Милисаҳои Хуҷанд ришамро маҷбурӣ тарошиданд. Муроҷиати кушод

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Ба Вазири корҳои дохилии ҶТ
Рамазони Раҳим

Ба Прокурори генералии ҶТ
Рахмонов Юсуф Ахмедович

Аз истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд
Гулов Рустам

ШИКОЯТ

Дар баробари навиштани шикояти мазкур, ба маълумоти Шумо ҳолати воқеаро мерасонам.

Имрӯз, санаи 2 апрели соли 2015 ман дар мавзеи бозори «Панҷшанбе» тахминан соати 17:15 бо ҳамроҳии шиносам тарафи истгоҳ барои нишастан ба маршрутка рафтаистода будем, ки наздикии гузаргохи зеризаминӣ 3 (се) нафар бо либоси шаҳрвандӣ маро ба наздашон ҷеғ заданд. Яке аз онҳо даст дароз карда, салом кард ва бе шинос намудани худ яку якбора аз ман ки буданамро пурсид. Ман ба шубҳа омадам ва барои муайян намудани он ки, бо кадом мақсад бо ман шинос шуданиянд, пурсидам, ки худи онҳо кистанд. Дар ҷавоб нафари дар тарафи дасти чапи ман истода шаҳодатномаи хизматии корманди милисаро нишон дод, ки дар он ному насаби ӯ – Саидов Сиёвуш навишта шуда буд. Нафари аз ҷониби рости ман истода низ ҳуҷҷати худро нишон дод, ки дар он ман танҳо номи ӯро дида тавонистам, ки Хусрав буд. Барои дидани насабаш имконият набуд, чунки яку якбора ҳуҷҷаташро кашида гирифт. Шахси сеюм умуман худро шинос накард.

Либоси шахрвандии онхоро дида, ман савол додам, ки милиса бошанд, пас барои чӣ либоси милисагӣ надоранд. «Мо оперативникем, мода шарт нест либоси милисагӣ пушидан» гуфтанд онхо ва яку якбора «Сабаби ришдорит дар чиай? Барои чӣ риш мондагии?» гуфта, аз ман савол карданд. Гуфтам, ки ин кори шахсии ман аст – хостам, мондам. Дар ин маврид онҳо асабонӣ шуда, аз дастам кашида бурдани шуданд. Гуфтам, ки ҳеч куҷо намеравам, чунки ҳуқуқи маро ягон ҷо бурдан надоранд. «Барои муайян кардани шахсият мебарем. Дакор бошад боз 15 сутаки дигар махкам ҳам мекунем!» гуфтанд. Дарҳол шиносномаи худро бароварда, ба онҳо нишон додам ва гуфтам, ки мувофиқи он шахсиятамро муайян кардан мумкин аст. Дар ҳамин вақт Хусрав бо дағалӣ шиносномаи маро аз дастам кашида гирифта, маро низ кашидаву дигараш аз пас тела дода, ба сӯи роҳи мошин бурдан гирифтанд. Бори дигар ба онхо гуфтам, ки сабаби қонунии маро ба ягон ҷо бурдан надоранд ва ман бе адвокатам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ба ҳамроҳам телефонамро дода, таъкид намудам, ки ба адвокат занг зада гӯяд, ки ин нафарон ғайриқонуни маро ба куҷое бурданиянд, чунки ягон сабаби дастгир намудани маро надоштанд. Ба онҳо гуфтам, ки адвокатамро интизор шавем, аммо ҷавоб доданд, ки ба «отдел» биёяд адвокатат ва «Ту бо ин роҳ ба мо муқовимат ҳангоми дастгиркунӣ нишон додаистодаи – барои ин ҷавобгарӣ ҳаст» гуфта, маҷбуран ду нафари дар боло номбурда маро ба мошини сабукрав, ки нафари сеюмашон Саидов Сиёвуш ронда ба назди роҳ овард, шинонданд. Дар тамоми роҳ ман ба онхо кӯшиш менамудам фаҳмонам, ки ин корашон ғайриқонунӣ аст ва барои ин ҷавобгарӣ ҳаст. Мегуфтам, ки ҳатман аз болои ин амалҳояшон шикоят мекунам ва ба ин раванд хабарнигоронро низ огоҳ месозам. Дар ҷавоб бошад, танхо таҳқир мекарданд, ки «хабар кашидан гир» ва бо писханд «ҳамин журналисто чӣ кор мекунанд? Менависанд? Навистан гиранд! Ҳеҷ кор карда наметавонанд!» мегуфтанд.

Дар баробари ин боз кӣ будану дар куҷо зистанамро мепурсиданд. Ба шимам нигоҳ карда, Хусрав «бо бурукчаҳои калта мепуши – салафӣ набошӣ?!» гӯён тамасхур мекард, ҳарчанд дарозии шими худаш аз шими ман калтатар буд ва чандин маротиба тела дод. Саидов Сиёвуш бошад, дар вақти ба саҳни ҳавлии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд даровардани мошин савол дод, ки намоз мехонам ё не, дар кадом мазхаб ҳастам. Гуфтам, ки мехонам ва дар мазхаби Ҳанафӣ мебошам. Аз чӣ бошад, ки савол дод, ки «Мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ ҳамин шаҳидӣ дурустай?». Гуфтам «Намедонам, ман намози худамро мехонаму ба дигарон кор надорам», чунки аён буд, ки ин саволҳои провокатсионӣ бо мақсади аз ман шунидани калимаву суханҳое буд, ки дар асоси он тавонанд маро ба ягон ҷавобгарии ҷиддӣ кашанд. «Не, нодурустай! Ту чӣ хел намозхони, ки саводи динии кофӣ надорӣ?!» гуфта, ҳамаашон аз мошин баромаданд ва маро низ гуфтанд бароям.

Ҳамин тариқ маро ин 3 (се) нафар ба дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дароварданд. Ҳангоми даромадан ба тарафи дасти чап гашта, ба утоқи корие, ки дар он ҷо дастгоҳи гирифтани изи даст (дактилоскопия) буд, дароварданд. Мувофиқи маълумоти шиносномавиам кадом як коғазро пур карда, изи панҷаи даст ва ангуштонамро гирифтанд. Инчунин аксамро низ гирифтанд. Ҳангоми гирифтани изи панҷаи даст ва ангуштон ба вақте, ки дар соати компютер буд аҳамият додам – соат вақти 17:31-ро нишон медод. Ҳамаи ин вақт он нафаре, ки худро ҳамчун Хусрав ном гирифт ва Саидов Сиёвуш дар утоқ буданд. Нафари сеюми онҳо, ки ҳарчанд ман мепурсидам, ки кисту чӣ ном дорад, номашро намегуфт, пеш аз баромадан аз ин утоқ «Баред ина як фасон кунед» гуфт ва он ду нафар – Хусрав ва Саидов Сиёвуш, — маро ба дигар утоқ, ки дар назди ҳамин утоқ ҷойгир буд, бурданд. Аз калимаҳое, ки дар ин дар навишта шуда буд ва баннери калон дар девори тарафи дасти рости он мавчуд буд, фахмидам, ки ин хонаи яроқнигохдорӣ буд. Дар тарафи дасти рост, дар кунҷи ин хона миқдори зиёди мӯйҳои тарошидашуда, як курсии дар болояш оиначаи хурд, латтаи ифлоси мӯйолуда ва мошинкаи мӯйтарошии электрикӣ ҷойгир буданд. Аз миқдори мӯйҳое, ки дар он кунҷи хона буданд, ман тахмин карда метавонам, ки пеш аз ман тахминан 200-250 нафарро онҳо аллакай дар ин хонача ришашонро тарошидаанд. Чандин маротиба пеш аз ин дар вақти дар мошин ба Шӯъба омадан, дар дохили ҳуҷраи корие, ки маро ба қайд мегирифтанд ва изи дастамро мегирифтанд ва инчунин дар дохили ин хонача пурсон шудам, ки ба хамаи ин корхояшон ягон асоси қонунӣ доранд? «Ҳаст» мегуфтанд ва вақте, ки нишон диҳед гуфта пурсам, асабонӣ шуда, мегуфтанд, ки «Бисёр қонундонӣ накун!». Ҳамаи рафтори қабеҳ асосан аз ҷониби Хусрав буд.

Пас аз ин ӯ маро тела дода, «Худат ришата мегирӣ ё худам мегирам?» гуфт. Ҷавоб додам, ки риш гирифтану нагирифтани ман – кори шахсии ман аст ва намегирам ришамро. Ӯ асабонӣ шуда, маро тела дода, ба курсӣ бо ёрии он нафари сеюмашон, ки худро шинос накард, маҷбуран шинонд. Дар ҳамаи ин ҳодиса инчунин боз якчанд нафарони дигар иштирок доштанд ва ин се нафар маҷбуран маро дошта, сарамро маҳкам нигоҳ медоштанд ва Хусрав бо мошинка ришамро дағалона бо таҳқиру ҳақорат метарошид.

Ҳангоми аз Шӯъба бароварда гусел кардан, якчанд нафарони дигар низ аз корманди милиса ҳузур доштанд. Ман ба онҳо бори дигар таъкид мекардам, ки албатта аз болои ин амалашон шикоят мекунам. «Рав куҷое шикоят мекунӣ, кун!» мегуфтанд, масхараомез «Боз ин Рахматшоевич будаст» гуфт нафаре аз онхо бо либоси милисагӣ бо рутбаи подполковник ва шеваи мардуми Бадахшон*, ки дар назар шеваи помирӣ доштани номи падарамро дошт. «Хавотир нашавед, ҳамшаҳрӣ нестем», — гуфтам. «Ҳамшаҳриҳои ман ранги ту петух нестанд» таҳқир намуд дар ҷавоб подполковник. Ҳамин вақт боз як нафари ришдорро аз берун 3-4 нафар оварданд. Ин милисаҳое, ки назди ман буданд, «ана нигоҳ кун, як худатро наовардем – ина ҳам ришаша метарошем» гӯён масхараомез ба ман муроҷиат намуданд. Ҷавоб додам, ки ин корҳо ҳамааш ғайриқонунӣ аст – ҳеҷ кас ҳуқуқи риши ин мардро гирифтан надорад. «Боз ту ба дигаро гап ёд метӣ?!» гуфтанд ва он нафари бо рутбаи подполковникӣ наздам омада, «Даркор шавад гоида-гоида оварда, ришошона метарошем» гуфт.

То ин маврид ду нафар шахси қадбаланд низ назди тирезачаи навбатдори шӯъба (рутбааш майор), ки мо дар он ҷо будем, омада, аз ҳолати кор хабардор шуданд. «Ту магар зидди сиёсати давлатии?!», — савол дод якеаш. «Сиёсати давлат ба риши ман чӣ дахл дорад?!» гуям, «Ҳамин сиёсат аст – риш монданд мумкин нест!» гуфт ӯ. «Инҳо муфаттишанд» — қайд намуд подполковник.

Аз тамоми рафтори дағалона, таҳқиромез ва ғайриқонунии ҳамаи онҳо ба хулоса омадам, ки ҳоҷати бо онҳо дар он ҷо баҳс кардан нест, чунки аз ҳуқуқи худ истифода бурда, муроҷиат карданамро гӯям, «буз»-у «петух» гуфта, таҳқир мекарданд, «Канӣ адвокатат?!» мегуфт яке аз онҳо, «Э, биёяд ҳам ба ин дарун роҳ наметеямаш!», мегуфт дигараш.

