Боз як самараи тўҳмати қирғизона

Чанд рўз қабл дар шабакаҳои интернет хабаре интишор ёфт, ки тибқи он Тоҷикистон ба шаҳрвандони Қирғизистон ба миқдори як миллион сом ҷубронпулӣ пардохт. Гап дар сари он, ки 7 майи соли 2014 дар марзи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон зиддият ба амал омада буд ва дар натиҷа шаҳрвандони Қирғизистон зарари моддӣ дидаанд. Дар ин хусус ба ожонсии хабаргузории Қирғиз (КирТАГ) намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон Жениш Разақов хабар додааст.

Ж.Разақов мегўяд: “Тоҷикистон ваъда додааст, ки 4,9 миллион сом ҷубронпулии зарари моддиеро, ки шаҳрвандони қирғиз дар асари мочарои наздисарҳадӣ бардоштаанд, пардохт кунад. Тибқи ҳисобу китоби мардуми маҳал миқдори талафот 9 миллион сомро ташкил мекунад, экспертҳои мустақил ин нишондодро 4,9 миллион сом муқаррар карданд. Алҳол Тоҷикистон 1 миллион сом пардохт кард ва ҳамчунин ба миқдори 250 ҳазор сом молҳои мухталиф супорид. Боқимондаи ҷубронпулй кай пардохт мешавад, ҳанўз маълум нест.

Бино ба хабари мазкур 7 майи соли 2014 дар ноҳияи Бодкон байни сокинони маҳалҳои наздисарҳадии ду давлат моҷаро сар зад. Дар роҳи автомобилгарди Бодкон-Исфана шаҳрвандони Тоҷикистон ба автомобили қирғиз санг партофтаанд. Дар хабар гуфта мешавад: ”Дар он якуним ҳазор нафар ҷамъ омаданд ва ҳамдигарро сангборон карданд”. Аҷибаш ин, ки тибқи хабари ҷониби Қирғизистон дар ин сангпартоиҳо (байни якуним ҳазор нафар!) фақат шаҳрвандони қирғиз зарар дидаанд. Хонандаи бофаросат, аз худи ҳамин хабар тўҳмати навбатии қирғизона будани ин иддао ва ба хотири муросо ҷубронпулй пардохтани ҷониби Тоҷикистонро хуб пай мебарад. Аммо, афсўс, ки аз муросои тоҷикона туҳмати қирғизона сол ба сол болу пари қавитар мегирад.

Зимни омӯзиши зиддиятҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хулосае омадем, ки ҷониби Қирғизистон нақшаи муттаҳамро ҳамеша хеле устокорона бозидааст ва басе бурд ҳам кардааст. Ба сифати далел ба ин иддао аз гузориши Набиюллоҳи Суннатӣ, журналисти тоҷик, ки баъди воқеайи хунин (дар Ворух), таҳти сарлавҳаи “ Найранги қирғизона ва соддагии тоҷикона” эълон шуд, чанд иқтибос меорем. Набиюллоҳ менависад:” Тибқи санадҳои аз соли 1974 то ба ин сӯ байни аҳолии Бодкону (аз забони тоҷикии кони бод, на Баткент) Исфара 9 бор муноқишаи талоши марз ба миён омадааст. Аҷибии кор дар ин аст, ки дар ин 9 талош ҳамеша ҷониби қирғизҳо пирӯз омадаанд…

…Талоши 11-январи соли ҷорӣ, ки бо тирпаррониву хунрезӣ анҷом ёфт, бори даҳҳум мешавад, ки қирғизҳо пирӯз мешаванд ва хостаҳояшонро ҷониби Тоҷикистон бе чуну чаро иҷро мекунад. Нахустин муноқишаи тоҷикон ва қирғизҳо ҳанӯз солҳои 1969-1974-и асри 20 дар марзи Исфараву Бодкон ба вуқӯъ пайваста буд.” Набиюллоҳи Суннатӣ бо ишора ба бемасъулиятии роҳбари ҳамонвақтаи Исфара Ваҳҳоб Воҳидов менависад: “ В.Воҳидов дар айни ин муноқишаҳо васияти Ленин “баробарӣ-бародариро”-ро пеши назар оварда бо дасти “муборак”-и худ ба санаде имзо гузошт, ки тақдири 252 ҳазор гектар заминҳои марзи Исфара ба харитаи Қирғизистон билкулл ва бебозгашт гузашт…”

Роҷеъ ба сабаби муноқишаи 11-январи соли ҷорӣ муаллифи мақолаи “Найранги қирғизона ва соддагиҳои тоҷикона” чунин менависад: “…марзбонони тоҷик монеи сохтмони роҳи Бодкон-Оқсой-Тамдиқ шуданд, ки қирғизҳо худсарона тариқи сарзамини Тоҷикистон онро сохтанӣ буданд. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, натиҷаи ин тирпарронӣ се захмии сарҳадбони тоҷик ва шаш захмии сарҳадбони қирғизро ба ҷо гузошт. Баъди ин тирпарронӣ як муддат сохтмони роҳи мазкур қатъ шуд…”

Набиюллоҳи Суннатӣ дар мақолааш бо такя ба хабари “Вечерный Бишкек” чунин менависад: “Ҷониби Тоҷикистон барои сохтмони роҳи Бодкон-Оқсой-Тамдиқ монеъ нест, — гуфтааст, нахустноиби сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов ва илова намудааст, — ман бо ҳамтои тоҷикам, (яъне Муродали Алимардон) дар ин бора ба санади якҷоя имзо гузоштем.”

“Меҳмони соҳибхонакуш”. Ҳеч намехоҳем ин ибораи тоҷикиро ба ҳамсояҳои қирғизамон нисбат диҳем. Аммо чӣ илоҷ, дӯстони ҳамсоя кори душман мекунанд. Як иқтибоси дигар аз мақолаи Набиюллоҳи Суннатӣ: “Агар ба таърих назар кунем, қирғизҳо қабл аз инқилоби Октябр ягон-ягон ба сифати чӯпони муздур ба тоҷикон хизмат мекарданд. Аз меҳрубонии бобоҳои мо қирғизҳо оҳиста-оҳиста оилаву хешовандони худро ба ин мавзеъ овардан мегиранд. Дар натиҷа бахше заминҳои корами васеъ ва кӯҳҳоро ҳукумати маҳаллӣ дар ивази қолину гӯсфанд ба онҳо мебахшанд. Натиҷаи чунин ҳадяву бахшишҳо буд, ки Бодкон, Самарқандак, Лолак ва садҳо гектар замин ба ҷониби қирғизҳо бебозгашт гузашт.

— То ба ҳол Қирғизистон даъвои аз они худ кардани деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло, Сурх ва Найманчаро дорад, ки хеле дар муносибати ҳамсоядорӣ бефарҳангона ва ноҷавонмардона баррасӣ мешавад.-мегӯяд сокини деҳаи Чоркӯҳ Шавкат Қаюмов…

Тоҷикистон ва Қирғизистон давоми 22 соли охир аз 976 километр марзи муштарак ҳамагӣ 504 километрро аломатгузорӣ кардаанд. Ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои марзиаш бо Тоҷикистон ба харитаи соли 1989 ва ҷониби Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунанд… Мушкили ҷониби қирғизҳо замоне сар зад, ки тақсимоти марзӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Ғончӣ оғоз гардид. Вақте сухан дар бораи ин қаламрав рафт, Қирғизистон қарори он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуда,тасмими комиссияи муштараки солҳои 1957-1959-ро, масъалаҳои истифодаи замин ва обёрии онро танзим намуда, ба манфиати ҷониби қирғиз аст, ҳамчун асос қарор дод. Масалан, деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар он обтақсимкунанда ҷойгир аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Имрӯз Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1957-1959 такя намуда, иддао мекунад, ки ноҳияи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад.

Бино ба маълумотҳои мавҷуда, дар охири солҳои 80 дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух 350 га замин ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ (бо имзои роҳбарони ҳамонвақтаи Тоҷикистон) дода шудааст. Ин заминҳо низ то ҳол баргардонида нашудаанд…

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий