, нависандагон ва дигар шахсони маъруфу машҳури олам монанди Имоми Аъзам, Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯали ибни Сино, Абӯрайҳон Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарҳо, ки худ барои ин рӯйхатро пурра кардан чандин саҳифаҳо лозим аст, дар таърих номи худ ва корҳои илмии худро мерос гузоштаанд (ва аксҳояшонро ба хотир биёред ҳамаи онҳо ришдор буданд ва террорист набуданд). Пас мебояд аз аҷдодони худ ибрат гирем, системае, ки дар давлати Сомониён буд, танҳо аз сабаби ҷангҳо коҳиш ёфт, аммо дар давраи тинҷу ороми мо, ки шукри Худо дар чунин давраҳо зиндагӣ дорем, он система натиҷаҳои назаррас нишон додан метавонад. Оиди илм бошад, он ҳаҷм маълумоте, ки дар Абӯали ибни Сино дар синни ҳафтсолагӣ медонист, ки дар ҳамон синну сол аллакай ҳофизи Қуръон буд, олимони Аврупо то охири ҳаёт чунин миқдор маълумотро аз карда набуданд.

Илоҳо Тоҷикистони азиз пойдор бошӣ.

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий