Барои чӣ сӯм медиҳед? Барои симои сароянда ё худ сабти пешакии он.

Рӯзҳои истироҳат сайри Душанбе шаҳр менамояму назар ба рекломҳо (овезаҳо) менамоям. Консерти сароядаи машҳур «Фалони ..» дар филармонияи давлатӣ… ва ё дар кохи Ҷомӣ .. Шитобед! Чиптаҳо аз 20 то 100 сомонӣ . Лек ҳайронам мардум барои дидани симои сароянда сӯм медиҳанд ё худ барои суруди пешопеш сабт шуда?. Оё сарояндагони мо зинда суруд сароида метавонанд? Оё консерте, ки сурудҳояш  пешопеш сабт гардидаву, қариб бе асбобҳои мусиқӣ намоиш дода мешавад «Консерт» номидан мункин аст?

Беҳтар   он нест, ки оши наҳор раведу зинда ва ройгон шашмақом шунавед ва ҳаловат баред?

123

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий