«Армия ё маҳбас?» (Нигоҳе ба ҳоли фочиангези артиши Точикистон)

«Сар кафад — зери тоқй!» Ба назар чунин мерасад, ки фармонфармоёни артиши миллии Точикистон қатъан ва хеле бемаврид аз рўи ҳамин мақоли точикй амал карда, тамоми қобилият ва ҳунарашонро на паи баланд бардоштани салоҳияти касбй, қудрату тавоноии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, балки барои   хаспўш кардани чиноятҳои мухталифи аскарону афсарон, яъне зери тоқй пинҳон доштани сари кафида сафарбар кардаанд. Ва ин хаспўш карданҳо чиноятҳои нав ба нав, фочиаҳои хунборро ба дунбол меорад.

Бино ба баёноти прокурори ҳарбии гарнизони Қўрғонтеппа Алимардонзода Маҳмудалй Амрияздон 10-март, соати 9:45 ҳангоми навбатдорй байни аскарон Илҳом Бобоев ва Исломиддин Искандар зиддият ба амал меояд ва дар натича Илҳом Искандарро аз мусалсал (автомат) мепаронад. Тирхўрда вақти интиқол ба беморхонаи вилоят дар роҳ чон медиҳад. Марҳум Исломиддин Искандар як сол қабл аз Сарбанд ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда буд.

Агар ин фочиа нодир мебуд, худро тасаллй медодем: Хайр, байни ду чавони хунгарм ингуна воқеаи хунин рух додааст… Вале сад афсўс, ки зўроварй, қатлу ғорат, таҳқиру ҳақорат дар артиши миллии Точикистон як ҳодисаи маъмулй шудаасту пинҳон кардани он барои раҳбарони гуногунрутбаи артиш як одат.

Ҳарчанд дардовар аст, фақат ба хотири чалб кардани эътибори афкори умум ва ба инсоф даъват кардани соҳибрутбагони артиши точик якчанд фочиаҳоро хотиррасон мекунем: Соли гузашта фельдшери қисми ҳарбии 2026 Усмон Ғайратов аскари 23 сола Шаҳбол Мирзоевро ваҳшиёна мезанад ва гарданашро мешиканад. Аскари қисми ҳарбии 2857 (қушунҳои сарҳадии К Д Б М) Мақсуд Носиров баъди аз чониби «дедҳо» ваҳшиёна лагадкўб шуданаш дар ҳолати мадҳушй аз олам мегузарад. Аскари қатории қисми ҳарбии 2850 Акмал Давлатов бошад, дар асари зарбаҳои марговари сержант Фаррух Давлатов то беморхона нарасида чон додааст…

Асноду маълумоти мавчуда аз он гувоҳй медиҳанд, ки чинояткорй ва ҳодисаҳои номатлуб дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи Точикистон ба чои кам шудан ба шиддат меафзояд. Дар армияи точик онҳое ба роҳат “хизмат” мекунанд, ки қобилияти чинояткорй, яъне дуздидан, пул кор кардан, тарсондан ва чазо додани норозиён, бе ягон сабабу баҳона барои дилхушй таҳқир кардан ва азият додани аскарони «молодой» -ро дошта бошанд. Дар артиши точик чавонон ба чойи аз чиҳати чисмонй ва маънавй обутоб ёфтан, баръакс баъди адои хизмат чароҳатҳои шифонопазири чисмониву маънавиро ба мерос мебаранд. Ва афсўс, ки иллати ичтимоии ба истилоҳ (саҳеҳтараш жаргон) “Дедовщина” ба сифати одат, қонуни нонавишта аз насл ба насл мерос шуда мемонад.

Ба мақоли “сар кафад-зери тоқй” амал кардани ҳукумат ва роҳбарони баландрутбаи артиши Точикистон, яъне хизмати хирсонаи онҳо ҳолати кунунии армияи точикро то ба пастиҳои шармандагй расондааст. Вагарна оё мумкин буд, ки ворисони Рустами Достон — чаҳор нафар аскарони марзбони точикро “бандитҳои ришдор-“и Афғонистон бидузданд ва ду моҳ дар асорат нигоҳ доранд?

Коршиноси ҳарбии рус Борис Соколов чунин мегўяд: “Салоҳияти ҳарбии артиши Точикистон дар минтақа фақат аз армияи Қирғизистон бартарй дорад. Вай барои мустақилона бартараф кардани ягон таҳдиди чиддии дохилй ё хоричй қодир нест. Дар ҳолати ба вуқўъ пайвастани зиддияти густарда дар Осиёи Марказй ба армияи точик ба сифати як қувваи чиддии ҳарбй умед бастан мумкин нест”.

Коршиносони соҳаи артиш гарнизонҳои армияи Точикистонро ба маҳбас ва аскаронашро ба маҳбус қиёс мекунанд. Сабаб? Ба ин рақамҳо эътибор диҳед: Дар маҳбасхонаҳои Точикистон дар як камераи чаҳорнафара 10-нафар, дар армия дар бараке, барои 60 нафар гунчоиш дорад, 100 нафарро чой медиҳанд.

Дар бораи таъмини сару либос ва озуқаворй ҳочати гап ҳам нест. Бесабаб нест, ки аскарони точик бо амри командирҳояшон аз таҳти дил дар хочагиҳои фермериву сохтмонҳо мардикорй мекунанд. Албатта, ҳаққи заҳмати аскарони мардикорро ки ҳамарўза тақрибан 10 доллари Амрикоро ташкил мекунад, афсарони соҳибрутба ба кисса мезананд. Аскарони мардикор аз он хурсанданд, ки ҳадди ақал хўроки серй мехўранд ва аз таҳқиру лагадкўби “дед”-ҳо дуртар мегарданд.

Бино ба маълумотҳои мавчуда дар Точикистон барои дар наздикиҳои маҳҳалли зисташон хизмат кардани писаронашон волидайн ба комиссариатҳои ҳарбй аз 200 то 300 доллари Амрико “ҳаққи хизмат” медиҳанд, рухсатии кўтоҳмуддат аз 100 доллар кам нест, бо илаваи “тўҳфа” барои командирҳо ҳангоми бозгашт аз рухсатй. “Тўҳфа” иборат аз меваҳои хушк, гўшт ва… набояд аз 10 килограмм кам бошад, вагарна рўзи аскар сиёҳ мешавад.

Ҳолатҳои фирор кардан аз чойи хизмат, аз чониби волидайн бо ивази маблағҳои зиёд ба “хизмати ҳарбй ноқобил” кардани чавонон ва баъзан аз аскар шудан маргро афзал донистони чавонон беихтиёр ин пурсиши аламоварро пеш меорад: Дар Точикистон чавонон ба армия мераванд ё ба маҳбас?

Ба бартараф шудани вазъияти фочиазо дар артиши миллии Точикистон умед бастан душвор аст. Зеро, тибқи ақидаи коршиносони соҳа ин фочиаҳо ва хаспўш кардани онҳо тўли ҳукмронии чандинсолаи Эмомалй Раҳмон доман густардааст ва гумон меравад, ки президенти феълии Точикистон ва атрофиёнаш аз куллан бартараф кардани вазъияти мавчуда манфиатдор бошанд.

 

2 Комментарии

  1. Ман Бобожонов Музаффар бо Шумо рози нестам. Мо намояндагони ташкилоти чамъиятии «Дафтари озодии шахрванди» бо хамрохии намояндагони Ваколатдор оид ба хукуки инсон монитори 4 кисмхои харбиро гузаронедем. Аллбаттакамбуди хаст, лекин то ин дарача нест. Хисобот тайёр шавад, Шумо метавонед шинос шавед. Бо эхтиром Раиси иттифоки волидайни сарбозони вилояти Сугд Бобочонов М

  2. Дуруги махз хизмат дар сафи куввахои мусаллах вазифаи чонии хар як марди худогох мебошад. Ин гуфтахопо Сарконун низ талаб мекунад. Чавононро ба гумрохи набаред!!!!

Напишите свой комментарий