Ҳамин тариқ, навбатдор низ бо суханони дағалона, аз ман ҷои зистро пурсида, маро ба кайд гирифт ва аз Шӯъба ҷавоб доданд. Ҳангоми баромадан дидам, ки дар ҳақиқат адвокат Дилшод Ҷӯраев, ки бо хоҳиши ман ҳамроҳам бо телефон ҷеғ зада буд, дар назди дарвозаи даромадгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилӣ маро интизор буд ва гуфт, ки ӯро ба дохил иҷозати даромадан надоданд.

Пас аз баромадан ман ба телефони боварии ВКД бо раками (83422) 6 22 22 занг зада, ҳолати корро нақл кардам.

Бо баробари ин, аз ҳуқуқи худ истифода бурда, ба Шумо муроҷиат менамоям ва ин муроҷиати худро ба меъёрхои зерин асоснок менамоям:

Мувофики моддаи 26 Конститутцияи Чумхурии Точикистон, хар нафар хукук ба озодии вичдон ва эътикод дошта, метавонад меъёрхои динии худро риоя намояд. Новобаста аз сатхи дониши дини, хар мард бо хохиши худ хукуки риояи суннатхои диниро дора два ин бо Сарконун кафолат дода шудааст. Ин хукукро инчунин моддаи 18 Паймони байналхалки оид ба хукукхои шахрванди ва сиёси ба хар нафар кафолат додааст.

Дар ягон ҷои қонунгузории миллии Тоҷикистон ба милитсия ва ё ягон мақомоти дигари давлатӣ ҳуқуқи чунин рафтори ғайриодилона дода нашудааст. Ин амале, ки нисбати ман кормандони милитсия раво донистанд, пеш аз ҳама таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсонии ман аст.

Шояд, ки ин суханон ба тамоми мақомоти давлатӣ овози холӣ бошад, аммо Конститутсия ба ягон нафар корманди давлатӣ, аз ҷумла милитсия ҳуқуқи паст задани шаъну шарафи инсонро иҷозат намедиҳад. Милитсия имрӯз бо коре машғул шудаистодааст, ки ба таври мустақим вайрон намудани ҳуқуқи инсон аст.

Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки нисбати тамоми кормандони милитсия, ки ба ин амали ғайриқонунӣ даст задаанд, чораҳои қатъӣ дида шаванд. Хусусан, ин гуна нафароне, ки обрӯи милитсияи тоҷикро мерезонанд, аз вазифаҳои худ холӣ ва аз кор дар милитсия ба пуррагӣ ронда шаванд.

 

Бо эҳтиром,

Рустам Гулов

 

 

* Шеваи бадахшонӣ доштани он подполковникро ман танҳо бо мақсади осонтар кардани идентификатсия намуданаш қайд намудам.

6 комментариев

  1. Если подобная ситуация произошла с вами, Рустам, с борцом за права и свободу, который наизусть может перечислить все статьи международных правовых норм, то…не знаю чего и ожидать от других, как они над другими издеваются…

  2. Sharif

    Rustam salom
    Ya prochital tvoy post i u menya aj ruki tryasutsya ot zlosti!
    Urodi. Dumayu, chto nado privlekat mejdunarodnie mass-media k etomu. tut http://www.aaanet.org/cmtes/cfhr/Reporting-Human-Rights-Abuse.cfm napisano kak report-at sluchai takix narusheniy.
    I eshe smojem li mi Tajiki vivesti v top hash tag #stopshavingbeards v Twitter? Mojet takim obrazom smojem provlech mejdunarodnoe vnimanie???
    Takje est site: https://secure.avaaz.org/en/petition/start_a_petition_h silnaya vesh, no nujno, chtobi vse activno uchastvovali. Ya ponimayu tex, kto v RT, tam osobo ne razgulyaeshsya, no te, kto vne Tajikistana mogut etomu sposobstvovat. Etix urodov iznutri ostanovit v dannoe vremya nerealno.

    1. Рустам Гулов

      Некоторые международные организации уже заинтересовались.
      а на счет петиции на Авааз хорошая идея — спасибо. Правда, хочу немного подождать и посмотреть сами МВД примет решение или отпустит на самотек. Насколько я знаю, там уже какое-то движение идет по этим заявлениям.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *